Раҷабалӣ Назаров, маъюби гурӯҳи 1-ум, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Вайсови н.Восеъ ба идора занг зада (тел: 918390318), гуфт, ки чанд моҳ пеш дар бораи амалҳои беинсофонаи раиси Ҷамъияти нобиноёни н.Восеъ ба газетаи мардумии СССР шикоят карда буд.
- Чанд моҳ пеш ба идораи газетаи мардумӣ занг зада, дар бораи заминфурӯшии раиси ҷамъияти нобиноёни н.Восеъ Қодир Усмонов шикоят кардам. Пас аз нашри арзи мо Прокуратураи н.Восеъ онро баррасӣ кард, аммо масъалаи заминфурӯшии Қодир Усмонов, норӯшан монд. Бо сабаби бемории қанд 1 поямро буриданд, вагарна худам ба Прокуратура рафта, шоҳидӣ медодам. Қодир Усмонов он замон ба Россия гурехта рафта буд, ҳоло баргаштааст.
Чанд рӯз пеш бошад Қодир Усмонов бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз суратҳисоби бонкии ҷамъият 5000 сомонӣ гирифта, аз худ кардааст. Мо мехостем аз ин маблағ истифода намуда, дар арафаи иди саиди Фитр ба чанд оилаи камбизоати ҷамъият кӯмак намоем, аммо пул нест. Ин болои сӯхта намакоб шуд!