ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон ва туҳфаи Рамазонӣ

  • Чоршанбе, Апр 26 2023

 

 

 - Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад, ки парҳезгорӣ кунед!

Сураи Бақара, 183, Қуръони Карим, саҳ-28.

Боре фикр кардаӣ, ки “пешиниёни шумо” гуфта, Худои мо киро дар назар дорад? Тамомии динҳоро, ки ҳамаашон рӯзаву тақвову намозу ибодати вежа доранд ва Худои Ягонаро мепарастанд. Пас, чӣ ҷои тардид, ки мусалмонон на танҳо бародари ҳам, ки бародари пайгирони дигар динҳои яккахудоӣ буда бошанд? Вале мулло-фанатҳои мо сари мо кулоҳ мегузоранд, ки на танҳо дигар адён, ки ҳатто худи мо...ун қадар мусалмон нестем, ки ҳастем ва барои мусалмони комил шудан бояд ҳамчун инҳо ба коми вандализму бесаводиву бефарҳангиву тоҷикситезии кулл ворид шавем. Ҳар нафаре инро мегӯяд, хонанда, бидон, ки душмани миллати тоҷик аст, адуи миллати мусалмон аст ва бар ӯ бовар макун. Рӯза бидор, намоз бихон, таровеҳ гузор, вале нафареро санги маломат мазан. Худо донотар аз мост ва войи муллое, ки фикр дорад, чунин нест. Рӯзаат қабул, тоатат писанд ва Рамазонат пирӯз бод, хонанда.

 

Воқеан ҳам дар бораи ҳамин Қуръони Карим, ки аз он эпиграф овардем. Он бо ҳуруфи сирилику арабӣ нашр шудааст. Матни ояҳо арабист, вале шарҳаш бо алифбои сирилики Тоҷикӣ. Беҳтарин китоб аст. Хонед. Пушаймон намешавед. Ва бовар накунед бар 3-4 муллои чалласавод, ки Қуръонро, ба вежа ташреҳу тавзеҳи онро, мегӯянд танҳо БОЯД бо ҳуруфи арабиасоси ниёкон хонду омӯхт. 200% рӯяшро сияҳ мекунад, касе чунин мегӯяд. Зеро муҳим хат ва алифбо нест. Муҳим маънӣ ва мантиқ аст, чӣ китоб аз осмон бошад ва ё чӣ аз замин рӯида...

 

Қуръони Карим (Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ) (ниг ба акс), ки бо теъдоди 10.000 нусха дар нашрияи “ЭР-граф”, дар ҳаҷми 640 саҳифа нашр шудааст, ТУҲФАИ Президенти ҶТ ба мардуми кишвар аст.

 

Ройгон!!! Дар ҷамъ ин Китоби муқаддас 3 бор ва бо тирожи 30000 нусха нашр, пахш ва эъто гардидааст, ки офаринашон бод!

 

Дар оғози китоб омада:

 

-Ин Мусҳафи Шариф Ҳадяи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Мардуми Тоҷикистон аст.

 

Қуръони мазкур хеле бо забони оммафаҳм ва содакардашуда пешкашат мегардад, хонандаи азиз, то ҳар нафар маъниву мантиқи Каломи Шарифро дарк кунад, пайхас созад, фаҳмад. Офарин бар масъулинаш:

 

Тарҷума ва тавзеҳот - Муҳаммадҷон Умаров (р.);

 

Муҳаррирони масъул: Саиднуриддин Шаҳобуддинов (р.) ва Файзулло Баротзода;

 

Ҳайати таҳририя: С.Абдуқодирзода, Ш. Абдуллоев, С.Давлатзода (раис), Ғ.Қодиров, С.Маҳмадуллоев, К.Олимов, М.Раҳимов

 

Муҳаррири техникӣ - Сӯҳроб Раҷабов

 

Тарроҳ - Фарҳод Раҳимов

 

Худо подоши хизмати ишонро бидиҳад. Мо Метавонем!

 

Ва аммо баъд 1 суоли одӣ аз хонандаи ҳамин сутур:

 

-Боз кадом Президентро медонед, ки барои аҳолии кишвараш Қуръонро дар моҳи шарифи Рамазон нашр ва ройгон ҳадя намуда бошад?

 

Сахт ба фикр нарав. ЯГОН кас ин корро дар ҳамин шабу рӯз накардааст! Оне, ки дар маросими ҳаҷҷ ба бархе Қуръон туҳфа мекунанд, ин бизнес аст. Барои дилгармист. Фарзи мисол, чун ба дигар кишваре сайёҳат карда бошӣ, хонанда, пас медонӣ, ки ун ҷоҳо низ туҳфае барои дилгармӣ ба ҳар турист мекунанд.

 

Вале Қуръонро ҳатто дар Хонаи Худо мефурӯшанд! Инро ҳар ҳоҷӣ медонад. Ва хуб ҳам мекунанд, зеро пули андаке нест ва низ касе харид, мехонад.

 

Биоед ба арифметикаи одӣ рӯ орем: Агар бигирем, ки нархи ҳамин китоб 200 сомонӣ бошад (бо ин сатҳу сифат ва шарҳу тарҷума даҳҳо бор қиматтар аст, ки арзон не), пас,

 

Х=30000х200

 

Х=6000000

 

6 млн сомонӣ!!! Скептикҳое ҳастанд, ки хоҳанд гуфт, “барои Президент ин маблағе нест!”. Ҳаст! Пули калон аст, ба вежа дар шароити кунунӣ, вале мардона бояд иқрор кард, ки чунин тӯҳфаро танҳо Мард ва он ҳам Марди Худотарс дар Рамазон карда метавонаду бас!!!

 

Роҷеъ ба ин додуситад шоир Давлат Сафар чӣ хуш гуфта:

 

Оинаи зиндагист, Қуръони Карим,

 

Дастур ба бандагист, Қуръони Карим.

 

Эмомалӣ аз рисолати хеш фузуд,

 

1 ҳадяи РАҲМОНИСТ Қуръони Карим!

 

Боре, бо 1 нафар баҳс кардам. Суҳбат сари ободкориҳои 1 вилояти баландкӯҳ мерафту ин дӯсти ман зодаи ҳамон ҷо буд ва мегуфт:

 

-Хайр, “обязанӣ” аст, бояд обод кунад!

 

Ба ӯ гуфтам ва ба ту ҳам мегӯям хонанда:

 

-Вазифаи Ҳукумат аз ҳисоби қарз, грант ва буҷҷа ободсозии хонаву дар, порку хиёбону кӯчаву боғу роғи ману ту нест! “Обязанности ҳукумат ва Президент” назорати давлат аст. Вале хеле Мард бояд буд, ки тамомии кунҷу канори кишварро бо 1 чашм биниву фарқ миёни ягон гӯшаи дурманзар нагузорӣ ва ҳамаро якҷиҳата ва якхел обод созӣ.

 

Назари ана ҳамон дӯсти маро аксарияти муллову фанатҳо доранд. Ва ҳатто 1 бор фикр намекунанд, ки “обязанности” Президент нест, ки фарзи мисол, ба ман Қуръон тӯҳфа кунад. Баракс, ин “обязанности” мани мусалмон аст, ки Қуръонро кофта, ёфта, харидорӣ карда, хонам то ба чоҳи муллои мутаассибе наафтам.

 

Ҳадяи Қуръон ин танҳо 1 амали хайр нест. Ин туҳфаи Рамазонии Президенти кишвар, агар аз сӯи мардум хондаву омӯхтаву корбаст шавад, метавонад ҷамъияти моро барои 100-солаҳо аз доми муллоҳои бесаводе чун Абдуҳаннон Усмонови толиб ва салафии кӯрсаводе, ки барои даъват бар вандализми фарҳангӣ 6 сол гирифт (шарҳаш дар саҳ.-11), наҷот бахшад. Ин силлие бар рӯи сияҳи муллоҳоест, ки ҳама ҷо ҷор мезананд, давлати мо зидди ислом ҳарб мекунад. Ин шаттае бар ҷои мулоими созмонҳои ҷангандози аврупоиву амрикоист, ки пайваста, давлати моро чун саркӯбгари дини мубини ислом мехоҳанд дар чашми ҷамъияти мо сиёҳ кунанд.

 

1 бор фикр кун, хонанда:

 

-Толибоне, ки дар моҳи шарифи Рамазон, дар Афғонистони исломӣ, хуни мусалмононро мерезанду генерал Акмал Амирро дар даҳаи мағфират куштанд, оё равиши исломӣ доранд ва ё давлати дунявии мо, ки дар Рамазон Қуръон ҳадя  мекунад?

 

-Салафиҳое, ки дар Рамазон бо мусалмонони хеш “ҷиҳод” доранд, магар мусалмонанд ва ё Ҳукумати ҶТ, ки бо имзои Президенташ ба мардум Қуръон туҳфа кард?

 

-Аврупое, ки калисову куништу дайр ва масоҷидро дар ақсои олам, бо шумули Украина валангор месозад, оё диндору худотарсу худопараст аст, ё кишвари кӯчаке, ки бар муъминин Китоби Худоро тақдим месозаду даҳҳо калисову серкову масҷидро номнавис ва ифтитоҳ мебахшад?

 

То-та! Вале шарми ин кишварҳо бод, ки боз омадаву дар кишвари мо мониторинги озодии дину диёнат мегузаронанд...

 

    Туҳфа беҳтарин хайр аст, ба вежа дар Рамазон. Вале агар ин туҳфа Қуръон бошад ва он ҳам Қуръони Карим бо тафсиру тавзеҳу тарҷумааш ба забони модарии инъомгиранда, аз беҳтарини ҳадяҳост.

 

Хонанда, Рамазон аст, биё мардона даст вардорем ва барои ин туҳфаи нодир, дуои сиҳҳату саломату баракати Сарвари боимони давлатамон – Эмомалӣ Раҳмонро дар ин моҳи Шарифи Қудсӣ кунем, бар ифтихораш каф ва бар даҳони бадбинонаш санг кӯбем:

 

Мо Метавонем!!!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter