ХАБАРИ ДОҒ

Баъди шом вориди осоишгоҳи замоне маъруфи «Сароб» шудем. Таблиғи буғи Родон, ки гуиё ҳомили 16 элементи химиявист, моро ба онҷо бурд. Вале кош намерафтем!!!

Аввал ин, ки буғ усулан родон нест ва ин дуруғи асрро бояд «Тоҷикстандарт» фош созад! Зеро дар буғи родони «Хоҷа оби гарм», ҳамагӣ 50 қадам болотар, тамоман дигар буғ ҷорист, ки ин ҳама элементҳоро дар худ дорад. Дар Сароб буғи одии ба масали маъруф «мокрый пар» асту бас. Вале чиркиниву ифлосии гармоба тарафи дигари масъала аст: сафолакҳо шикаста, аз чирк парсинбаста, катҳои чиркин, фаршу боми ифлос, буғхонаи тамоман ба ягон талабот ҷавобгунабуда ва ғ. ва ҳ. Бо 1 ҳукм-АНТИСАНИТАРИЯ!!!

Аз ҳама аҷибаш ин, ки меҳмонҳои хориҷиро бо чӣ сабабе, танҳо ба ин ҷо меоранд. Ҳол он ки «Хоҷа оби гарм» 2 сару гардан аз «Сароб» болост…

Хонанда ёд дорад, ки чанд сол пеш меҳмонони хориҷӣ дар барномаи ТВ УКРАИНА «Орел и Решка» тавассути ҳамин «Сароб» обрӯ ва имиҷи давлати моро резонда буданд. Вале он замон касе ба ин обрӯрезӣ аҳамият надод. Имрӯз чӣ?

Чаро бештари меҳмонони хориҷӣ ин ҷо фиристонида мешаванд? Фарзи мисол Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» 100 сару гардан аз «Сароб» болост. «Хоҷа оби гарм» ҳазорон бор беҳтар аст...

«Сароб» воқеан ҳам дар асри пор ва аввали асри 21 ба назар шик метофт, зеро дигар санаторияҳо ҳолати баде доштанд, вале имрӯз ин макон ба талаботи одитарин посухгӯ нест. Ва на танҳо барои хориҷиён, ки барои меҳмонони ватанӣ низ ҷавобгӯ нест! Шояд дар пасманзари манъи тафтишотҳо осоишгоҳҳо аз худ рафтаанд?  Ман пешниҳод дорам, «Тоҷикстандарт», СЭС, ниҳодҳои зирабт осоишгоҳҳои давлативу хусусиро, бо шумули «Сароб» ҳатмани ҳатман тафтиш кунанд!

М. Мубориз

махсус барои СССР

Аз редаксия: Вақте мақола омода мешуд, ҳолдонҳо ба СССР  гуфтанд, ки «Сароб» бояд давлатӣ шавад ва ба амволи Дирексияи сохтмони назди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ бозгардад. Дар зимн, онро, яъне Саробро нархгузорӣ кардаанд-22 млн сомонӣ. Нархе, ки ҳич ба ҳақиқат посухгӯ нест. Вале чун ин пул набудааст, ба соҳиби осоишгоҳ 8 сол вақт додаанд, ки «ин маблағро кор кунад». Зимнан, соҳибони Сароб барои ободии осоишгоҳ хиштеро рӯи хиште нагузошта, танҳо дар фикри рӯёнидани маблағи нархномааш шудаанд. Хеле аҷиб аст, ки кадом масъул ин корро карда бошад? Охир, баъди 8 сол аз ин осоишгоҳ ЯГОН ободӣ боқӣ нахоҳад монд. Ба фикри мо бояд Сароб аз нав нархбандӣ шавад ва оҷилан ба давлат бозгардад. Дар сурати акс, ин осоишгоҳ куллан валангор хоҳад шуд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter