ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Фархор рав!

  • Чоршанбе, Апр 26 2023

14.04.2023. Соат бо вақти Душанбе 15:05 дақиқа. Бо нияти сафар ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо ҳамкорам А.Собир ба мавзеи Автосентр – Маркази ташхиси нақлиёт омадем. Таксиҳои мусофиркаши самти Кӯлобу Фархору Ҳамадонӣ ва Муъминобод маҳз аз ҳамин нуқта сафар мекардаанд. Ҳол он, ки аз рӯи тартиби муайяншудаи шаҳрдорӣ тамомии воситаҳои нақлиёти мусофиркашӣ ба самти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт бояд аз терминали «Озод транс» равуо намоянд. Вале ронандаҳо мегӯянд, ин ҷо асосан барои мизоҷон қулай аст – бозорҳои калонтарини хӯрокаву пӯшока наздик ва расидан ба ин нуқта, назар ба терминали «Озод транс» хубтар. Ба ронандаи мо беш аз 1 соат лозим шуд, ки 2 мусофири дигар бигираду мо ба роҳ бароем. Роҳкиро аз пойтахт то маркази н.Фархор 70 сомонӣ барои 1 нафар буд. Соати 16:00 дақиқа билохира мо ба роҳ баромадем. Соати 19:20 дақиқа ба ноҳияи мазкур расида, дар меҳмонхонаи шафати бинои МИҲД н.Фархор ҷой гирифтем.

 

Бунёди 50 га боғи хуч дар мавзеи Кокул

15.04.2023. Соат бо вақти Фархор 08:45 дақиқа. Бо Насрулло Вализода, муовини раиси н.Фархор ба самти мавзеи Кокул равон шудем. Бояд гуфт, ки мавзеи Кокул минтақаи наздимарзӣ бо кишвари ҳамсоя – Афғонистон буда, он аз маркази ноҳия дар масофаи 48 км ҷойгир аст. Роҳ сӯи Кокул хеле тӯлонӣ ва пур аз чангу хок асту на ҳар кас ба қавле дилу гурда дорад, ки то Кокул биравад, вале новобаста аз ин мо рафтем. Роҳ, аниқтараш бероҳӣ расо 1,5 – 2 соатро дар бар гирифт. Лозим ба таъкид аст, ки гурӯҳи эҷодии газетаи СССР нахустин шуда, аз байни намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ин мавзеъ дидан кард. Мо метавонем!

То ба сари қудрат омадани режими Толибон тавассути бандари Кокул ва баржаҳо ба Афғонистон аз Тоҷикистон сементу чӯбу тахта ва намак содирот мекарданд. Ҳоло ин гузаргоҳ баста аст, мисли лоиҳаи бунёди пул дар ин масир, ки пас аз иваз шудани режим дар кишвари ҳамсоя ях баст.

Рафтани мо ба ин ҷо сабаб дошт, дар ин мавзеи дуртарини кишвар - мавзеи Кокули Ҷамоати деҳоти Хутани н.Фархор дар масоҳати 50 гектар замин чанде пеш боғи хуч – шиповник бунёд гардид. Ин кор бо дастгирии роҳбари муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, Абдулмуъмин Ятимов ва МИҲД н.Фархор амалӣ шуд. Абдулмуъмин Ятимов кист ва бо чи кор машғул аст, мо поёнтар муфассал хоҳем гуфт.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки расо 2 ҳафта пеш аз сафари мо сурат гирифт, раиси н.Фархор Зариф Назирӣ иштирок намуда, барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани истеҳсоли хуч, ба масъулин ва кишоварзони ноҳия дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Дар ин бора ба мо деҳқононе, ки имрӯз дар боғ ба шикастани сафолакҳои гирди ниҳолҳо машғул буданд, итиллоъ доданд.

Тавре Насрулло Вализода мегӯяд, хуч ниҳоли бенозунуз, яъне ба гуфти мардум беор буда, ба шароиту иқлим мутобиқат мекунад. Заминҳое, ки дар он боғи хуч бунёд карда шуд, бо сабаби беобӣ аз кишт монда буданд, вале ҳоло бо бунёди боғи нав, дар ин мавзеъ тавассути нассосҳои нави обкашӣ об низ оварда мешавад, корҳо дар ин самт аллакай оғоз шудаанд. То омадани оби калон бошад, ҷангалбонон ба ниҳолҳои навбарг бо роҳи обкашонӣ қатрагӣ об дода истодаанд.

Агар ниҳолҳои хуч хуб нашъунамо ёфта, об ҳам расад, пас аз 2-3 соли оянда ин боғ ҳатман самараи хуб хоҳад дод.

 

Хоҷагидор, ҷангалбон ва сахӣ

15.04.2023. Соат бо вақти Фархор 13:30 дақиқа. Аз мавзеи Кокул ба маркази ноҳия баргашта, сӯи хоҷагии деҳқонӣ, аниқтараш хоҷагии чорвопарварии «Рахш», ки раҳбараш Абдулмуъмин Ятимов аст, роҳ пеш гирифтем. Ин хоҷагӣ калонтарин хоҷагии ноҳия ба шумор рафта, Абдулмуъмин Ятимов ҳанӯз 20 сол пеш тавонистааст колхози замони советиро аз нобудӣ ва барҳамхӯрӣ нигоҳ дошта, дар асоси он 1 хоҷагии чорвопарварии муосир бисозад.

Хоҷагии чорвопарварии «Рахш» шояд имрӯз дар минтақаи Кӯлоб калонтарин хоҷагӣ бошад, ки беш аз 200 га замини кишоварзӣ ва зиёда аз 500 сар моли зотӣ дорад. Абдулмуъмин Ятимовро дар сари замин ҳангоми дарави алаф дарёфтем, ки худ ба кори деҳқонон раҳбарӣ мекард. Ӯ бо хушнудӣ моро пешвоз гирифта, пасон фермаи худро нишон дод. Дар баробари парвариши чорвою киштукор, мавсуф ба мурғпарварӣ ва парвариши лимӯ низ машғул аст ва мегӯяд, ки агар бо замин оқилона рафтор кунӣ, метавонӣ соле то 4 маротиба ҳосил бигирӣ.

Мардуми Фархор Абдулмуъмин Ятимовро ҳамчун ҷавонмарди ободкору хайрхоҳ мешиносанд. Агар дар хоҷагии деҳқонии мавсуф наздик ба 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин бошанд, ӯ пешопеши ҳар иду айём ба садҳо оилаи ниёзманди ноҳия кӯмаки пуливу ғизоӣ карда, дар ободонии деҳаву маҳал низ саҳмгузор аст. Вақте мо дар фермааш гаштугузор мекардем, шогирдаш Аслиддин Иброҳимов мошини худро пур карда, ин навбат ба 40 хонавода кӯмаки хӯрока бурд – тақсимот низ аҷиб аст, дарвозаро мекушоянду хӯрокаро мегузоранду мераванд.

Саҳми Абдулмуъмин Ятимов ва хонаводаи онҳо дар ободгардонии ҷамоати деҳоти Ориён хеле назаррас аст. Маҳз бо ибтикор ва ташаббуси бародарон Ятимовҳо дар ин ҷамоат Қасри фарҳанг, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳамто надорад, мактабҳои замонавӣ, биноҳои маъмурию маишӣ ва ҳатто маркази тиббии олмонӣ бунёд ёфта, имрӯз дар хизмати мардуми Фархоранд. Роҳҳо ҳамвору кӯчаҳо чароғону об то дари хонаи сокинон. Абдулмуъмин Ятимов ният дорад дар деҳае, ки ба хоҷагии деҳқониаш наздик аст, 1 бунгоҳи нави тиббӣ ва мактаби ибтидоӣ бисозад. Барои мо муҳимтар аз ҳама он буд, ки ин ҷавонмард тавонистааст бо таъсиси хоҷагии деҳқонии муосир дар заминаи колхози советӣ онро нигоҳ дорад.

 

$ 25 млн барои об ва захираҳои он

Тавре дар суҳбат Вализода Зариф Назирӣ, раиси н.Фархор таъкид дошт, бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур бунёд, азнавсозӣ ва таъмири 400 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

   - Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмону навсозии 400 адад бинову иншоот ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла соли 2022 - сохтмону навсозии 80 адад иншоотро анҷом додем. Соли 2023 - сохтмони 75 адад, соли 2024 - сохтмони 81 адад, соли 2025 59 адад ва соли 2026 сохтмони 106 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 41 адад ба шаҳраки Фархор, 38 адад ба деҳоти Фархор, 43 адад ба деҳоти Ватан, 44 адад ба деҳоти Хуросон, 45 адад ба деҳоти Зафар, 43 адад ба деҳоти Деҳқонобод, 40 адад ба деҳоти Гулшан, 21 адад ба деҳоти Дарқад, 52 адад ба деҳоти Истиқлол ва 34 адад ба деҳоти Хутан рост меояд, гуфт раис.

Бино ба итиллои Вализода Зариф Назирӣ, тибқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ», барои азнавсозӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашонии ноҳия, ки тавассути онҳо бевосита заминҳои кишоварзӣ обёрӣ мегарданд, $25 млн ҷудо гашта, тамомии пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз таъмир бароварда шудаанд. Заминҳои кишт дигар мушкили дастрасӣ ба об надоранд, танҳо дар баъзе қисматҳо тоза кардани заҳбурҳо мондааст, ки он ҳам бо навбат анҷом дода мешавад. Лоиҳа аллакай амалӣ шуда, мушкилоти дастрасӣ ба об ҳам аз байн хоҳад рафт.

 

Роҳ ….

Тавре ба мо дар МИҲД н.Фархор хабар доданд, танҳо дар соли 2022 бо мусоидати ҳукумати маҳаллӣ, ҷалби соҳибкорону шахсони хайрҳоҳ ва сокинон беш аз 15 км роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гаштанд. Имсол ҳам ин кор идома дорад ва нақшаи таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ 2 баробар афзудааст.  

Оне, ки мардум хеле зиёд аз бад будани вазъи роҳи Фархор – Панҷ шикоят мекунанд, бояд гуфт, ки тибқи лоиҳаи бузурги байнидавлатӣ роҳҳои автомобилгарди Гулистон – Фархор ва Фархор – Панҷ низ дар ояндаи наздик таъмиру таҷдид мешаванд.

 

Ҷамила Ҳусейнова,

Суратгир А.Собир

СССР, Душанбе – Фархор - Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter