Хуни худро гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор!!!
Ҷамъияти имрӯзаро, худи ҳамин рӯз, ана ҳамин соату дақиқаҳо,1 моҷаро ба изтироб ва хашму ғазаб овардааст; наворе, ки бо лату кӯби сарбозони навдаъват аз сӯи бузургсолорон ё худ «дедҳо» дар қисмати низомие (ниг. ба акс). Ҳама инҳоро маҳкуму унҳоро дилсӯзӣ доранд.
Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, назари ман куллан мутафовити назари аксарият аст. Зимнан манро низ ин навор ба хашму ғазаб овард. Вале ман нисбат ба ҳамон наваскарон хашм кардам:
- О, наход ҷавонмард шуда, бо амри кадом сарбози бигзор «деду черпаку борзий» ва Рустами Замони рота, бари рӯятро пуф карда, бардамӣ, то бар фукат 1 ҷавонмарди дигар бо мушт занад? Ё телпакатро бигирӣ, ки бо чӯбе бар фарқи сарат кӯбанд? Ё чароғпоя, теппача истӣ, то бар шикамат бо шатта бизананд??? Куҷост нангу номуси мардӣ?!
То ин дараҷа, ки тарсуву номардӣ куҷо хизмат меравӣ? 100% бовар дорам, инҳоро Облава-амак бурдааст, на амри виждону ғайрати ватандорӣ! Аз ин тарсуҳо боз мо умеди ҳифозати марзу амонати ватану ҳифозати ҷони зану атфол дорем? Хестед, ки хобе(м)д!
Ман дар Армияи Советӣ хизмат кардаам. Ун ҷо низ мезаадааанд! Ещё как мезаданддд! Басо бераҳмонатар аз ин наворе, ки дидӣ, хонанда. Ҳар нафаре, ки дар Армияи Советӣ хидмат кардааст, бовар дорам, ягон зарра аз ин моҷаро ба изтироб наомад. Зеро «задани армияи шуравиро бармало ёд дорад». Нафароне, ки хидмат кардаанд, медонанд, ки ман чиро дар назар дорам. Ман шарафмандам, ки чунин лату кӯбро бо сари баланд паси сар кардаам. Ман садҳо ҳамхизмату шариксарбоз дорам, ки пешашон виждонам пок ва сарам баланд аст, ки ҳаргиз (!!!) пеши ягон деду черпак, чечену арману русу хохол...рӯямро пуф карда нагузоштаам, то силлиям зананд! Зад-бизан! Ин шиори ҳар Тоҷики тоҷдор дар Армия буд.
Ману раҳматии Раҳими Ашрофро, ки шарафмандона дар 1 баталён хизмат кардаем, дуруст, ки мезаданд, вале ба ҳар силлӣ 10 шаппотӣ ва бар ҳар шатта 12 нешипой аз мо мехӯрданд! Ман шарафмандам, ки 3 моҳ бештар бо сару фуки варамида ва пур аз «синяк» мегаштам. Вале ин «синякҳо» баҳои ҷавонмардии ману мо-тоҷикони наваскар буданд! Ин зарбҳо ва доғҳои сияҳи пушти лабу бехи чашм ҳушдор ба сарбозони собиқадор ё худ «дедҳо» буданд, ки ҳон, эҳтиёт, назан, ки посух мегирӣ!!!
Раҳими Ашрофро барои ҳифзи номуси миллияш, ки чанд урусеро зада буд, 3 сол зиндонӣ карданд. Вале чун амр дар толори суд садо дод, гуфт:
-Я выйду на свободу и убью этого тваря!!!
Ҳарчанд агар бари лабашро пуф мекард, то «особист»-и низомӣ силлие занад, шояд озодаш мекарданд.
Хайём Оқилов ном ҷавонмарде бо мо хизмат мекард. Шоҳидам, ки бо амри командири полк 20-30 нафар лату кӯбаш карданд, то латтаро гираду ним метр полро шӯяд. Пеш аз оне, ки аз ҳуш рафт гуфт:
-Я таджик! И таджики никогда полы не моют!!!
Сулаймон Саидов ном ҷавонмарди дигареро, ки баъди ман хизмат мекард, 200 чечену сибиряк маслаҳат карда, «чмо» карданӣ шуданд, яъне ғурурашро шикастанӣ. Онгуна майдондорӣ карду заду шикасту бибехт, ки ту гӯӣ, Фирдавсӣ ин ҷанги ӯро дидаву навиштӣ:
Буриду дариду шикасту бубаст,
Ялонро сару синаву пову даст!!!
Ҳам ман, ҳам Раҳим, ҳам Хайём, ҳам Сулаймон ва низ боқӣ Тоҷикони ҳамхизмати ман, ки дар «Космодроми Байконур» номуси худро ҳифз мекардем, бо сари буланд дар қисматҳои ҳарбӣ мегаштем. Зеро бо амри кадом сарбозе чароғпоя наистодем, ки лагад зананд, телпакамонро зи сар нагирифтем, то бо тахта бар фарқи сарамон зананд, бари рӯямонро пуф намекардем, то шапалоқ хӯрем. Мо ба ҳар силлӣ бо мушти обдор посух мегуфтем. Мо Метавонем!
Хоҳед-нахоҳед солсолорӣ ё худ дедовшина дар Армия буд, ҳаст ва мемонад! Ин ҷавонҳоро мехоҳед суду зиндон кунед? Марҳамат! Зиндон кунед ва ҳаёташонро шиканед. Вале донеду огаҳ бошед, эй хизматнакардаҳо, ки инҳое, ки имрӯз ҷабрдидаанд, ҲАТМАН 1,5 сол пас ҶАББОР мешаванд ва бо наваскарон айни ҳамин зулму истибдодро корбаст менамоянд.
Нафароне, ки бӯи боруту захми мӯзаи аскарӣ ва намии окопу хатари ҷангро дар киноҳо дидаанд, имрӯз аҷаб «гуманист» шудаву Артиши Тоҷикро сангборон кардан доранд. Ба Армия нарасед! Артиш, сарбоз, солдат худ медонад, ки бо чӣ роҳе раваду чӣ коре кунад. Шумо мехоҳед, Армияи Тоҷик мисли Артиши Афғонистон, ки амрикоиҳо 1 армияи чмо ва тарсуяш сохта буданд, шавад? Шумо мехоҳед, Армия моломол аз тарсуҳое бошад, ки мисли Армияи 86 млрд доллараи Афғонистон аз 4 паштуни нимаурён фирор кунад? Руки проч от Армии!!! Армия бе камбуд нест. Вале Армия хонаи очаи ягон солдат ҳам нест. Ин ҷо аз ту мард месозанд...
Онҳое, ки ҳамакнун бар Артиш санги маломат мезананд, ҳамонҳоеанд, ки Фахриддини Гургонӣ дар васфашон гуфта:
Чунин гӯянд мардони сухандон,
Ки бошад ҷанг бо наззора осон!
Ва ҳазрати Ҳилолӣ бо ишора ба ману мо барин мардоне, ки хизмати сарбозиву ҷанги гражданиро бо чашми сар дидаем, хитобан мегӯяд:
Чунин гӯянд мардони ҷигардор,
Ки пое пеш неҳ, дасте бурун ор.
К-аз ин даст аз ҳама кас пеш бошӣ,
В-аз ин по аз ҳама кас беш бошӣ!!!
Агар 100 сол зери санг бошӣ
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ!
Ман 100 не, 200 фоиз бовар дорам, ҳамин ҷавононе, ки имрӯз бо ҷаббориву ситамкорӣ дар назди шумо ҷилвагар шудаанду шумо ҳукми қатлашонро дархост доред, пагоҳ мову шуморо ҳифз хоҳанд кард. Вале чун судашон карде(м)д, пухта донед, душмани мову шумову ин ватану ин сарзамин мегарданд. Зимнан, ба қонунҳои нонавиштаи Армия кордор нашавед. Ин хонаи модарӣ нест, ин мавзеъро Хонаи Ҷавонмардӣ мегӯянд.
Сахт гуфтам? Сахт ба «негодний»-ҳо, артишгурезон, хизматнадидаҳо буд. Барои ҷавонмардони хизматдида, аз таҳти дилашон навиштам. Мо метавонем!
Додситонии кул: сержант Ҷонибек Қосимзода ҳамроҳ бо ҳамхидматонаш, Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов ва Ҳоҷиакбар Сайфуллоев бар хилофи қонуну қоидаҳо дар артиш рафтор карда, "бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд"