Зикриё Дилшод, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз н.Мастчоҳ ба идора занг зада, гуфт, ки дар ҷамоати деҳоти Палдорак 1 пул таъмирталаб асту касе парвое надорад.
- Дар ҷамоати деҳоти Палдорак 4 – моҳ аст, ки пули мошингузар вайрон шудааст – 1 тарафи он ғалтидааст, аммо барои таъмираш касе таваҷҷуҳ намекунад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта соҳибкоре, ки маъюб буд, бо пули шахсии худ пуле сохт, ки то ҳоло барои мардум хизмат карда истодааст. 1 шахс аз ӯҳдаи ин пул баромаду 1 ноҳияи калони овозадор наметавонад барояд?…