Дарвозаҳои биҳиштбарояш боз хоҳанд буд...
23.04.2023. Адиб, публисист, журналист ва муррабии кулли журналистони кишвар, Журналисти шоистаи Тоҷикистон охирин масофаи роҳи зиндагиро аз деҳаи Учқул то масҷиди Сари Осиё тай намуд.
Қабл аз намози ҷаноза дар ҳамоиши сӯгвориии марҳум Раиси маҳаллаи Учқул (ҳоло Меҳробод), Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият” (Собиқ «Тоҷикистони Саветӣ”, ки 40 сол дар он ҷо қалам кашид), раиси шаҳри Ҳисор баромад карда, бо чашмони ашкбор, дар суханронии хотиравиашон аз саҳми бузурги Раҷаби Мардон дар рушди матбуоти тоҷик, саъю талоши ӯ барои расмигардонии забони давлатӣ, таъсир бар раванди рушди якҷониба минтақаҳои Тоҷикистон дар мисоли ВМКБ ва собиқ вилояти Кӯлоб, рушди боғдорию токпарварӣ, ғолиби озмуни умумииттифоқии «Эстафетаи коргарӣ», нахустмубаллиғи барқароркунии сохтмони НБО “Роғун” зикр карданд.
Дар суханронии муовини раиси шаҳр пешниҳод гардид, ки деҳаи Учқул ба номи Раҷабдеҳ ё Мардонобод номгузорӣ хоҳад шуд. Сари шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода лавҳаи “Дар ин деҳ адиб ва журналист Раҷаби Мардон зиндагӣ ва эҷод карда буд!!!” мечаспонанд...
Гузориши маро устод Сайёфи Мизроб хонда, ба асабоният ба ман занг зад:
-Мулло Наҷм! Ман дар он ҷо ҳамроҳи худат дар паҳлуи Абдулҳамиди Самад, Лутфулло Давлатов, Ато Мирхоҷа истода будам. Ин хел ҳамоиш он ҷо набуд. Ин суханҳо садо надоданд. Ин дурӯғи маҳз аст!!
- Албатта набуд, гуфтам ман, вале бояд мешуд... ё дар оянда хоҳад шуд...
Дар асл чӣ буду чӣ шуд?
Ҳамроҳи устод Сайёф, ки дар ҷанозаи ҳамкасбон аз Хуҷанд то Хоруғ дер намекунад, ба маросими видоъ рафтем. Деҳаи Учқулро базур пайдо кардем. Танҳо 1 одам устодро шинохта, суроғаро гуфт. Ман аз ғояти хурсандӣ пурсидам:
- Ака, Шумо ягон китобашро хондагӣ барин?
- Ҷура, ман дар хона ба ғайр аз китоби сабти техникии ҳавлӣ (НБТИ) дигар варақе надорам. Вале медонам ин одам ягона марди галстукпуши аз молу ҳоли дунё бепарво буд. Зимнан, фикр мекардам, маълум ё адиб, ё журналист аст. Аниқ медонам композитор набуд, зеро пиёда мегашт...
Наздики ҳавлии навсохти адиби тавоно ва журналисти ворастаи Тоҷик мо чанд мошинро дида, ҳадс задем, ки хато нарафтаем. Ин ҷо алалкай устодони сухан ва чеҳраҳои миллатсоз моро мунтазир буданд.
Ҳавлии Раҷабмардона чун худи соҳиб фақирона, камбағалона, вале дар айни замон бо шукӯҳу шаҳомати вежа моро истиқбол кард.
Аҷаб сӯге, булаҷаб мотаме, ки аксарияти мотамзадагон...механдиданд. Қиссаву ривоёту ҳикоёту аниқ...дотҳои Раҷаб Мардонро ба хотир оварда, оҳиста табассум мекарданду гоҳ-гаҳе тоқат наоварда, бо қаҳ-қаҳа синаи осмонро мешикофтанд. Ҳазрати Саъдӣ агар ин моҷароро медид, дақиқан шеъри маъруфашро намегуфт, ки:
Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён,
Ончунон зӣ, ки вақти мурданат,
Ҳама гирён шаванду ту хандон...
Биё, хонанда, мо туро низ ба дунёи пур аз шӯру шарар ва молмол аз лутфи Раҷаб Мардон раҳнамоӣ кунем. Мо метавонем!
Саволи Раҷабӣ
Собиқаи кории 66 солааш танзу панди рузгор буд. Боре Сармуҳаррири “Тоҷикистони Советӣ” ба журналистон Раҷаби Мардон, Салимшо Ҳалимшову Турдиалӣ Бойбобоев, кӯлобиву помириву ленинободӣ ва Узоқови ӯзбак, виговор медиҳад (1 навъ ҷазо, ки ба ҷои ҳабси абад ва ҳукми қатл ба журналистони партиявӣ дода мешуд). Шеф пас аз қироати фармон мепурсад, ки кӣ савол дорад.
-Муаллим - аз ҷой мехазад Раҷаби Мардон - намояндагии ҳамаи вилоятҳо дар фармон риоя шудааст. Вале моро ба милатгароӣ айбдор мекунанд!!! Зимнан дар баробари Узоқови ӯзбеку мани тоҷик Даниелови яҳудӣ (оне, ки инҳоро сиёҳ карда буд-ред.) низ виговор гирад. Он гоҳ усули дӯстии халқҳо низ риоя мешавад.
- Пешниҳоди хеле хуб-мегӯяд сардабири ба ғазаб омада ва меафзояд - барои тақвияти дӯстии халқҳо мукофот ва маоши семоҳаи Раҷаби Мардон ба сохтмони “Боғи дӯстии халқҳо” ирсол карда шавад...
Нӯшбод
Дар замоне, ки ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ занҷирашонро канданд, диндории сунъӣ ва тиҷорат бо номи Ислом сар шуд. Дар 1 тӯйи ба қавле мусулмонӣ, устод Раҷаби Мардон, Ҳайрат Шанбезода, Салимшоҳ Ҳалимшо мебинанд, ки яке аз собиқ дуздон ба ҳайси Мулло дар садр нишаста, мардумро ба мусалмонии пок даъват мекунад.
Ҳар 3 шарикон боз ҳам бо садои баланд қадаҳҳоро ҷанг менадозанд. Дар ин лаҳза Муллодуздак бо хашм мегӯяд:
-Бародарон, арақ дар Ислом куфр аст. Машрубот ба ҷону ҷисматон зарар дорад. Шуморо ба дардҳои ҷигару руда мубтало мекунад ва ғ ва ҳ.
Дар ин асно Устод Раҷаби Мардон суханашро бурида:
- Барои чунин нӯшбоди беҳтарин ба саломатии мулло-ака мебардорем!- гуфта қадаҳҳоро меҷангонад.....
Шоҳномаи Раҷабӣ
Дар солҳои навадум адибони маъруфи мо Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Раҷаби Мардон ба бозори тиҷорати китоб ворид шуда натавонистанд. Боре яке аз фарзандони Раҷаби Мардон мегӯяд:
-Ота, чаро китоби Шуморо чанд сол боз чоп намекунанд?
-Бачам, Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро дар асри 10 навишту соли 1958 чоп карданд. Саросема нашав.
Фоида аз фурӯши китоб
Фарзандони Раҷаб Мардон бениҳоят ба нангу номус ҳастанд. Гирифтанду китоби падарро чоп карданд. Устод чанд нусхаро гирифта, барои фурӯш бо худ бурд. Бегоҳӣ ба хона омад. Аз ӯ пурсиданд, ки чӣ қадар аз фурӯш фоида кардааст?
-Шукри беҳад, 600 сомонӣ.
-Ота, ана мешудаст ку?
-Бале мешавад. 300 сомонӣ барои Салимшоҳу Наҷмидин Азизов зиёфат додам. 300 сомониро бо Мазаҳабшо хӯрдем...
... Аз Сари Осиё то абад роҳи охиратат пурнур бод, устоди зиндаёд...
Наҷмиддин Шоҳинбод,
Учқул - Сари Осиё - Учқул