15.04.2023. Азм гирифтем, ки бо сафари корӣ сӯи минтақаи гармтарини Тоҷикистон - ноҳияи Шаҳритус раҳсипор шавем. Чун даъватҳо хело зиёд буданд, хостем аз рӯзу рузгори мардуми ин минтақа аз наздик ошноӣ пайдо намоем. Ва рафтееем.
Ҳама ба даъват!
Ба маркази ноҳия расида, нахуст ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ даромадем. Аммо онҷо ба ғайр аз ёрдамчии раис дигар касеро надидем. Чун сабаб пурсон шудем гуфтанд:
-Ҳама, сар аз раис Ҷаббори Ғаффор, то охирин масъули соҳа, ба маъракаи сафарбарнамоии наваскарон рафтаанд!
Кинотеатр ку?
Имрӯз қисмати зиёди мардум аз набудани хонаи кино дар ноҳияҳояшон шикоят доранд, хостем ин паҳлуи масъаларо дар ин ноҳия дида бароем. Яъне хонаи кино – кинотеатри марказии н.Шаҳритусро ҷустем. Натиҷааш моро шокӣ кард. 1-2 техникае, ки дар ҳолати таъмирталаб қарор доштанд, худ безабон ҳолатро нишон медиҳанд, ки ин ҷо хонаи кино нест ва умуман вуҷуд надорад!!! Аввал гумон кардем, ки ин ҷо «Тоҷиккино» филмеро ба навор гирифта истодаасту ин техникаи фарсуда барои наворбардориянд. Аммо ин тавр набуд. Дар ҷойи ин макони фарҳангӣ КЖКП – Хадамоти хоҷагии манзилию коммуналӣ фаолият дорад.
Бинои 3 қабата дар асл партовгоҳеро мемонд, ки дар қисмати дуюми бино утоқи роҳбари он ҷой гирифтааст. Чун аз роҳбар пурсон шудем, раис гуфт, ки нав ба ин вазифа таъин гардидаасту ба ҷойи ӯ сармуҳосиб ба суолҳои мо посух мегӯяд.
Аҷиб…имрӯз ба кадом корхонае, ки наравӣ, роҳбари он мегӯяд, ки нав таъин шудааст. Тағйиротҳои кадрӣ танҳо дар вилояти Хатлон бошад ё дар ҳама ҷо раисҳо навтаъинанд?
Партови дари корхона
Сармуҳосиби ин коргоҳ Бахтиёр Салимов роҷеъ ба фаолияти корхонаи болозикр маълумоти кӯтоҳе пешниҳод кард. Аён гардид, ки ҳамин ҳоло 37 нафар дар ҳамин идораи "бонуфуз" кор карда истодаанд. Шуруъ аз субҳи барвақт ин кормандон баҳри ободӣ ва тозагии ноҳия кӯшиш ба харҷ дода, ҳамарӯза мавзеъҳои дар ихтиёри корхона бударо аз партову ҳар гуна ифлосиҳои маишӣ тоза менамоянд.
Дар урфият гуфтаанд, ки тозагиро мо бояд аз хонаи худ оғоз намоем. Аммо даромадгоҳи ин корхона худ аз партов пур асту боз кормандон барои тоза намудани кӯчаю маҳалҳо сафарбар мегарданд. Роҳбарияти корхонаро мебояд тозагии худи биноро сараввал таъмин намояд.
Шароит нест, кор ҳаст…
Маълум шуд, ки дар мувозинати коргоҳ 4 адад техникаи партовкашон вуҷуд дорад, ки аз ин шумора 2 - тояш корношоям буда, 2 -тои боқимонда дар ҳолати таъмирталаб қарор дорад. Масъулон ба роҳбарияти болоии худ борҳо барои кӯмакҳои саривақтӣ муроҷиат намуда бошанд ҳам, арзи эшон бенатиҷа анҷом ёфтааст. Бо вуҷуди ин қадар шароити пасти корӣ кормандон боз барои беҳбудии ноҳия азму талош намуда, баҳри бехатарии сокинон аз сагҳои дайду 67 адади онро несту нобуд кардаанд. Ҳарчанд роҳбарияти корхона борҳо сари масъалаи надоштани техника дархост дода бошанд ҳам, имсол аз ҷониби худи МИҲД н.Шаҳритус ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ моторолери истеҳсоли чинӣ харидорӣ гардида, партовҳоро тавассути он ҷамъоварӣ менамоянд.
Ваъдаҳои раиси ноҳия
Соли гузашта корхонаи КЖКП аз андоз қарздор шуда, раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор 108 ҳазор сомонии онро кам намудааст.
- Мо бояд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ соҳиби техникаи махсус мешудем, лек то ҳол ин орзуи коргарон ҷомаи амал напӯшидааст. Надоштани техникаи махсуси коммуналӣ ва базаи махсуси корӣ мушкилоти №1 дар ноҳияи Шаҳритус барои кормандони коммуналӣ боқӣ мемонад. Маоши синфи коргар дар ин ҷо аз 700 то 1000 сомониро ташкил медиҳад-гуфт бо мо сармуҳосиб, ки ҷои раиси Хоҷагии манзилию коммуналии н. Шахритус суҳбат мекард...
Бинои иҷора ва кормандони бесарпаноҳ
Борҳо аз Муассисаи давлатии «Тоҷиккино» барои холӣ намудани бино омада, кормандонро аз «ватанашон» ба қавле пеш карданӣ шудаанд. Аммо раиси ноҳия ба ҳамаи ин монеъ шуда, то ҷойи лозимӣ ёфтани корхона кормандонро ин ҷо иҷоранишин кардааст. Муҳлати иҷораву масъалаҳои ҳалнашавандаи корхона чанд моҳи дигар боқӣ хоҳад монд, инро Худо медонад. Танҳо афзуданием, ки бе КЖКП ё худ ХМК Шаҳритус ҳич гоҳ ободу зебо ва дилрабо нахоҳад шуд. Зеро...мусор мусор аст, охир ва онро БОЯД поккорӣ кард.
Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР
вилояти Хатлон