Урбанизатсия ва мо
Ҳоло дар бисёр мамлакатҳои дунё шаҳрнишинӣ ё кучидан ба шаҳр (урбанизатсия) рӯ ба афзоиш дорад. Ин раванд дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба 1 қатор мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расонид. Душанбеи азизи мо низ аз ин тамоюл дур монда наметавонад. Барои мисол, аз рӯи мушоҳидаҳо худам, ки аз 3/2 ҳиссаи умрам дар ҳамин шаҳр гузаштааст, мегӯям. Ҳангоми наврасӣ, тобистон барои ёфтани макони оббозӣ аз шаҳр берунтар мерафтем, ба маҳаллаҳои наздик ба шаҳр, бисёри вақт ба ноҳияи Рӯдакӣ. Дар он ҷо рафтуомади мардум кам ба чашм мерасид ва хонаҳое ҳам буданд, ки ба нигоҳ ба хонаҳои даврони шӯравӣ монандӣ мекарданд. Вале нуқтаҳои хизматрасонӣ қариб дида намешуд.
Нафаре агар бо роҳи Душанбе - Рӯдакӣ 5-10 сол пеш гузашта бошад, фарқияти калони имрӯзу дирӯзро мебинад. Дар 2 тарафи роҳ сар карда, аз қасру кушкҳо то хонаҳои оддӣ, боз 1 иқдоми бепояи соҳибкорони бузурги мо, ки тайи 2-3 соли охир, аз он кор гирифта истодаанд, ин дар мобайни хонаҳои заминӣ сохтани хонаҳои баландошёна аст, ки хеле пайомадҳои бад бо худ дорад (баҳси ин мавзуъ ба вақти дигар).
Ҳам савоб, ҳам пул
Биоед ба маҳаллаҳое, ки нав ба н.Фирдавсӣ шомил шуданд, назар афканем, мисолаш маҳаллаи Гулбутта. 1 маҳаллаи калони н.Фирдавсӣ ҳисобида мешавад. Набудани ягон марказ ё бунгоҳи тиббиву саломатӣ дар маҳаллаҳои Ҳафт Ахтар, Роҳи Нав, Роҳи Масҷид, Мойка, Семент Бозор, Гравзавод ё Завод нигаронкунанда аст. Ин дар ҳоле, ки аҳолӣ зиёда аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва баробар ба нуфуси 1 шаҳрак ва ё ноҳия аст!!!
Дар ин минтақаҳо гарчанде бунгоҳҳои тиббӣ бошанд ҳам, кори онҳо бисёри вақт ба ҳуҷҷатгузориву пур кардани картаи ҳомиладорон ва эмгузаронии кӯдакон мегузарад. Ин бунгоҳҳои тиббӣ тобеи Марказҳои саломатии шаҳрӣ буда, ҳомиладоронро барои муоинаву муолиҷа ба он ҷоҳо роҳхат медиҳанду бас.
Бо ҷавонмардиву ватандӯстии соҳибкорони баландпоя ин мушкилии рақами 2- ро метавон ҳал кард. Барои соҳибкори бофаҳм ин 1 имконияти гирифтани савобу сомонӣ аст. Чунки Кодекси тандурустӣ ин ҳақро бар эшон додааст. Агар дармонгоҳои саломатӣ дар ин минтақа барпо шаванд, мувофиқи мақсад буда, кори беморон хело осон мегардид. Чӣ хел? Масалан, 1 бемор дар 1 рӯз 3 сӯзандорӯ (укол) дорад, барои ӯ лозим мешавад, ҳар рӯз 3 маротиба ба микроавтобус нишаста, 3 соати худро ҳамроҳӣ 15 сомонӣ сарф карда, ба шаҳр барои 1 уколи одӣ равад, ки ба манфиати кор нест. Агар бемор кӯдак бошад, боз саргардонӣ бештар шуданаш мумкин. Дар ҳоле агар ин хизматрасонӣ дар маҳалла бошад, метавон дар ним соат ва харҷи 6-7 сомонӣ кори худро ба анҷом расонд.
Марказҳои тиббӣ барои сарватмандон?
Дар шаҳри Душанбе теъдоди зиёди дармонгоҳҳои хусусӣ фаъолият карда, ба мардум хизмат мерасонанд. Аммо хизматрасонии онҳо қобили таҳсин нест, зеро корашон гаронарзиш буда, асосан ба табақаи пулдори ҷомеа равона гардидааст. Ҳамин хизматрасонӣ дар Россия бошад, хело ҷиҳатҳои фарқунандаи худро дорад. Ҳамаи дармонгоҳҳо системаҳои муттамаркази худӣ доранд: Духтур, гинеколог, УЗИст Шаҳло Юсупалиева, ки таҷрибаи донишомӯзӣ ва кор дар Россияро дорад, дар бастагӣ ба мавзуъ мегӯяд:
-Дармонгоҳе, ки ман он ҷо кор мекардам ба ситемаи мутамаркази “Миз” ва “Док” пайваст буд, ки дар он ҷо ҳама натиҷаҳои муоинаи духтур қайд мешуд. Нусхааш ба бемор пешниҳод мешавад, ки ҳангоми бори дигар муроҷиат карданаш корро хеле осон мекунад. Дар онҷо мардум ба рафти қабули духтур бисёр бо маданияти баланд муносибат мекунанд; дар вақти муайяншуда ҳозир шуда, ҳаракат мекунанд, ки вақти худу беморро нагиранд. Илова бар ин бемор пеш аз омадан ба сайти дармонгоҳ ворид гардида, маълумоти заруриро дидаву таҳлил карда, баъд ба дармонгоҳ меояд, ки ин ба фоидаи ҳарду тараф буда, корро сабуктар мекунад, мегӯяд.
Ба пиндори банда, бояд дар мавзеъҳое, ки аз шаҳр дуртараканду аҳолияш аз 5-10000 нафар зиёд аст, ҳатман 1 бунгоҳи тиббӣ бунёд гардад. Агар қудрати вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нарасад, бояд ба соҳибкорон шонс дод, то ин халоро пур карда, дармонгоҳу бунгоҳу мини-клиникаҳои шахсӣ созанд. Бигзор хидмати онҳо пулакӣ бошад. Вале тибби ройгон агар рақиб ё худ конкурент дорад, низ рушд хоҳад кард. Ин рақобат ҳам бар нафъи мардум аст ва низ бар манфиати вазорати тандурустии кишвар. Мо Метавонем!
Муҳаммадҷон Кувватзода,
донишҷӯи курси 4-уми факултети журналистикаи ДМТ,
Тел:905558628