Ангезаи асосӣ барои иншои матлаби пеши рӯ фаъолияти блогерии ман аст. Тақрибан 1 сол пеш лоиҳаи SAHM TEAM - ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кардам. САҲМ ТИМ бо мақсади САҲМгузорӣ ташкил шудааст. Сармоягузории канал сирф аз ҳисоби даромадҳои шахсии ман аст ва ин лоиҳа барои тими мо манфиатҳои пулӣ намеоварад. Яъне канал ба хотири касби фоидаи молӣ ташкил нашудааст. Реклама намефурӯшем, монетизатсия дар YOUTUBE хомӯш аст.
Дар раванди кори яксола фаъолияти блогерони тоҷикро таҳти назар доштам. Ба хотири дастёбӣ ба доираи васеъи мухотабон бо бисёре аз онҳо тамос гирифтeм ва бо бархе аз онҳо дар бахши таблиғи кори канали SAHM TEAM ҳамкорӣ ҳам кардeм. Дар пайи тамосҳои пайдарпай бо блогерони тоҷик мавзӯи ҲАЛОЛ ва ҲАРОМ зеҳнамро даргир намуд. Якчанд моҳ мешавад, ки ҷиддӣ дар мавзӯи ҲАЛОЛ ва ҲАРОМ меандешам. Чаро? Чунки чандин масъалаҳои муҳим ҳаст, ки дар назари блогери тоҷик ночиз менамоянд. Аз рӯи таблиғот маълум мешавад, ки барои аксарияти блогерон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи риояи ҳалолу ҳаром беэътибор шудааст. Дар бештарини ҳолатҳо ҳадафи блогинги тоҷик касби даромад ё фоида аст.
БЛОГИНГ ВА БЛОГЕРҲО...
Дар ҳоли ҳозир тарбияи насли наврас ба блогерон вогузор шудааст. Хӯшоянд ҳаст ё не, шабакаҳои иҷтимоӣ САДОВУ СИМОИ замонаи муосиранд. Фарҳангсозӣ, ки барои пойдории ҳар миллат зарур аст, имрӯз бояд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад. Фарҳангсоз бояд дар ҷое фаъол шавад, ки будан дар он ҷо барои насли наврас ҷолиб аст: Instagram, Facebook, Youtube, Tiktok ва ғайра.
Кореро, ки мо бо тими довталабони худ дар чорчубаи лоиҳаи SAHM TEAM дар шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом доданием - фарҳангсозист. Фарҳанг дар навбати худ рӯи сутунҳои ахлоқ истеҳком мегирад, бинобар ин атрофи мавзӯи ҲАЛОЛУ ҲАРОМ сӯҳбат мекунам.
Аз он ҷо ки аксари арзишҳои ахлоқиро динҳои ҷаҳонӣ ба башар муаррифӣ кардаанд ва мардуми мо аксарият мусалмонзодаанд, мавзӯи ҳалолу ҳаромро, ки меҳвари андешаи шахсияти пойдор ба ахлоқро ташкил медиҳанд, дар чорчубаи дини Ислом матраҳ менамоям.
Мутобиқи дини Ислом:
СТАВКА
Пуле, ки аз ҳисоби қиморбозӣ ё ставка меояд - ҲАРОМ
КОНКУРС
Пуле, ки аз ҳисоби ташкили КОНКУРС-ҳои пулакӣ ба даст меояд - ҲАРОМ
ҚАРЗИ БОНК
Судхӯрӣ ё қарзи фоизӣ гирифтан - ҲАРОМ
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Ҷангу хунрезӣ ба хотири пул, шӯҳрат, эътибор ва ҳаяҷону шаҳвати дигарон ҲАРОМ
ДАЪВАТ БА ҲАРОМ
Рекламаи маводи зараррасон аз нӯшокиҳои спиртӣ, нӯшокиҳои нерӯбахш гирифта, то маводи хӯрокворӣ ва дорувории зараррасон ҲАРОМ
СПЕКУЛЯЦИЯ
Ба сурати худсарона боло ва поин бурдани нархҳо дар бозор ҲАРОМ
ҳастанд.
Қимор ва хайр
Вале новобаста ба огоҳ будани мусалмонон дар мавриди зарарҳои ҳаром имрӯз блогери мусалмон ба ҳаром (СТАВКА, СУДХӮРӢ, АЗАРТНЫЕ ИГРЫ ва ғайра) даъват мекунад. Дар ҷомеае, ки аксарият даъвои мусалмонӣ доранд, бисёриҳо конкурсҳои пулакӣ ташкил мекунанд ва блогерони машҳури Тоҷикистон дар ивази пул қиморбозӣ, конкурс ва судхӯриро дар саҳифаҳои пуртамошобини худ таблиғ менамоянд. Эрод фақат дар мо нест. Дар кишварҳои пешрафта аз ЛОТОРЕЯ дар сатҳи давлатӣ ҳимоят менамоянд. Хулоса, қиморбозӣ ба падидаи ҳамаҷопайдо дар дунё табдил ёфтааст. Аз 1 тараф ба хотири ҳама ҷо пайдо будани қимор ва аз тарафи дигар ба хотири даст задани ташкилкунандагони қимору конкурс ба корҳои ХАЙРИЯВӢ, инсонҳое, ки
- ба паёмадҳои густариши қиморбозӣ дар ҷомеа меандешанд;
- аз қимор, аз қарзи бонк даст мекашанд,
рӯз аз рӯз камчин шуда истодаанд.
Чунки ташкилкунандагони конкурсу қимор ба корҳои хайриявӣ низ даст мезананд. Ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, бигӯяд, ки чаро ҳароми худоро ба худ ҳалол карда, мусалмониро ба дигарон он гуна ки нест, муаррифӣ мекунед?
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА низ дар Ислом ҳароманд, фарқ намекунад, ки Нурмагомедов онро таблиғ мекунад ё мусалмонзодаи дигар. Магар мусалмонҳо муҳимтар ва донотар аз Худо шудаанд? МУСАЛМОНОНИ НАМУНА, МУСАЛМОНОНИ МАШҲУР имрӯз ба ғаддортарин таблиғотчиҳои ҲАРОМ мубаддал шудаанд.
Ташкилкунандагони қимор ва конкурс шуморо бовар мекунонанд, ки "пирӯзи моҷаро маҳз ту ҳастӣ!", то пули бо заҳмат бадастомадаро бо 2 дасти адаб ба онҳо бидиҳӣ. Пули шуморо аз шумо гирифта, 1 бахши онро ба чанд нафар аз миёни ҳазорҳо медиҳанд ва боқимондаи пулҳоро барои худ нигаҳ медоранд. Шумо заҳмат мекашед, онҳо бой мешаванд. Аз роҳи ба бозӣ гирифтани орзуву эҳсосоти шумо. Пешрафти технология ва пайдо шудани фурсатҳои қиморбозии онлайн дар шабакаҳои интернетӣ яке аз омилҳои дигари равнақи БОЗОРИ ҚИМОР аст. Дар хона хилват намуда, қиморбозӣ мекунӣ.
- ЗАРАРИ ҚИМОР
1. ВОБАСТАГӢ Ё ЭЪТИЁД. Инсон ба умеди ин, ки қимор ё конкурс зиндагиашро якуякбора тағйир медиҳад, нофаҳмида мӯътоди қиморбозӣ мешавад. Вобастагии беш аз ҳадд ба харобии асаб, аз даст рафтани сабру таҳаммулгароӣ, ситезахӯйӣ ва ниҳоят ба вайроншавии хонаводаи шахси қиморбоз ва коҳиши саломатии рӯҳии ӯ оварда мерасонад;
2. ҚАРЗИ БИСЁР. Инсоне, ки зуд-зуд қиморбозӣ мекунад ва аллакай вобастаи қимор шудааст, фикр мекунад, ки дар натиҷаи бозиҳои такрор ба такрор дар шиносоии механизмҳои бозӣ моҳир шудааст. Бо умеди ин ки ҳисобу китоби ӯ саҳеҳ аст, аз ёру бародару рафиқу ошно қарз мегирад. Ташкилкунандаи қимор низ дар навбати худ барои дарёфти пули бедардимиёни фаровон нақша мекашад. Дар хонаҳои қимор, дар барномаҳои қимори онлайн ҳамарӯза алгоритмҳои бозӣ дигаргун мешаванд. Ҷои алгоритмеро, ки ту дирӯз дар пайи аз даст додани пули зиёд дар он моҳир шудӣ, имрӯз алгоритми нав мегирад. Хонаҳои қиморро наҳангҳои бузург идора мекунанд, ки қобилияти фурӯ бурдани ҳазорҳо моҳича ба монанди туро доранд.
Қиморбоз ва ташкилкунандаи конкурс фурушандаи боварҳои дурӯғинанд. Ӯ медонад, ки ҳар 1 нафар бо умед чипта мехарад, ҳар 1 нафарро ба воқеӣ будани умед бовар мекунонад, гарчанде ӯ қобилияти амалисозии умеди ҳар 1 бозигарро надорад ва бо рӯзӣ аз роҳи фиреб созиш кардааст. Чашмони шуморо бо ВОҲИМА сеҳр мекунад. Ташкилкунандаи қимор ё конкурс, ҳарчанд зоҳиран худро худотарс ва раҳмдил нишон медиҳад, бо виҷдон ва инсоф кайҳо худоҳофизӣ кардааст.
3. ГУМ ШУДАНИ МАЙЛИ КОР ВА МЕҲНАТ. Дастрас будани қимор боиси суст шудани иродаи инсон барои кор кардан, заҳмат кашидан мешавад. Инсоне, ки ба ғояи якуякбора бой шудан дил бастааст, аз меҳнат безор ва оҳиста - оҳиста нисбати неъматҳои мавҷуд дар зиндагӣ носипос мешавад;
4. ГУСТАРИШИ НАВМЕДӢ ВА АФСУРДАГӢ. Равнақи бозори қимор боиси густариши навмедӣ ва афсурдагӣ дар ҷомеа мешавад. Аз байни чандин ҳазор 1 нафар бурд мекунад ва ҳазорҳо навмедтар мешаванд. Навмедии аксарият дар ҷомеа метавонад, бадтарин паёмадҳоро ба армуғон биоварад.
5. ГУСТАРИШИ ҚАЛЛОБӢ. Озод будани ташкили конкурсу қиморбозӣ идеяи аз ҳисоби заҳмати дигарон бой шуданро дар ҷомеа одӣ менамояд. Сафи қаллобон дар ҷомеа зиёд шудан мегирад. Вақте сафи шағолон зиёд мешавад, ҷуръати ҳуҷум овардан ба шеронро мекунанд. Ҳар ҷо шағол зиёд аст, осоиш нест. Қаллоб зиёд, ки шуд, баракат аз ҷомеа дур мешавад.
6. ТАВАККАЛ БА ШАНС. Вазнинтарин садамае, ки қиморбозӣ, конкурсҳои пулакӣ ба баданаи 1 ҷомеа ворид карда метавонанд, заиф кардани ақидаи инсонҳо ва заиф кардани таваккали онҳо ба Худост. Оҳиста - оҳиста ҷои таваккал ба Худо ва умед аз даргоҳи ӯро таваккал ба шанс ва умед аз қимору конкурс мегирад. Инсоне, ки таваккал ба худоро аз даст бидиҳад, дору надорашро аз даст додааст ва зери фишори имтиҳоноти зиндагӣ ба ҳама гуна пастиҳо қодир мешавад.
СУОЛҲОИ МУҲИМ
Чӣ гуна мешавад, ки мусалмонон натанҳо ҳаромро танқид намекунанд, балки ба даъват ба ҳаром низ мепардозанд? Паёмадҳои ҳаромхӯрӣ чист?
Масалан, муҳорибаҳои омехтаро барои гарм нигоҳ доштани БОЗОРИ СТАВКА баргузор мекунанд. ЯЪНЕ ҲАРОМ АНДАР ҲАРОМ. Гонорарҳои калоне, ки ташкилкунандагони чунин бозиҳо ба ҷанговарон медиҳанд, аз роҳҳои ҳаром ҷамъоварӣ мешавад. Ин навъи варзиш натанҳо барои саломатии инсон зарар дорад, балки ҳукми ҲАРОМ низ гирифтааст. Шӯҳрату пулу эътибор нишонаи мавриди назари Худо қарор доштан нест. Агар чунин мебуд, Фиръавн аз назаркардагону ҳабибони Худо ба шумор меомад. Бинобар ин андеша бояд кард.
Чанд рӯз пеш, барои ибрат додан ба яке аз рафиқони наздик, ба ӯ пешниҳоди бозӣ бо пулро додам. Хостам, ки худаш аз наздик бо зарарҳои қимор ё СТАВКА ошно шавад. Гарчанде дар охир 1000 сомонӣ аз даст рафт, дар аввали бозӣ 200 сомонӣ бурд карда буд. Чаро чунин шуд? Дар аввал бо эҳтиёт шурӯъ карда, мехост, нишон бидиҳад, ки иродаи ӯ аз иродаи дигарон фарқ мекунад. Медонед, мушкили асосие, ки бо он рӯ ба рӯ шуд, чӣ буд? Намедонист, ки пули аз ҳисоби қимор бадастомадаро, ки пули ҳаром аст, дар куҷо масраф намояд. Нияти хайр ба сараш зад. Пас аз машварати кӯтоҳ дудил шуд, ки оё ҳаққи додани пули ҳаром ба тангдастонро, бидуни ишора ба манбаъи ҳароми ин даромад, дорад ё не? Хулоса, масти пирӯзӣ бозиро идома дода, дар охир натанҳо 1000 сомонӣ аз даст дод, балки вақту асаби зиёдро дар кори беҳуда масраф намуда, тавбаи сидқӣ кард.
Қимор ва мо
Дар ҳақиқат, қимор натанҳо ба ҷайби шумо, балки ба рӯҳияи шумо зарбаҳои сангин мезанад. Аҳволу авзои рӯҳии шуморо таҳти контрол гирифта, шуморо дар иродаи тасмимгирӣ нобовар месозад. Хулоса, хайр ва ризқ вақте баракат мекунанд, ки сарчашмаи ҳалол дошта бошанд. Бинобар ин вақте сари суфраи дӯсте менишинӣ, вақте аз бародаре қарз мепурсӣ, вақте нафареро дар осон шудани мушкилат восита қарор медиҳӣ, ҳатман аз ҳалолияти манбаъҳои даромади ӯ пурсон шав, то ҳаромро надониста, вориди зиндагии худ насозӣ. Тангдастон низ ҳаққи донистани манбаи даромади шахси хайркунандаро доранд ва нафаре, ки хайр мекунад, масъулият дорад, ки ба дигарон луқмаи ҳалолро инфоқ кунад. Нафаре, ки манбаъи даромади ҳаром дорад ва аз ҳаром ба дигарон мебахшад, ба онҳо хайр не, балки зулм кардааст, чунки луқмаи ҳаром ҳаёт месӯзад.
Шахсан ман дар як лаҳза ба аҳамияти ҳалол нарасидаам, вале якчанд сол мешавад, ки ба ҳалол будани манбаъи даромади худ меандешам. Вақте ба мушкилие гирифтор мешавам, ё сабру қаноат пеша мекунам ё агар қарз бигирам, аз нафаре мегирам, ки рӯзиашро аз роҳҳои ҳалол ба даст меорад. Рамазони имсол ба мавзӯи дурӣ аз ҳаром пардохтам. Якчанд моҳ пеш яке аз рафиқони даврони мактабӣ ба ман занг зада гуфт "Манижаҷон, мо - ку ҳеҷ гап не, вале ту бо тавонмандиҳои фикрие, ки дорӣ, муҳоҷир шуда, ҳайф шудӣ. Давлат ту баринҳоро бояд бологузар кунад".
Чаро чунин гуфт? Чунки мо инсонҳо пирӯзиву саодатро дар эътибору шӯҳрату рифоҳ мебинем. Вале дар асл муҳоҷират суннат аст. Бадбахтӣ нест. Замини Худо фарох аст ва инсон метавонад, дар ҳар кишвари дунё худро ба самар расонад. Муҳим ҳалол зистану ҳалол хӯрдану ҳалол гаштан аст. Ҳамин аст пирӯзиву саодати бузург.
Бо салому сипос
Манижа Саидисломзода