ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар ва партовҳои беохири шаҳр

  • Чоршанбе, Май 10 2023

Дар ҳар шумораи рӯзномаи мардумии СССР роҷеъ ба тозагии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини минтақаи Хатлон гузоришҳо ва матлабу шикоятҳои сокинони он ба нашр мерасад. Лек аз санг садо ҳасту аз масъулин не. Ҳафтаи гузашта боз чанд нафар дар бораи партовҳои моҳҳо хобидаи назди биноҳои навсохти баландошёнаи ш.Бохтар ба мо шикоят карданд.

Зӯҳро, сокини к.Фестивалная, 15-и ш.Бохтар мегӯяд, ки баъд аз рафтани мавҷҳои тӯлонии эпидемияҳо мардум бар он боваранд, ки маҳз ҳамин ифлосиҳо сабабгори паҳн шудани вирусу бактерияҳои касалиовар мегарданд. Ӯ ифлосиҳои гирду атрофи бинои баландошёнаи истиқоматиро мисол оварда, афзуд, ки сокинони биноҳои ҳамсоягии онҳо ҳам партовҳои гуногуни худро ҳамин ҷо оварда мерезанд. Дигар сокинон ҳайронанд, ки барои бартараф кардани ифлосиҳо ба куҷо муроҷиат намоянд. Тақрибан 2 рӯз шуд, ки онҳоро набурдаанд лекин аз буйи бади онҳо мо наметавонем дару тирезаҳои худро кушода монем. Чунки ҳавои ғализ вориди хонаҳо мегардад. Ба гуфтаи Зӯҳро, тақрибан 16 маҳалла партовҳои худро маҳз ин ҷо оварда мерезанд.

Давлатшоҳ Тоиров, ҳамсуҳбати дигари мо қайд кард, ки партовтӯдаҳоро кормандони муассисаи дахлдор тақрибан 2 рӯз пеш аз иди Рамазон ҷамъоварӣ карда буданд. Лек то имрӯз ин партовҳо аз ҷониби ягон корхона ҷамъоварӣ карда нашудаасту сокинонро буйи бади онҳо ноҳинҷор месозад. Аз иди Рамазон бошад 12 рӯз гузашт…

 

Техникаи нав, аммо корношоям…

Барои баррасии ҳол роҳ гирифтем ба Корхонаи Фаръии Давлатии таъмиру Истифодабарии иншоотҳои манзилию коммуналии шаҳри Бохтар ё ба қавле КЖКП. Бахтиёр Каримов, роҳбари ин коргоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР қайд кард, ки дар тавозуни идора 19 адад техника буда, 10 - тои он дар ҳолати корношоям қарор дорад. Техникаи нав, аммо чаро корношоям????

Корхонаи мазкур тариқи шартнома бо сокинон ҳамкорӣ менамояд. Раҳбарияти корхона аз бемасъулиятии сокинони шаҳрнишин гила намуда, онҳоро бар он гунаҳкор менамояд, ки қисмати зиёди мардум аз одоби инсонгарӣ огаҳ нестанд. Бархе аз соҳибхонаҳо партовҳоро аз биноҳои баландошёна ба замин, ки барои партов нест, мепартоянд. Ё бархе кӯдаконро ба партовгоҳҳо равон мекунанд, ки дар натиҷа зуд - зуд ифлосшавии байни биноҳо ба амал меояд. Боз ҳолатҳое ҳастанд, ки маблағи комуналиро дар вақташ пардохт намекунанд.

Корхонаи Фаръии Давлатии таъмиру Истифодабарии иншоотҳои манзилию коммуналии шаҳри Бохтар дар шаҳр яке аз коргоҳҳои хизматрасонии коммуналӣ ба ҳисоб рафта, барои нигоҳдории фонди манзили истиқоматӣ биноҳои баландошёна ҳамарӯза хизмат мерасонад. Аммо бо техникаи нави корношоям кормандони он чи гуна шаҳри Бохтар – маркази маъмурии калонтарин вилояти Хатлонро аз партов тоза намоянд!?

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter