ХАБАРИ ДОҒ

Армияи зӯракӣ армия нест!

  • Чоршанбе, Май 10 2023

Салом ба СССР-и азиз! Ҷавонони ҳозира аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда, 2 моҳ пеш аз даъвати баҳориву тирамоҳӣ ба Россия гурехта мераванд. Ба ин падару модарон айбдоранд. Масъулин мегӯянд, солдат намеёбем, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар кунем. Намояндаҳои Ҳукумат ва ҷамоатҳо раисони маҳалла, муллоҳои масҷид ва директорҳои мактабро маҷбур месозанд, ки 1 даъватшаванда кофта, ёфта ба военкомат биёрем. Ҳол он, ки ин вазифаи военкоматҳо мебошад. Рӯйхати даъватшавандаҳо дар дасташон ҳаст, тариқи фиристодани повестка бояд даъватшавандаро даъват кунанд, касе саркашӣ кард, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Дар даврони шуравӣ ба даъватшавандаҳо повестка мефиристоданд. Облава гуфтанӣ гап набуд…

То кай раисони маҳаллаҳову муллоҳои деҳа даъватшаванда меоранду кормандони военкоматҳо баҳузур нишаста, қабул мекунанд? Бароянд, байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд. Армияи зӯракӣ армия нест!

Бозоралӣ Сабуров,

раиси маҳалла,

деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоб,

н.Ҳамадонӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter