ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: майпарастони хобу сагҳои бесоҳиб

  • Чоршанбе, Май 10 2023

 Бадахшон Зардакова, муаллиф ва хонандаи фаъоли мо аз ш.Бохтар ба идора занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки пушти дӯкони ман, ки дар назди бозори марказӣ - "Фаровон" ҷойгир аст, ҳамеша пур аз майхораву майпараст аст.

   - Ҳар сол аз хунукиҳои зиёд 3 – 4 тоаш мемуранд. Касе ба инҳо кор надорад. Ба ҷои милисаҳо ман инҳоро пеш мекунам, вале боз ва боз пайдо мешаванд, яъне, ки беохиранд. Ҳама ҷо аз дасти инҳо ифлос шудааст. Аз бӯи бадашон роҳгузарон мегурезанд. Инҳо кам буданд, ки сагҳои дайду пайдо шудаанд. Дар ифлосӣ дар назар менамояд, ки ин алкашу сагҳо мусобиқа доранд. Сагҳо хубтаранд, чун сер шуданд, таги деворе хоб мекунанд, вале ин одамсагҳо ҳама ҷо, рӯи роҳ, даруни латок, рӯи гулҳои пушти дуконам, ки ман шинондаам, ғел мезананд, гӯё, ки ман ин гулҳоро барои инҳо шинонда бошам.

Мехоҳам, ки шаҳри Бохтар мисли шаҳри Душанбе бошад. Гулборон, покиза, озода, намуна, то ки овозааш ҷаҳонро бигирад. Шояд, ки баъди ин навиштаи ман органҳои дахлдор ин територияро аз ин сагу одамҳои аз саг бадтар покиза мекунанд. Зеро инҳо чун хоранд, ки ба чашми ҳар бинанда мехаланд ва обрӯи маркази вилоятро коста мегардонанд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter