Қурбон Азизов, мухлиси газетаи мардумӣ аз ш.Душанбе ба идора занг зада (тел: 238556), гуфт, ки ягона дӯкони фурӯши газетаву журналро дар маҳаллаи Политехникум аз байн бардоштанд.
- Дар гардиши Политехникум, дар назди омӯзишгоҳи авиатсионӣ 1 дӯкони фурӯши газетаву журнал буд ва ман ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа аз ин дӯкон газетаи СССР мехаридам. Бо баҳонаи таъмиру таҷдиди роҳ дӯконро аз байн бардоштанд ва акнун барои газета ман ба дӯкони назди бозори «Саховат» меравам. Мисли ман дӯстдорони газета дар маҳалли мо хеле зиёданду ҳамакнун ҳамагӣ саргардонем. Оё намешавад, ки масъулони шаҳрдорӣ дӯкони моро боз ба маҳал баргардонанд?