- Шояд ягон кас ӯро ёд на орад ва на дорад - ефрейтори Армияи Сурх, Носирҷон Раҷабови 16-сола, ки дар ҷанг бо истилогарони фашистӣ, дар соли 1941, 17 осколкаи снаряд хӯрдаву дар госпитали саҳроии Боку аз олам чашм пӯшид. Қаҳрамони мо аз деҳаи Сеншуғи Данғара бо хоҳиши худ, аккурат, 23.06.1941, ҳамагӣ 1 рӯз баъди шуруъи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, бо аризаи худ ба ҷанг рафт. Паҳлавон, ки буд, аз синнаш бузург менамуд. Рафт ва барнагашт...
Ӯ тағои ман буд. Бародари модарам. Ёд дорам, ки момаам, кампири Раҷабгули Виёнӣ, ки тамомии маҳалла ӯро "Очаи Калонӣ - Очакалон" мегуфтем, то охирин лаҳзаи умр ба умед буд, ки писараш зинда ва «Хатти Сиёҳаш» дурӯғ асту ба Ватан бармегардад.
Дар Кӯлоб, кӯчаи Куйбеш мезистем, вале умре саргардон буд, Очакалони ман. Мегуфт:
- Бачам ин адреса намедона! Аз куҷо моро меёба, агар омад???
Мерафт Сеншуғ. Ба умеде, ки писараш Носирҷон ба зодгоҳаш мераваду очаашро намеёбад, зеро онҳо кӯчидаанд-ку?! Ёд дорам, умре Очаи Калониям падарамро нағз намедид, зеро ба даъвои ӯ домодаш ба дигар шаҳр кӯч бастаасту Носирҷон адреси навашонро намедонад! Ва кампир мехост барои писари қаҳрамонаш «сурприз» кунад.
- Халиф хӯрда мерам, дандон надорам. Обу халиф бошад, ба ман бас. Қайларо ба писарам монед!!!
Таъкид мекард, пеш аз ҳар сафар, Очакалон. «Халиф» кампир хлебро мегуфт. Ӯ пинҳон дар остин боз 1 нон мебурд. Фикр мекард, касе намедонад ин корашро. Мо медонистем. Дар остин «фатири хушки 40 сол пеш аз аскарӣ газидаи Носирҷонаш»-ро мегирифт. То баргаштаву давоми нолаашро хӯрад, қаҳрамон...
Балҷувонро низ охӯрча кард дар ин 40 сол. Ҳатто ба Виён мерафт!!! Виён 1 деҳаест дар баландтарин нуқтаи Сари Хосори Балҷувон, ки бо мардуми хоссаи «ҷазмӣ» ва пурғазаб, вале дар асл нармдилаш номовар аст. Зимнан, агар нафаре нохост таркиду гизалагӣ кард, дар кӯҳистони Кӯлоб мегӯянд, «ҷазмӣ метобӣ, виёнӣ ку нестӣ?». Аз Виён бисёр мардумони мард ва ватанпараст бархестаанд, ки то ҳол патриотанд! Роҳ ба ин деҳа онгуна сангин аст, ки баъди муҳоҷирати иҷбории ин мардум ба биёбони водии Вахш, қариб, ки касе он ҷо намерафт, вале агар мерафт, чун Абдумаҷид Достиеви номӣ, танҳо бо чархбол мерафт... Вале кампир, пои пиёда, тани танҳо, натарсида аз хирсу гургу бабру ҳаявони ваҳшиву даррандаву паррандаву чаррандаҳо соле 2-3 бор Виён мерафт. Ба деҳае, ки 1 сокин надошт. Аммо ӯ мерафту чанд шаб роҳ мепоид. Зеро медонист, ки писараш набераи Паҳлавон-Вайс, падари Раҷабполвон ва Розиқполвон асту ба ин деҳа нотарсида бармегардад:
- Аз Модар ҷасуртар кист, хонандаи ин сутур? Кӣ боз метавонад ба 1 деҳаи кӯҳманзар тани танҳо раваду ҳафтаҳо роҳ пояд???
Деҳаи Қули Сӯфиён низ мерафт, ки дар лаби обанбори Норак ҷойгир аст. Ин ҷо ҳевар, ё худ додаршавҳараш Розиқ-полвон мезист. Мегуфт:
-Носирҷон, агар Сеншуғу Виён наомад, ҳатман пеши Маҳмарозиқ меравад!
Маҳмарозиқ, Розиқ-полвон, бобои ана ҳамин Тоҷиддин Пиров, собиқ раиси Тоҷиксодиротбонк аст. Марде ҳузарб ва баландқомати кӯҳистонӣ, ки агар менишаст, қоматаш баробари мардуми рост истода будӣ!...
Вале ин ҷо низ касе аз Носирҷонаш дарак надошт.
Сипас ҷуғрофиёи ҷустуҷӯи кампир васеъ шуд. Ӯ хешовандонашро аз дараи Оби Гарму водии Ғарм ёфт. Ҳамаашонро! Касе надонад, мегӯем, Оби Гарму Ғарм дар паҳлӯи Балҷувон ҷойгиранд. 1 мардуманд, бо расму оин ва таоруфи зич ва ҳамранг. Бо хару асп чандсоата роҳ буд байнашон. Вале чун мардум муҳоҷир шуд, 1 қавм бар доми 2 мулло афтиду нуриву кабириякҳо ишонро ба кӯлобиву ғармӣ ҷудо кардаву хуни ҳамдигарӣ дар соли 1991 - 92 рехтанд, душмани ҳамдигар шуданд. Кампир агар дар зиндагонӣ мешунид ин моҷароро, хеле зиқ мешуд. Вале ӯ он замон аллакай набуд...
Қиссаи дарёфти хешовандонаш дар деҳаи Шарораи Ҳисор тамоман мавзуъи дигар аст. Кампир дар суроғи пайвандон, ки мабодо Носирҷонаш омадаву модарашро дар Сеншуғу Виёну Балҷувон наёфта, пеши ҳамқавмон меравад, онҳоро дар водии Ҳисор дарёфт. Чун дари Абдураҳиму Абдухалилу Абдулҳайро куфт, нахустин суолаш ин буд:
-Носирҷони ман наомадаст?
Қиссаи ҳузне ин 3 бародар низ доранд. Соли 1992 ҷанги “ғармиву кӯлобӣ-вовчику юрчик” сар зад ва тафтиши паспортҳо шуруъ шуд. Ба вежа дар Ҳисори Шодмон, ки умре мардум парвои насабу авлоду куҷоӣ буданҳо надоштанд, наҳзатиҳо шӯре ба бор оварданд. Ва маълум шуд, ки Абдухалилу Абдураҳим дар паспорт ғармӣ будаанду Абдулҳай кӯлобӣ...
Ин мӯҳрҳо сабаб ҳам доштанд. Таври маълум дар авоили шуравӣ Нусратулло Махсум Лутфуллоев, [01.07.1881 — 01.11.1937) - қаҳрамони Тоҷикистон, садри ҳукумати РСС Тоҷикистон буд (18.03.1931-04.01.1934). Ҳамон даврон барои чанде Балҷувон вилояти Ғарм шудааст. Зимнан бародарони бузург, дар шаҳодатномаи таваллуд мӯҳри “ғармӣ” гирифтанду Абдулҳай, ки 10-12 сол ҷавонтар будӣ, “кӯлобӣ” шуд. Ана ҳамин мӯҳр аллакай тамғаи душманӣ шуд барои ишон... Инро чун ҳушдор менависам, ки эй, бародарон, эй хоҳарон, эй миллати покнажод! Кӯр 1 бор асо гум мекунад. Ҳар ҷое муллое навхондаву нохонда дидед, муште бар даҳонаш занед, ки дигарбора миёнатон тухми нифоқ афганда, хонаатонро насӯзанд...
Кампири Раҷабгул дар вилояти Қурғонтеппаву Ленинобод ва Сталинободу Ғарму Оби Гарм ва ҳатто Бадахшон (!!!) хешу ақрабояшро ёфт, бо умеде, ки Носирҷонаш меояду ӯро кофта-кофта то Ванҷу Дарвозу Хоруғ меравад. Воқеан ҳам, касе надонад, пас бояд бидонад, ки зумрае аз мардуми бадахшӣ бархоста аз водии Хатлонанд. Зеро пешвои ин мардуму ин мазҳаб худ хатлонӣ буд:
-Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ...
Бубин хонанда, ки муллову мазҳаб 1 халқро онгуна дуру канор кардаанд, ки имрӯз наҳзатие чанд 1 миллату мазҳабро ба окопҳои мухталиф кашида бошанд, пас сепаратисте анд то ҳанӯз даъвову дағои “миллати помирӣ” доранд. Ҳоло, ки корашон дар сангарҳои хунин хок хӯрд, 1 фоҳишаяку 1 беунвонаки, ба масале олими интернетӣ, пайдо кардаанд, ки бешармона Тоҷикро тозӣ ва тожик ва қавми араб баровардаву худро помирӣ, ки Худо инҳоро занад:
Калтаки Худо садо надорад,
Баъд аз заданаш даво надорад!!!
...Кампири Раҷабгул сар аз соли 1963, дар орзуи дидори фарзанд, аз сӯзи фироқ, бар асари сели ашки шӯр, дар орзуи дидори яккаписар, Яъқубмасал нобино шуд. 17 соли дигар, то соли 1980, сари роҳ менишаст ва гӯшбароҳ буд. Аз ҳар шарфаи пой садои ошно мебардошт ва суол мекард:
-Носирҷонӣ???
Ва чун посух намешунид, зеро раҳгузарон аз ин суол гирягулӯгир мешуданд, меафзуд:
-Худо баракатат диҳад, бачам, бӯи Носир доштаӣ...
Вақте дар соли 1980 ҷон медод, нафаре аз ҳамсояҳо дарро кушоду садои ғижирроси дарро шунида, Очаи Калонии ман сарашро вардошта, бо умед суол кард:
-Носирҷонӣ???
Чун посухе нашунид, абадан чашмонашро пӯшид, то дар Биҳишт бо ҷигаргӯшаи гумкардааш дидор кунад...Ӯ то сонияи фавт умедвор буд, хушбин буд, позитив буд...
08.05.2023. Соат ба вақти Душанбе 11:32 дақиқа. Ҳамин ҳоло хоҳарбузургам апаи Зулайхо, меҳмони редаксия шуд ва чун ин матлабро хондамаш, қисса кард, ки то ҷасади кампирро дар об нагирифтем, чашмонаш боз буданд, умед доштанд, хушбин буданд...
................
................
................
...Рӯзи Ғалабаи Тоҷикписарони гумноми қаҳрамон бар Гитлери “супераврупоӣ” ва Аврупои фашистии “супердемократӣ” муборак бод! Мо шуморо фаромӯш нахоҳем кард, эй 300.000 Носирҷонҳои 16-20 солаи Тоҷик.
Шараф бар шумо, эй, 150.000 ҷавонмардони дар майдони набард фавтидаи Тоҷик, ки Аврупои таърифиву тавсифӣ ва Россияи имрӯз дар коми скинхедҳои фашистӣ футуррафтаро, аз юғи ғуломии Германия озод кардаед.
Рӯҳат шод бод, эй Очаи Калонӣ, ки рӯҳи 150 ҳазор Модари фарзандгумкардаи Тоҷикро имрӯз ёд ва шод кардӣ...
Мо Метавонем!