Умаров Саидакбар, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ки айни замон дар муҳоҷирати корӣ Федератсияи Россия қарор дорад, бо идора тамос гирифта (тел: +79013885484), аз ҳолати табоҳи биноҳои яке аз кӯчаҳои марказии н.А.Ҷомӣ шикоят намуд.
- Ман аз номи истиқоматкунандагони кӯчаҳои Сомониён хонаҳои 12 - 14 ва Нурулло Расулов 16 - 16/1, ки дар ҳамсоягии ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қарор дорад, арзе дорам:
- Аз сабаби набудани обпарто, ҷой барои партов ва ҳоҷатхона зиндагӣ дар биноҳои мо душвор гардидааст. Шумораи хоҷагиҳои ин биноҳо дар умум 21 ададро ташкил медиҳад. 2 тои он аз истифода баромада, валангор гардидаанд. Боқимонда дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ба ҷамоат ва МИҲД ноҳия борҳо муроҷиат кардаем, вале ягон натиҷае нест...