ХАБАРИ ДОҒ

Моҳи май замин «сахт меҷумбад»!!!

  • Чоршанбе, Май 17 2023

Воқеан вобаста ба зуд – зуд ҷумбидани замин, хосса дар минтақаҳои хавфноки кишвар, мо мехостем хеле барвақт матлаб нависем, вале чун моҳи шарифи Рамазон буд, нахостем мардуми рӯзадорро бо ҳар гуна хабару овозаҳои таҳлукаангез нороҳат созем ва навиштани онро ба таъхир гузоштем. Вале тавре Пӯлод Аминзода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷумбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид медорад, дар бораи заминларза гуфтану шунидан ҳеҷ гоҳ дер нест.

 

Натарсед,ин барои машқу тамрин аст! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон хабар дод, ки дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро оид ба омодагии аҳолӣ ба заминҷунбӣ ва рафтори дуруст ҳангоми рух додани он, дар давоми моҳи майи соли 2023 баргузор менамояд. Тавре маркази матбуоти ин ниҳод таъкид медорад, ҳадафи баргузории ин чорабиниҳо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба омодагӣ ба заминҷунбӣ ва рафтори дуруст ҳангоми ба амал омадани он, мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон даъват менамоянд, ки дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ин дар ҳолест, ки тайи беш аз 1 моҳи ахир шуруъ аз 20 марти соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар чанд маротиба замин болотар аз 3 - 4 бали ҷадвали Рихтер ларзида, сокинони мамлакатро ба таҳлука овард. Ҳоло ҳам ҳафтае нест, ки дар бораи ларзидани замин дар наздикиҳои кӯли Сарез ва ВМКБ хабаре нашнавем.

 

18 заминҷумбӣ дар 3 моҳ

Бино ба итиллои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 моҳи соли 2023 дар қаламрави кишвар 411 ҳолати фавқуллодаи табиӣ рӯй додаанд.

Аз он ҷумла, 335 ҳолати тармафароӣ, 19 ҳолати резиши санг, 18 ҳолати заминҷумбӣ, 16 ҳолати ярчфароӣ, 13 ҳолати омадани сел, 6 ҳолати барфу борони шадид, 2 ҳолати борони сахт, 1 ҳолати сардии аз ҳад зиёд ва 1 ҳолати баланд шудани оби дарё аз меъёр ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин теъдод, 19 ҳолати фавқуллодаи табиӣ аз ҳама бештар зарар оварда, хисороти расида ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар 20 млн.400000 сомониро ташкил менамояд. Дар пайи ин офатҳои табиӣ 24 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксарияти офатҳои табиӣ дар миқёси ВМКБ ба вуқуъ пайвастанд.

Шумораи ғаркшудагон дар дарёву обанборҳои мамлакат дар 3 моҳаи аввали соли ҷорӣ 18 нафарро ташкил намуд, ки аз ин 9 нафарашон ноболиғи то 16 – сола мебошанд.

 

Овозаҳо ба нафъи кист?

Тавре аз итиллои расмӣ бармеояд, ларзиши замин бештар аз ҳама дар нимаи дуюми моҳи март сурат гирифтааст.

Субҳи 18 март заминларзаи 4 балла сокинони ш.Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳуриро аз хоб бедор сохт. Дар пайи он шоми 20 март бори дигар замин ларзид, ин дафа шадидтар шуда, 5 баллро ташкил намуд.

Маротибаи сеюм заминларзаи шадид 23 март ба вуқуъ пайваст: 5 - 6 балл. Заминларзаҳои пасиҳам сурат гирифта, мардуми кишварро ба таҳлука оварданд. Аз ин ҳангоматалабон истифода бурданду овозаҳои гуногуни беасос паҳн карданд.

Мисле, ки соли 2010  нафаре бо 1 – 2 СМС мардуми тоҷикро аз хоби гарон бедор сохту маҷбур кард шабро дар кӯча рӯз кунанд. Он замон бо овозаи он, ки фалон соату фалон дақиқа дар фалон ҷо замин сахт меҷумбад: 7 – 9 балл тамомии сокинони Тоҷикистон ба кӯча баромада буданд.

Мақомот то ҳанӯз дастандаркорони ин овозаҳо ва рӯ ба кӯча задани 7 млн. аҳолии мамлакатро бо хабару овозаҳои бардурӯғ пайдо накарданд, вале ҳар касе дар пайи ин амали муғризона истода буд, ба фоидаи ширкатҳои мобилӣ кор кард – он шому шаб ин ширкатҳо миллионҳо сомонӣ кор карданд…

Воқеан ҳам версияи дар ин диверсия-овоза даст доштани ширкатҳои мобилиро масъулин матраҳ карда бошанд???

 

Домсозон посух мегӯянд?

Дар пайи заминларзаҳои шадиди нимаи дуюми моҳи март, хосса рӯзи 23.03.2023, ки ба баъзе аз деҳаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ зарари ҷиддӣ расониду оғилу саройу хонаҳои гилини мардум чаппа шуд, Рустами Эмомалӣ, раиси МММО Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораву кумита ва сохторҳои марбутаи соҳа дастур дод, ки тамомии биноҳои баландошёнаи кишвар аз лиҳози тобовар будан ба заминларза санҷида шаванд. Дар пайи ин Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ комиссияи вежа аз ҳисоби мутахассисон ташкил намуд ва онҳо ба санҷиши сохтмони биноҳои истиқомативу маишии шаҳрҳои калони кишвар шуруъ карданд.

Ба мухбири СССР дар кумитаи мазкур гуфтанд, ки санҷиш ҳанӯз идома дорад ва дар бораи он сохтмончиёну домсозоне, ки талаботи ба заминларза тобоварро зимни бунёди бино риоя накардаанд, ҳатман чораҷӯии ҷиддӣ андешида мешавад. Мо афзуданием, ки ному насаб ва ширкатҳояшонро низ бояд ифшо кард!

 

Заминҷумбӣ пешгӯишаванда нест!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид медорад, ки заминҷунбиҳо пешгӯӣ карда намешаванд ва сокинон бояд ба овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

Аз идора: Мо тасмим гирифтем бо Пӯлод Аминзода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷумбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба зиёд шудани заминларзаҳо, тобовар будан ё набудани биноҳои навсоз дар шаҳрҳои калони кишвар, пешгӯии олимон ва вазъи сейсмологии ҷумҳуриву минтақа ва ҷаҳон суҳбат намоем.

Пӯлод Аминзода дар сафари корӣ буда, пас аз бозгашт ҳатман ба суолҳои хонандагони газетаи СССР посух хоҳанд гуфт. Зимнан агар суоле доред, ба редаксияи мо ирсол наомед ва худ гӯшбақимор бошед!

Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter