ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: ҷӯгӣ шав!

  • Чоршанбе, Май 17 2023

Сиру асрор ва зиндагии лӯлиҳои тоҷикнишини кишварамон шояд барои баъзеҳо мисли ман аҷиб бошад. Расо 45 рӯз ман мунтазир шудам то аз байни онҳо дӯсте пайдо намояму дар бораи зиндагии ҳақиқӣ ва асрори талбандагиашон маълумот пайдо кунам. Бо супориши редаксия ва умеди ошноии амиқ бо зисти эшон ба ҷамоати деҳоти Ҳалеварди н.Ҷ. Балхӣ, ба масале Пойтахти лӯлиҳои кишвар,  роҳ пеш гирифтам. Зеро танҳо дар ин деҳа шумораашон ба ҳисоби оморӣ марзи 3000 нафарро убур кардааст.

 

Ҷӯгиҳои ҳалевардӣ

Шуғли асосии ҷӯгиҳои ҳалевардӣ талбандагӣ буда, ин кори худро аз насл ба насл мерос мегузоранд. Айни замон лӯлиҳо талош доранд то фарзандони худро мисли дигар нафарони комилҳуқуқ соҳиби илму дониш намуда, соҳибкасб гардонанд. Шумораи кӯдакони лӯлиҳои мактабхон аллакай ба 100 нафар расидааст. Кӯдакони лӯлиҳо дар 3 муассиса таҳсил мекунанд. Ҳамчунин соле чанд соҳибкори муваффақ аз табори лӯлиҳо аз ҷониби МИҲД ноҳия ва вилоят ба гирифтани сипоснома сазовор дониста мешавад.

 

Соҳибкорони муваффақу ободкор

Саҳме, ки баъзе аз "авлод" дар ободонии ноҳияи Ҷ.Балхӣ анҷом додаанд, барои баъзе аз Ватандорон намунаи хуби ибрат шуда метавонад. Ҷӯгиҳо ҳамдигариро «авлод» мехонанд.

Нуриддин Яров, сокини ҳамин ноҳия буда, аз лӯлитаборони муваффақ ба ҳисоб меравад. Ӯ тасмим гирифтааст то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳои шахсӣ 1 истгоҳи замонавӣ, ки ба шоҳроҳи ҳудуди ноҳия наздикӣ дорад, сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Воқеан ҳам кару фар ва шаҳомати хонаҳои баъзе аз "авлод"- ро мову шумо надорем. Аксарияти биноҳои эшон дуқабата ва замонавист. Гумон кардам, ки ягон лӯлибача қизиқи рондани тамғаи «Опел» - ро надорад. Зеро мошинҳои гаронарзишро меписанданд! Тавре раиси ҷамоати болозикр иброз дошт, ҳар сол аз ҳисоби онҳо ҳам ба сафи Артиши миллӣ ҷавонмардон пазируфта мешаванд.

 

1 кило мӯ – 620 сомонӣ…

Боз чизи дигаре, ки маро ором намегузошт ин ҷамъоварии мӯйи сар аз ҳисоби бонувони лӯлӣ буд. Ба ин саволам ҳам посух ёфтам, ба ту ҳам мегӯям хонандаи азиз:

-Назди деҳаи Максим Горкий ҳамарӯза бозори хариду фурӯши мӯйи сар ташкил шудаву 2 нафар аз қабулкунандаи мӯй дар наздашон тарозуҳо бо навбат мӯйи ҷамънамударо бо нархҳои гуногун месупоранд. Занҳо аз субҳ то шом хона ба хона гашта, мӯй ҷамъ меоранд. Чи гуна?! Ҳозир мефаҳмонам. Онҳо косаю табақ, чаламчиву обгирак, кафлесу кошуқ, шонаю дигар ороишоти занонаро дар халтаҳо гирифта, бар ивази мӯйи сар ба сокинон иваз мекардаанд. Аснои бозгашт наздикии бозор мӯйҳоро бо лой омехта мекунанд! Чун сабаб пурсон шудам, барои гаронии вазн будааст!!!

 Дар натиҷа 1 килограмм мӯи сар аз 500 то 620 сомонӣ ба фурӯш меравад. Арзиши мӯй вобаста ба сифати он аст.

 Дар ватани мо корхонаи коркарди мӯй нест, чаро онҳо дигар чиз нею маҳз мӯй ҷамъ меоранд?

Алӣ Ёронов, раиси маҳаллаи болозикр дар суҳбат қайд кард, ки бо кадом як ҷамъияти муштараки чинӣ шартнома дошта, маҳсулоти хом – мӯйро онҳо бо маблағи гарон мехаридаанд. Ҳар ҳафта бошад намояндаашон барои қабули мӯй ба минтақаи мо меояд. Яъне, мӯйро хитоиҳо мехаранд! Дар ин моваро 1 чиз хушбинакунанда аст:

-Ҷӯгиҳо тоҷиконро на, ки хитотиҳоро бо лойоба фиреб мекунанд. Ошашон шавад! Метавонанд!!!

 

Лӯлиҳои «фук дар равған»

Лӯлиҳо нафарони одӣ нестанд. Аз забони онҳо гирифтани сиру асрор кори саҳлу осон набудааст. Лек мо дар чангак нони қоқ монда, чанд ногуфтаҳои асроромези холаи Бибӣ Анварро ба даст овардем.

Холаи Бибианвар шукрона аз давлати тинҷу осуда намуда, аз асли Ватани худ...Бухоро ёдовар шуд. Яъне ӯ аз қавми авлоди Бухро будааст. Воқеан ҳам, миёни ҷӯгии кӯлобиву панҷакентиву қурғонтеппагиву бухороиву самарқандӣ ҳеҷ фарқе нест. Авлод ҳама ҷо АВЛОД аст!

Мавсуф 4 фарзандро бо нони лӯлигӣ ба воя расонидааст. Мафҳуми лӯлӣ - ҷӯгиро ин хола гуфт, ки калимаи лӯлӣ аз қадим омадааст.

   - То ҳол мо худамон намедонем, ки ин чи маъно дорад. Боз будаанд оилаҳое, ки аслашон лӯлӣ, аммо талбанда нестанд. Баъзеи дигараш умуман фукаш дар рӯған тар,ягон ҷо талбандагӣ намераванд, афзуд бо ҳасрат ва нафрати ошкоро нисбат ба ҷӯгиҳои бодавлат, холаи Бибианвар.

 

 

Нони қоқ барои кӣ?

Мушоҳида намудам, ки ин қавм халтаҳои хурд надоранд. Барои ҷамъоварии нони қоқ бояд халтаҳои махсус дошт. Дар ҳар хонавода чорвои калони шохдор парвариш меёбад. Гумон доштам бо он нонҳои ҷамъкарда гову мол нигоҳубин мекунанд. Гумонам ботил баромад. Нафари дигаре ба ин суолам посух дод, ки «на, мо нонҳоро мехӯрем. Онҳое, ки қоқ аст албатта ба говон медиҳемаш!».

Пай мебарам, ки ин ҷо чи сирри дигаре пинҳон аст. Хулоса ин саволам муаллақ монд (аз шунидам инҳо махсус бо ин нон буққаву гӯсфанди зотӣ парвариш карда, ба қассобони маъруфи тоҷик мефурӯшанд!)

 

Ман ҷӯгиям!!!

Ба хотири огаҳии бештар ёфтан аз даромади бедардимиён мо ҳам шомили қавми лӯлӣ шудем. Бовар кунед, 1 деҳаро гашта, 1 миқдор нон ва дигар анвои хӯрданӣ, инчунин 78 сомонӣ кор кардам!!! Осемасар пуламро бо даромади аз редаксияи СССР буда, зарбу тақсим кардам:

-Ман мегирам... сирри редаксионӣ... вале журналистон медонанд маоши ҳамдигариро... Ин ҷо дар 1 рӯз ёфтам 78 сомонӣ. Яъне,

Х=78х30

Х=2340 сомонӣ

Ва ин ҳама бе нону кулчаву қанду қандалот...Чум ҷӯгӣ шавам-мӣ???

 Вале зуд журналист будани маро дарёфтаву ошкор карда, аз "авлод " ҷудо намуданд!!!

 

Лӯлӣ-патриот!!!

Ман дар ин рӯз шоҳиди он гаштам, ки чи қадар лӯлиҳоли таҳҷойии ноҳияи Ҷ. Балхӣ ин сарзамину ин миллатро дӯст медоранд. Ба қадри имкон барои ободониаш саҳм низ мегузоранд. Дар ҳоле, ки аз онҳо касе чунин ғамхориҳоро интизор нест!

Мехоҳед бо ҷӯгиву талбандагони профессионали дигар низ ошно шавед? Пас бо СССР бимонед. Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон 

 

 

     

 

   

   

      

      

 

    

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter