ХАБАРИ ДОҒ

Рустами Абдураҳим: (05.05.1938 - 24.10.1992).

5 майи соли 1938 дар деҳаи Момандиёни ноҳияи Муъминобод, дар оилаи Раиси Абдураҳим ва бибии Шарафнисо, баъди марги 13 фарзанд яккаписари деринтизор Рустам ба дунё омад. Бо мурури замон манзараҳои нотакрори диёр, ҳавои тоза, чашмаҳои мусаффо ва муҳити меҳмонони хонадон аз қабили шоирон, мутрибон, сухангустарон ва аҳли зиё дунёи Рустами кӯчакро рангоранг ва ӯро бузургсолор намуданд.

Шавқи Рустам ба илмомузӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, васф ва ҳимояи Ватани маҳбуб тариқи шеъру мусиқӣ бо мурури замон зиёд гардида, ин ҳама алоқамандиҳо пайроҳаи минбаъдаи ҳаёти ӯро муайян карданд.

 

 

Бояд ба синни мубораки 85 мерасид...

31 сол боз зиндагиномаи Рустами Абдураҳим, ки шоистаи ибрат ва омӯзиш мебошад, шогирдон ва ҳаводорони созу оҳангҳои нотакрори ӯро дар ин рӯз бе ихтиёр ба ҳам меорад. Онҳо аз паҳлӯҳои гуногуни зиндагии родмарди асил, падари мушфиқ, нобиғаи нотакрор, устоди ҳазорон шогирд ва билохира фидоии Ватан, ки дар роҳи ҳимоят аз сохти Конситутсионии ҳукумат ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷон бохт (1992), ба некӣ ёд меоранд.

 Соли 1994, он замон бо Қарори Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯ бо унвони Артисти Шоистаи Ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардид. Ин иқдоми қадршиносонаи роҳбари давлат ҷойгоҳи Рустами Абдураҳимро дар саҳифоти таърихи Ватани тозаистиқлоли мо абадан муайян намуд.

Ҳамасола ба ифтихори гиромидошти ҳунари нотакрори Рустами Абдураҳим бо дастгирии Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Кӯлоб ва шӯъбаи фарҳанги вилояти Хатлон дар қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, ҷамъбасти озмуни дуторнавозони шаҳру вилоят баргузор мегардад. Осорхонаи Рустами Абдураҳим маркази илму маърифат барои ҷавонон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб гардидааст. Дар зодгоҳи эшон ин рӯзро бесаброна интизор шуда, бо ифтихор фарзанди баруманди диёрашонро ёд меоранд.

Рустами Абдураҳим зиндагии пурпечутоб ва шоистаи ибратро дар тули 54 соли умри доштааш ба сар бурдааст. Наздикон ӯро чун зиёии ҳақиқӣ, дуторнавози нотакрор ва дӯсти беғараз ба некӣ ба ёд меоранд. Рӯҳашон шод ва манзили охираташон обод бошад.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!

 

Шаҳло Абдураҳимзода,

духтари марҳум Рустами Абдураҳим

 

 

Аз СССР: Рустам ва командаи ӯ

            Рустами Абураҳим дар саргаҳи бедории сиёсӣ дар даврони ба ном рукуди сотсиалистӣ ва эҳёи бозсозӣ қарор дошт. Созмони «Ошкоро», ки ахирӣ бо чанде аз номдорони Кӯлоби советӣ рӯи кор овард, бо шумули Шер Гул, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Маталӣ, Қурбон Зардак, Сангак Сафаров, Мираҳмади Амиршо ва дигарон, аз худ дар соатҳои сангини сари кишвар омада, дарак доданд...

 

Нахустин норизоиён

Дар саргаҳи муқовимат бо муллоҳои фанат ва наҳзатиёни давлатмаст, ки мехостанд, дар кишвари мо минӣ-давлати исломӣ роҳандозӣ кунанд, маҳз Рустами Абдураҳим меистод.

Ин ӯ буд, ки дар моҳи апрели соли 1992 халқи Кӯлобро дар майдони Сурхи маҳаллӣ ҷамъ намуда, сӯи пойтахт равон кард. Ва агар ин корро Рустам ва командааш намекард, Тоҷикистон шояд барҳам мехӯрд ва зери юғи муллоҳои толиб ва ихвон ал муслимин мемонд.

25.04.1992. Мардуми Кӯлоб дар Майдони Сурхи дигар, ки ҳамакнун номи гӯшнавози Озодӣ гирифта буд (озодӣ аз чӣ? Шояд ғуломӣ беҳтар будӣ, зеро муллоҳо маҳз дар ҳамин майдон Маҳкамовро нагун кардаву худро «озод» намудаанд), хайма заданд ва хишти нахустини «муқовимати халқӣ» гузошта шуд. Ин муқовимат баъдан тағйири ном намуда, дар шароити «ҷанги гражданӣ» исми Фронти Халқӣ гирифт.

           

Озодӣ ва Шаҳидон

Ашаддитарин муқовимати миллӣ маҳз ҳамин соатҳо рух дод. Сар аз авохири апрел миллат ба 2 қисм ҷудо шуд:

1.    Муллову фиребхӯрдаҳои онҳо, ки то дандон мусаллаҳ шудаву аз паи ниқор гашта буданд ва;

2.    Халқи Тоҷикистон ва Миллати Тоҷик, ки аксарияти куллро таъсис медоданд.

Дар миён, интеллигенсияи тарсу ва депутату курсидорони дурӯя сӯи наҳзатиҳо майл ва зимоми давлатро ба дасти онҳо доданд. Шоирони номдори мо ба муллоҳо мадҳияҳо навишта, муқовимати миллиро, ки барои ҳифзи Ҳукумати Конститутсионӣ бархеста буд, мазаммат мекарданд (архивҳо дореммм).

Расонаҳои давлатӣ пурра ба дасти муллоҳо гузашт. Онҳо ҳатто Радио ва Телевизионро дар навбати аввал ғасб намуда, ба таблиғу ташвиқи идеяҳои хоми хеш шуруъ карданд.

Ва дар ин миён танҳо Рустами Абдураҳим ва командаи ӯ буд, ки минбарро ба тахт баробар намудаву ба ифшосозии сирру асрори наҳзатиён пардохтанд. Ин аст, ки Рустами Абдураҳим «Душмани №1» барои оппозитсия эълон гардид ва шикораш шуруъ шуд!!!

 

Боздошт ва қатли Рустами Абдураҳим

25.10.1992. Охирин корномаи Рустам ва командааш ин шуд, ки ба таври ғайримунтазира бо Сафаралӣ Кенҷаев вориди пойтахт шуда, дар навбати аввал бинои Радиокомитетро гирифтанд. Рустами Абдураҳим шахсан мурвати Радиоро тоб дода, эълон кард, ки Тоҷикистон аз оппозитсия озод ва президенти ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев шуд...

Ин баромади нобаҳангом чун тарошае аз бом гардид. Зеро саркардагони муқовимат бо шумули Сангак Сафаров, бародарон Чоловҳо, Файзалӣ Саидов, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев аз ин моҷаро бехабар буданд.

Бо сарварии «қатании Тоҷик» ва дутории маъруф, аз ҷониби Турсунзода ва Ҳисор ҷангиёни таҷрубанадошта озими пойтахт шуданд.

Ҷаббор-десант Бӯриев, яке аз ҷангиёни номии Фронти Халқии Восеъ, ки бо «Бозори риш»-қаҳрамони дигари ин ҷанг вориди Душанбе шуда буд, қисса мекард, ки;

-бачаҳо усулан ҷанг чист ва автомат кист, намедонистанд. Ин аст, ки вақте кӯпруки Путовскийро мегузаштему оппозитсия аз баландӣ тир кушод, ин бачаҳо ҳамдигариро паррондан гирифтанд. То мо «бас кунед, напаронед!» гуфта силоҳашонро гирифтем, ки нисфи худро куштанд...

...Ин аст, ки ин штурми Кенҷаев зуд анҷом ёфт. Худи Кенҷаев ба полки 201 фирор карда, сипас ба Ленинобод гурехт. Рустами Абдураҳимро боздошт карданд...

 

Аз Архиви СССР:

Дар бораи ин қазия СССР борҳо навиштааст. Ин ҷо ин матлабро мекорем, то хонанда аз он рӯзҳо огаҳ шавад, ки чӣ шуду чӣ пеш омад???

 

ТЕРРОРИ РУСТАМИ АБДУРАҲИМ (25.10.1992)

СССР, Чоршанбе, Июн 19. 2019. Рӯзи25.10.1992, соати 6:00-и субҳ ба бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастаҳои ҷиноӣ аз ш.Турсунзода ҳамла карданд. Ба ин дастаҳо Раиси собиқи ШО Сафаралӣ Кенҷаев фармондеҳӣ мекард. Дастаи ҷиноии 300-нафараро, ки бештарашон шаҳрвандони Узбакистон буданд, қумандонҳои саҳроии ш.Турсунзода ва н.Шаҳринав сарварӣ доштанд. Дастаҳои мусаллаҳ бинои Ҳукуматиро зери тирборон гирифта, баъди ворид шудан ба бино, ҷевонҳо, говсандуқ (сейф)-ҳоро шикаста, пулу пайса меҷустанд. Маҳз ба ин хотир ман онҳоро на "Фронти халқӣ", балки дастаи ҷиноӣ унвон мекунам. Рустами Абдураҳим бо даъвати Кенҷаев аз ш.Кӯлоб ба ш.Турсунзода омада, ҳамроҳи ӯ ба ш.Душанбе рафт. Кенҷаев ва Р.Абдураҳим бо ҷангиёни худ, субҳ бинои Кумитаи радио ва ТВ - ро тасарруф намуданд. Р.Абдураҳим тавассути Радиои Тоҷикистон С.Кенҷаевро президенти Тоҷикистон эълон кард.

Рустамро кушта, пас оташ мезананд...

Тақрибан соатҳои 9 роҳбарияти ҷумҳурӣ ҳам бедор шуда, аз қумандонҳои саҳроии мухолифин даъват карданд, ки шаҳрро аз вуҷуди ҷинояткорон тоза кунанд. Озодсозии Кумитаи Радио ва ТВ ба зиммаи Абдуғаффор Худойдодов вогузор шуд, ки яке аз бераҳмтарин фармондеҳони мухолифин будӣ. Ба мулло Абдуғаффор аён шуд, ки Кенҷаев дар дивизияи 201-и ФР паноҳ бурдаву Р.Абдураҳим бошад ба самти кӯчаи Бухоро гурехтааст. Худойдодов фавран ба ҷустуҷӯи ӯ мебарояду пайдо мекунад. Ҷангиёни мухолифин Р.Абдураҳимро қапида, ба ҳудуди автобазаи 3 оварда, вориди утоқе карда, 7 нафар ҷангӣ аз автомат тирборонаш намуданд. Пас аз ин ҷасади хуншори ӯро дохили халта карда, ба маҳаллаи ДОК бурданд. Ҷасадро дохили қуттии партовгоҳ дохта, оташ заданд. 

...Нохудогоҳ дар сари одам фикре хутур мекунад, ки оё мешавад исломистонро мусалмон ҳисоб кард? Инҳо бештар шабеҳи ҳайвон дар пӯсти одамӣ буданд...

Давлатхоҷа Назиров,

доктори илмҳои фалсафа, узви ИНТ, афсари мустаъфии КДАМ

 

Зиндагонии Рустамона

Оҳангсоз, машшоқ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1993, баъди кушта шуданаш), Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон. Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо соли 1966 хатм кардааст. Аз соли 1991 мудири маркази илмӣ-методии Хонаи эҷодиёти халқ ва аз соли 1992 сардори Раёсати фарҳанги вилояти Кӯлоб. Савту ромишҳои эҷодкардаи ӯ «Навои Хатлон», «Хайрбод», «Гулгашти Самарқанд», «Нӯшбод», «Навои Момандиён», «Сӯзи булбул», «Аллаи Модар», «Дарди ишқ», «Баргрез», «Фироқ», «Гулафшон», «Ҷилваи кокул», «Сӯзи дил» мухлисони зиёд пайдо кардаанд. Зиёда аз 40 оҳанги раҳматии Рустам дар хазинаи тиллоии радио ва ТВ маҳфузанд. Навозишҳои ӯро фирмаи «Мелодия» ба тариқи стерео дар қарта сабт намуда, дастраси умум гардонидааст. Иштирокчии фестивалҳои байналмилалии мусиқанавозон дар РСС Қазоқистон (с.1987) ва шаҳри Ленинград (с.1988). Қасри фарҳанг ва мактаби мусиқии №1-и шаҳри Кӯлоб, чандин мактаб дар навоҳии Шӯрообод ва Мӯъминобод ба номи Рустами Абдураҳим гузошта шудаанд.

 

Ниқори Рустамона

Қатли бераҳмонаи Рустами Абдураҳим миллати тоҷикро боз ҳам муттаҳид намуд. Фронти Халқӣ, бо шербачаҳояш вориди Душанбе шуда, ниқори Рустамро гирифт.

100 афсӯс, ки ӯ то пирӯзии Ақл бар Ҷаҳл зинда намонд. Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки ана ҳамин сулҳу осоише, ки имрӯз дорем, дар саргаҳаш Рустами Абдураҳимҳо - шаҳидони роҳи озодии миллат аз вандализми асримиёнагии наҳзатиҳо меистоданд. Ёдашон гиромӣ! Мо Метавонем!!!

 

М.Мубориз

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter