ХАБАРИ ДОҒ

Душанбешаҳро рӯз то рӯз зебо мебинам, албатта бо талошҳои раиси ҷавон Рустами Эмомалӣ! Аммо чӣ илоҷ, ки қарору супоришҳои ин мири шаҳр ба пуррагӣ иҷро намешаванд. Мисол мехоҳед? Марҳамат ба кучаи марказии Неъмат Қарабоев бингаред, дар назар аст қисмати аз 46 мкр то Маркази автомобилӣ (Автосентр). Дар инҷо анбуҳи зиёди таксиҳои самти ноҳияҳои Ёвону Темурмалик, Рӯдакиву Данғара, шаҳрҳои Бохтар (дигар самти ноҳияҳои Хатлон) Кӯлоб, Восеъю, Муъминобод қад - қади роҳ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд. Ин гуна таксиҳо ба аксари талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нестанд, роҳро банд мекунанд, ба тамбашавӣ сабаб мешаванд, оромии шаҳрро бо овозҳои даъватгаронаашон халалдор месозанд, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ – автобусу троллейбус бударо гирифтаанд, ва боз чанд мисолҳои дигар. БДА ба куҷо менигарад?

Бо омадани кормандони БДА ба ин мавзеҳо дарҳол ин таксистҳо мошинҳои худро ба таги биноҳои истиқоматӣ ронда, лаҳзае пас боз ба ҳамон ҳолати аввала бармегарданд. Магар ин роҳи ҳал аст? Албатта не!

Ин ҳолат тайи чанд соли охир идома дорад. Гарчанде ҷойҳои махсус, 2 терминали калон дар назди дарвозаи шаҳр сохта шудааст, аммо ронандагон ин нуқтаҳоро сарфи назар мекунанд, ба ғайр аз ронандагони н.Ховалинг, ки эшонро ҳар рӯз дар Терминали Ҷанубӣ дидан мумкин аст.


БДА, Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар ш.Душанбе ва шуъбаи нақлиёти МИҲД ш.Душанбе – ин бесарусомонӣ то ба кай?

Маҳмадалӣ Қувватзода,

сокини ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter