ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Дӯстӣ рав!

  • Чоршанбе, Май 24 2023

13.05.2023. Соат бо вақти Дӯстӣ 08:30 дақиқа. Бо супориши редаксия мо имрӯз ба ноҳияи Дӯстӣ омада, нахуст дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ин ноҳия -  Даврон Нишонзода иштирок кардем. Бояд гуфт, ки Даврон Нишонзода то омадан ба ҳайси раис ба ноҳияи мазкур, чанд сол раисии ноҳияи дигари вилояти Хатлон – Носири Хусравро бар ӯҳда дошта, новобаста аз раиси ҷавон буданаш, дар кордонӣ таҷрибаи зиёде андӯхтааст. Мо инро зимни бархӯрдаш бо мардум дидем.

  

Проблемаи №1 – замин!

Соат бо вақти Дӯстӣ 09:00 дақиқа. Мо расо соати 08:59 дақиқа ба қабулгоҳи раиси ноҳия ворид шудем. Ҳамон лаҳза Даврон Нишонзода вориди утоқи корӣ гашта, ба қабули шаҳрвандон оғоз намуд.

Мисли дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар, аксари сокинони н.Дӯстӣ низ аз раис дархост менамуданд, ки барояшон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардад. Дар ин ноҳия ҳам проблемаи асосӣ ин замин аст!

Дар ин рӯз 12 нафар сокинони ноҳия ба қабули раис омада, агар аксарият тақозои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мекарданд, боқимонда кӯмаки иҷтимоӣ мехостанд. Даврон Нишонзода то тавонист дар доираи имкониятҳои МИҲД хостаҳои мардумро қонеъ намуд.

 

Кӯҳнадузон сарпаноҳ ёфтанд!

Журналист Оламгули Мазлум чанд маротиба дар бораи мушкилоти кӯҳнадӯзони н.Дӯстӣ дар газетаи СССР матлаб навишта буд. Бояд гуфт, ки ин масъала ҳам дар қабули навбатии раиси ноҳия матраҳ ва дар шоҳидии намояндаи газетаи СССР ҳалли худро ёфт

Дар ноҳия 390 нафар маъюб ба қайд гирифта шуда, тамомии онҳо аз ғамхориҳои давлату ҳукумат бархӯрдоранд. Бо дастури Даврон Нишонзода дар кӯтоҳтарин фурсат дар маркази ноҳия 1 маркази корӣ ва 1 мағозаи махсус таъсис гашта, дар он кӯҳнадӯзону ҳунармандон ҳам кор мекунанд ва ҳам маҳсулоти ҳунари худро метавонанд ба фурӯш гузоранд. Беҳтарин иқдом!

 

Замин – пеш аз ҳама ба омӯзгорон ва наваскарон

Зимни қабул аён гардид, ки дар самти маориф, ки соҳаи калидии кишвар маҳсуб меёбад, кор зиёд аст. 1 иқдоме, хубе ки дар ин ноҳия ҷорист ва метавонад намунаи ибрати дигар роҳбарон гардад, ин ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорон ва ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мепайванданд, аст.

Лозим ба таъкид аст, ки моҳи апрел аз ҷониби МИҲД н.Дӯстӣ бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ба 106 нафар сокинони ноҳия қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.

Тибқи иттилоъи ба мо расида, ба 106 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманди ҷамоатҳои шаҳраки “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҷиликӯл”, “Деҳқонобод”, “Нури Вахш” ва “Г.Гулмуродов”-и ноҳияи Дӯстӣ тариқи қуръапартоӣ ба масоҳати 0.12 гектари қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои маҳалии аҳолинишини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи №24 харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии Улуғбек дар майдони умумии 16,49 га аз он ҷумла: 12, 72 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои истифодабарии якумраи меросӣ ба шаҳрвандон, 0,12 га зери партовгоҳ 0.08 сохтмони Бунгоҳи тиббӣ, 0.09 га барои сохтмони боғчаи бачагона 0,07 кабудизоркунӣ, 3.39 га заминҳои зери роҳ ва ҷӯйборҳо, 0.02 га зеристгоҳи барқӣ барои истифодаи умум тақсимот карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси аризаҳои пешниҳодкардаи сокинон ба ҳама гуна қишри аҳолии ноҳия, аз қабили омӯзгорон, табибон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шаҳрвандони эҳтиёҷманд тақсим гардид.

 

31 соли дигаргунӣ

Вақте, ки аз ҳудуди ноҳияи Ҷ. Балхӣ гузар мекунӣ, аз даромадгоҳи ноҳия аллакай Дӯстии чанд сол пешинаро дидан душвор аст. Тайи чанд соли ахир биноҳои нав қомат афрохта, симои ноҳияро дигаргун кардаанд. Яке аз чунин биноҳо бинои Беморхонаи марказии ноҳия аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд ёфта, ба мардуми ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад.

Бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия Қасри фарҳанг, майдони варзишӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, мактаби мусиқӣ аллакай барои сокинону меҳмонон дари худро боз намудаву хизмат мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки ба ҳолати моҳи апрели соли равон 21 адад иншоотҳои тайиноти гуногун бунёд, таҷдид ва азнавсозӣ карда шудааст.

 

Мактаби Махтумқулӣ

Ҳафтаи гузашта бошад, зимни сафари нахустини давлатии Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нав дар н.Дӯстӣ оғоз бахшида шуд.

Мактаби мазкур барои 1080 ҷойи нишаст дар 2 баст тарҳрезӣ шуда, он бо номи Муассисаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ бунёд мегардад.

Бунёди мактаби мазкур тӯҳфаест ба ҷашни таърихиву тақдирсози миллат – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

Дар ҳамин маврид:-------------------------------------

Заминҳои ғасбшударо баргардонданд!

Чанде пеш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Дӯстӣ, хосса раиси ноҳия Даврон Нишонзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи кори ин комиссия, ки ба он намояндагони сохторҳои қудратӣ ва дигар масъулон ҷалб гардида буданд, заминҳои дар солҳои гузашта тасарруфшудаи муассисаҳои таълимӣ ба давлат баргардонида шуданд.

Тавре ба мухбири мо Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ дод, қисме аз заминҳои муассисаи таълимии №20 аз тарафи шаҳрвандон солҳои қаблӣ тасарруф шуда, барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, инчунин майдончаи варзишӣ дар муассисаи мазкур аз норасоии замин мушкилот ба миён омад. Ҳоло заминҳои номбурда бо ҷалби масъулин баргардонида шуданд, ки дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаи варзишӣ истифода бурда мешаванд. Дар ин ҷой бинои иловагии дуошёна барои 240 нафар хонанда қомат афрохта хоҳад шуд.

Дар муассисаи таълимии №47 низ сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ сурат мегирад. Дар назди ин муассиса низ сохтмон анҷом дода мешавад, вале то ин дам бо сабаби тасарруфи ғайриқонунии замин аз тарафи сокинон норасоии замини ҳудуди муассиса мушоҳида мешуд. Акнун бо барқарор кардани заминҳои мазкур мушкилоти мазкур аз байн рафт. Ин ҷо низ заминҳои тасарруфшудаи барои майдончаи варзишии замонавӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ истифода бурда мешаванд.

Беҳтарин иқдом дар чанд соли ахир ва намуна барои раисони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар. 

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter