ХАБАРИ ДОҒ

 

 

«Нозим» ном қумандони маъруфи каллабурри ҳизби наҳзат, баъди ба асорат афтодани 14 милиса - корманди ВКД ҶТ дар мавзеи Норак - Чормағзак, онҳоро ба 1 чуқурӣ дароварда, бо усули бераҳмона мепарронад ва намегузорад, ки ҳатто ҷасадҳоро таки хок кунанд.

Дар ҳама давру замонҳо қатли асирон «Ҷинояти низомист» ва Кабирӣ, ки имрӯз дар Аврупои ба масале «дили демократия» пинҳон шудаасту сарварии ин ҳизби террористро бар душ дорад, БОЯД барои ин ҷиноят дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Ҷинояти ахирии наҳзатиҳо аз лафзи шоҳидони моҷаро. Матлабро бе таҳрир мегузорем. Мо Метавонем!

 

Акаи Комил симояш мисли русҳо буд, ҳама фикр мекарданд, ки рус аст. Аммо раҳматӣ ғурури баланди тоҷикӣ дошт. 1 тамкину оромии махсус дошт. Дар ВКД-и ш. Кӯлоб милисаҳоро машқи варзишӣ медод. Тренери каратэ буд. Обрӯи на танҳо деҳи мо - Чорбоғу Сиёв, балки обрӯи Тоҷикистон буд!

Нақл мекунанд, ки дар мавзеи Чормағзак бо усули каратэ чанд нафар аз мухолифинро зада, аз по меафтонад. Диданд, ки зӯрашон намерасад, номардона ӯро парронданд ва гуфтанд, ки кӯлобиҳо зархарид (наёмник) аз Россия овардаанд. Ҳол он ки акаи Комил фарзанди бобои Назар аз деҳаи Чорбоғи хоҷагии ба номи Шаталов (ҳоло Зарифов) аст! Ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ бо 13 милисаи дигар шаҳди шаҳодат чашид.

Худо раҳмату мағфираташ кунад!

Саъдӣ Маҳдӣ,

директори Академияи ВАО

 

Қатли 14 милисаи асир

Комил Назаров соли 1992 дар деҳаи Чормағзаки ноҳияи Ёвон ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона аз ҷониби мухолифин ба ҳалокат расонида шудааст (ниг.ба акс).

Гурӯҳи онҳоро гирд карда, ба як ғоре, ки чуқуриаш тақрибан 4 ë 5 метр буд, партофта, аз боло ба онҳо тир андохтаанд. Аз ин гурӯҳи 13 нафара яктоаш дар таги мурдаҳо зинда мемонад (ин нафар фелдшер ё худ табиби саҳроӣ буд, ки аслан духтуронро куштан дар ҳама ҷангҳо манъ аст-ред.) ва шабона аз таги мурдаҳо баромада, дар дохили мазор шабро рӯз карда, субҳидам вақте, ки подаи қишлоқро ба кӯҳ, тарафи Майдон мебаранд, подабонҳо ӯро ҳам ҳамроҳ мегиранд. Ӯро, ки захмин шуда буд, ба хар савор карда, ба болои кӯҳ ба Майдон мебаранд, вай аз он ҷо тарафи Ҷалҷали Норак фаромада, бо ағбаи Шаршар тарафи Данғара меравад.

 

Наҳзатиҳо: мурдаҳоро нагӯронед!

Боқимондаи ин гурӯҳ дар даруни ҳамон ғор қаҳрамонона ҳалок мешаванд. Қумандони мухолифин (Нозим-ред.) ба қишлоқи Чормағзак омада, ба мардум мегӯяд, ки касе агар ин мурдаҳоро гӯр мекунад, омада зану фарзандонашро мепаронему хонаашонро оташ мезанем. Аз байн 3 рӯз мегузарад, ҳаво гарм буд, мурдаҳо бӯй гирифтанд ва ҳатто қисман тани онҳоро чизе хӯрда буд. Аз тарси гурӯҳи мусаллаҳ касе мурдаҳоро гӯр карда наметавонист.

 

Мардум: мурдаҳоро мегуронем!

Вақте ки намояндагони мухолифин баъди 3 рӯзи ҷанг ба деҳа омаданд, падари ман (Элбегиев Гул-ред.) ба онҳо гуфт, ки ин ҷанг рӯзе тамом мешавад ва падару модари ин мурдаҳо омада, ба мардуми ин деҳа лаънат мехонанд. Охир ҳамаи мо мусулмонем ва даъвои мусулмонӣ дорем, гӯрондани инсони мурда новобаста аз дину оинаш фарз аст.

Баъд онҳо иҷозат доданд, ки мурдаҳоро гӯронанд.

Падарам мардуми деҳаро ҷамъ карду ба назди он ғор рафтем, дар вақти бардоштани ҷасад қисми бадани баъзеаш ҷудо мешуд, гилем оварда, онҳоро ба гилем бардошта, ба гӯр мемондем, бо трактори Беларус қабри онҳоро қатор кандем...

Дар ҳақиқат аз байни мурдаҳо 1 нафараш ба рус монандӣ дошт, муйи сар, мижаву қошонаш зард буданд. Вақте мурдаҳоро дар дохили гӯр қатор хобониданд, падарам гуфтанд, ки инаш мумкин рус бошад, инро камтар аз шариконаш дуртар гӯронем. Аммо вақти бардоштан почаи шимаш боло шуду аз таг шалвори тоҷикӣ - эзори тикаш намоëн шуд, баъд падарам гуфт, ин ҳам тоҷик будааст.

 Ин ҷавон ҳамин Комил Назаров аст, ки аксашро мебинед. Хуллас бо шариконашон ҳамаашонро қатор гӯронидем. Баъди гузашти чанд вақт гирди қабрашонро бо санг мардуми деҳа девор карда, дарахти арча шинониданд – ҳоло 1 мавзеи зебо ҷояшон аст.

Худованд ҷояшонро биҳишт гардонад!

 

Ҷонмаҳмад Гулзода,

шоҳиди воқеа аз ҳамин деҳа

 

Аз СССР: Вақте мо акси ин ҷавонони кушташударо ба дӯстон равон кардем, бархе ишонро шинохтанд. Минҷумла 1 генерали маъруф гуфт, бархеи инҳо кистанд:

- Сипос бар газетаи мардумӣ, ки таърихи ҷангро варақгардон кардаву ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Ман инҳоро мешиносам. Мутаассуф, ному насаби бархе бо мурури солҳо аз ёдам рафтааст. Кам не - ғам не, аз ун ҷанги хонумонсӯзи сари миллат овардаи ҲНИТ 32 сол гузашт. Хуллас онҳое, ки ман шинохтам:

- Рустам, Ҷаҳонгир, Юсуф, Давлат, Ҷамшед, Партов ва Менглиев...

Боқимондааш ҳоло ёдам нест, гуфтам ку 30 сол бештар гузашт. Худо раҳматашон кунад. Мо низ дар ВКД он замон кор мекардем. Ман лейтенанти калон будам. Худамон гуселашон кардем. Моҳи сентябр буд.  Дар ошхона нишаста, 1 пиёла чой хӯрдем ва ишон ба пости Норак - Чормағзак рафтанд, то аз ҳуҷуми оппозитсия ба Нораку Данғара садд гузоранд. Савори 1 КАМАЗ рафтанд. Бисёр инсонҳои хуб ва ҷавонони зиндадил буданду ба давлату миллат ва погонҳои милиса содиқ...

Мутаассуф ба асорат афтоданд. Асирон бояд ҳифз ва баъдан ё зиндонӣ ё бо асирони дигар иваз шаванд. Вале Низом онҳоро бераҳмона кушт. Гуфта мешавад, Низом ин корро бо амри сардорҳои худ кардааст, ки дар Душанбеву Кофарниҳон менишастанд...

Агар ин ҷавонҳо худро қурбонӣ кардаву садди роҳи силоҳбадастон намегаштанд, онҳо ба Нораку Данғара даромада, тухми одамро медоданд ва мардумро қатли ом мекарданд. Нияти онҳо қатли оми сокинони вилояти Кӯлоб буд. Ҳамонгуна, ки онҳо дар вилояти Қурғонтеппа ин корро карда буданд...

 

Аз СССР: Мо акси ин ҷавонони ғуррамаргро нашр карда, аз хонандагон хоҳиш дорем, ному насаби инҳоро ба мо равон кунанд. Мо нашр мекунем. Мо метавонем!  Бигзор исми ин қаҳрамонҳои роҳи озодӣ ва истиқлолияти давлатиро тамоми Тоҷикистон донад. Шараф бар қаҳрамонони Тоҷикистон!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter