ХАБАРИ ДОҒ

Агар арзиши мол 20% зиёд шавад…

  • Чоршанбе, Май 24 2023

 

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи «Бозори доруворӣ кай танзим мешавад?», чунин иттилоъ медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи банди 22 боби 3-и «Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №257 тасдиқ гардидааст, танзими давлатии нархҳои (тарифҳои) мол, маҳсулоти истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо бо чунин усулҳо муайян карда мешаванд:

- муқаррар намудани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

- муқаррар намудани сатҳи ниҳоии нарху фурӯши чакана;

- муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.

Тибқи банди мазкури Низомнома меъёрҳои танзимкунанда барои маҳсулот, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи натиҷаи таҳлилҳои гузаронида муайян карда мешаванд.

Ҳамзамон, тибқи банди 23 Низомномаи мазкур танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои мол, маҳсулот ва хизматрасониҳо дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар болоравии нархҳо (тарифҳо) дар давоми 1 моҳ то 20 фоиз ва зиёда аз онро ташкил диҳад. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои маҳсулот, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо муваққатан ҷорӣ карда шуда, хусусияти доимоамалкунанда надорад.

 Тибқи фармоиши мазкур меъёрҳои танзимкунанда бо усули муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ барои субъектҳои хоҷагидорие, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ вобастагӣ доранд, то 10 фоиз ва барои субъектҳои хоҷагидорӣ воридкунандаи он то 8,0 фоиз аз 15 июли соли 2022 то 30 июни соли 2023 муқаррар карда шудааст.

Санҷишҳои гузаронидаи Хадамот дар солҳои 2020, 2021 ва 2022 нишон медиҳанд, ки даромадҳои дар натиҷаи вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисорӣ бадастовардаи воридкунандагони маводи доруворӣ аз ҳисоби барзиёд нишон додани моддаҳои алоҳидаи хароҷотӣ, ба таркиби калкулятсияи арзиши аслии маводи доруворӣ ворид намудани хароҷотҳое, ки ба арзиши аслӣ мансубият надоранд ва ғайраҳо зиёда аз 400 000, 00 сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи мазкур бо қарорҳои дахлдори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.

А. Муминзод,

сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter