ХАБАРИ ДОҒ

Ҷавонмарде 77 сола даргузашт...

  • Сешанбе, Июн 06 2023

 

Оре, хонандаи гиром, хато нарафтаем. Ҷавонмардӣ маҳдудаи сину солӣ надорад. Ту метавонӣ, 7 сол, 17 сол, 77 сола ва ҷавонмард бошӣ. Вале метавонӣ 97 ва 100 сол бизиӣ ва номард боқӣ монӣ!!!

Боре дар Кӯлоби бостонӣ бо Абдуллоҳи Раҳнамо, дар як маҳфиле унс ширкат доштем. Мусафеди 96-солае баромад карду гуфт:

- Ман бачаи шаҳрам. Ман ҷавонмардам...

Абдуллоҳ, ки ба ин вежагиҳои миллӣ таваҷҷӯҳ дорад, баъди маҳфил гуфт:

- Дидед, ин солдида чӣ гуфт? Дар 4 кам 100 солагӣ худро бача ва ҷавонмард хонд...

Саттор Турсун ҳам ҷавонмард таваллуд шуда (с.1946, Бойсуни РСС Узбекистон), сар аз соли 1963 дар РСС Тоҷикистон ҷавонмард зиста, 05.06.2023, дар синни 77 солагӣ ҷавонмардона, аз оғӯши Лолаи нозанинаш ба оғӯши лоламазори Душанбе рахт баст...

Солҳои тӯлонӣ ба ҳайси мудири шуъбаи идеологияи Кумитаи марказии Ҳизби коммунист кор карда, нахустин нафаре дар адабиёти советии Тоҷик шуд, ки ҳаракати босмачигариро ҳаракати муқовимат хонд ва дар китобаш «Се рӯзи як баҳор» рӯҳи бобоҳои моро, ки сарсупурдаи ватан ва патриот буданд шод кард. Мутаассуф, дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, дигар ЯГОН нависанда аз тарси сиёсати болшевикони сталинӣ то кунун ҳарфе дар ин бора намегӯянд. Вале ӯ гуфт. Зеро ҷавонмард буд!

Солҳои баъдӣ дар вазоифи котиби матбуотии президенти Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи "Помир" ва нашрияи "Баҳори Аҷам" кор кард. "Камони Рустам", "Се рӯзи як баҳор", "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Санг дар бағал ба тӯфон", "Мӯйсафедон", "Ҳасрат", "Эътироз" ва «Фонуси хаёл» ба қалами ӯ дахл доранд. Вале навиштаҳои нашрнашудааш хеле зиёданд, ки ҳатман рӯзе не рӯзе нашр хоҳанд шуд.

Нависандаи халқӣ ва Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт аст.

Рӯҳат шод ва гӯрат пурнур бод, устоди устодони сухан, Саттор Турсун...

Коллективи кори СССР

 

Саттор Турсун кист???

Саттор Турсун (15 феврал 1946ноҳияи Бойсунвилояти Сурхондарё -  5 июн 2023Душанбе)- нависандатарҷумон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972) ва Иттифоқи нависандагони СССР (1972), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи ҶШС Узбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст. Солҳои 1990—1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд. Солҳои 1994 - 1997 сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт.

 

Эҷод

Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд (1976 - 1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот» маъруф аст. Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои ӯ бо номи «Дили гарм» соли 1971 рӯйи чопро дидааст ва ба дунболи он маҷмуаи дигари повесту ҳикояҳояш бо номи «Сукути қуллаҳо» интишор ёфт. Асарҳо ва китобҳои дигари нависанда: «Камони Рустам» (1976), «Аз субҳ то шом» (1979), «Дувоздаҳ ҳикоя» (барои бачаҳои синни калони мактабӣ, 1986), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Санг дар бағал ба тӯфон» (2002), «Чорбанди домангир» (2011) ва ғайра. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.

 

Тарҷумонӣ

Дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад. Асарҳои алоҳидаи В. Телпугов, И. Друтсе, А. Беляев, М. Левин, С. Хонзодян, М. Муродалиев, Э. Аъзамов ва дигар суханварони русу шуравӣ, ҳикояҳои ҷудогонаи Ш. Андерсен, А. Ғаллоб ва Ӯ. Камолро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор овардааст.

 

Ҷоизаҳо

Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1994), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998) ва барандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2006) аст.

·         Ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985);

·         Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;

·         Нависандаи Халқии Тоҷикистон (1998);

·         Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

·         Ифтихорномаи раёсати Шурои Олии Тоҷикистон;

·         Ифтихорномаи Кумитаи Сулҳ

·         Медали биринҷии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шуравӣ.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter