30.05.2023. Соат ба вақти Берлин 18:07 дақиқа. Ҳамаи мағзҳои рӯшани мо 1 гилоя аз мардум доранд, ки "ҳама ифротӣ шудаанд" ё "ҳастанд". Ин рост аст. Мо дар ҳар росто тундравӣ дорем, ки пӯшида нест. Чӣ дар дину чӣ дар дунё, бисёр тундрав ҳастем. Ё сиёҳи сиёҳ, ё сапеди сапед. Медонем, ки ин дард аст, камбуд аст, лекин жарф нигоҳ намекунем. Намеомӯзем, ки ангезаи ин рафтори мо чист, намеомӯзем, ки чӣ сон бояд аз ин беморӣ раҳо ёбем. Рози ин дардамонро баротон мекушоям, ҳарчанд хушоянд набошад ҳам. Бигзор бадам бинед, лекин гапи рост мегӯям, дар пояи донишварӣ. Касе хоҳад гуфтумоне кардан, хоҳиш мекунам, танҳо дар пояи донишварӣ гӯяд, ба ҷон мепазирам. Ва СССР онро нашр ҳам хоҳад кард. Мо метавонем!
Мағз ва Ғизо
Мағзи одам ҳар чӣ, ки одам хурад, ҳамун тур кор мекунад. Барои хуб кор кардани мағз, хӯрданиҳои хуб бояд хӯрд, хӯрданиҳое, ки мағзро коршоям кунанд. Мо Тоҷикҳо барои картошка меандешем, ки пору диҳем, нурӣ диҳем, хишова кунему аз об наранҷонему ҳазор кори дигар, лекин ҳаргиз аз худ намеандешем. Аз гову моламон меандешему аз худ не. Ҳамаи ин ҳам решааш дар онест, ки хоҳам навист.
100 соли пасин, фарҳанги хӯрдани мо ба пуррагӣ дигар шуд. Бовар кунед, ҳарчи донишманду рӯшанандеш дорем, дар хонаводаҳое зистаанд, ки фарҳанги куҳани хӯрданро нигаҳ дошта буданд. Имрӯз ҳам ҳамонҳое пешрав ҳастанд, ки дуруст мехуранд. Не, хӯрдани дуруст ин аз даҳону бинӣ хӯрдан нест!
Мардуми мо, то 100 сол пеш, хурокҳои сахту рангоранг мехӯрд. Чунки хостаи куҳистон ҳамин аст. Дар куҳистон бо шӣ ва борш зистан ки намешавад. Тунукхӯр, ки шудем, фарбеҳ шудему...
Бало ба паси ин ҳама, лекин 100 сол боз мо ба нонхудойӣ гузаштем. То "фатвоҳое" бофтем, ки агар нон дар баландии дастнорас бошад, мешавад болои Қуръон баромада гирифту хӯрд. Ва ҳамин гуна боварҳое болои нон сохтему гаравидем. Ҳарчанд, ки 100 сол пеш, дар куҳистони мо, ки замини гандумкорӣ набуд, нонро ками кам мехӯрдему азизи бад ҳам набуд.
Ҳамаи бадбахтиҳои мо болои ҳамин нону шакар рост истодаанд. Ҳамаи бадбахтиҳои мо аз бисёр хӯрдани нону шакар ҳастанд, ки акнун дар заминаи донишварӣ бозгӯ мекунам.
Нон ва шаккар
Сарчашмаи тундгаройӣ, хушбоварӣ ва ҳар камбудие, ки мо дорем, нейротрансмиттерҳо ҳастанд. Ҳо, ин биохимияи тундгаройӣ аст. Нейротрансмиттерҳое монанди серотонин, допамин ва эндорфинҳо, созандагони отифа ҳастанд. Онҳо сафедаҳои мағзро оромишу лаззат мебахшанд ва кайфият месозанд.
Карбоҳидратҳо ҳарчанд сарчашмаи асосии энергия барои организм бошанд ҳам, онҳо зойиши серотонинро, нейротрансмиттере, ки ба мо эҳсоси оромӣ, дорандагӣ ва хушбахтӣ медиҳад, афзун мекунанд. Ҳангоме, ки мо карбоҳидрат мехурем, дар хун инсулин меафзояд, ки барои ба мағз расондани аминокислотаи триптофан, ки серотонин месозад, ёрӣ мерасонад. Ва афзудани серотонин ба мо кайфият мебахшад, моро ранги 1 бангӣ дар кайф медорад, ки сахтию душвориро дидан на метавонему на мехоҳем. Медонед, ки эндорфин аз героин чанд бор вазнинтар аст?
Дар ин росто, агар ба ман бовар накунед, корҳои донишварони пухтаро монанди Пол Экман, Роберт Плутчик, Пол Лесли ва Ҷон Гросс хонед, ки онҳо моделҳо сохтаанд, барои омӯзиши ангезаҳо, отифа, кайфият ва биохимияи онҳо корҳои шойиста кардаанд.
Акнун бигирем, ки мо нони бисёр, ё шакарчой хӯрдему онҳо пури триптофан ҳастанд, ба мо эҳсоси хушбахтӣ, оромӣ ва доройии набуда медиҳанд.
Қурутоб, чакка, картошка - наркотики ифротанд
Бадтарин чизе, ки мехурем, сахттарин наркотике, ки зояндаи бемонанди эндорфин аст, ин ҳамин дар шимоламон "дӯғ" ва дар ҷанубамон "қурутоб" ном дорад, ҳаст. Карбоҳидрати нону фатире, ки дар туршии чакка ҳалл шуда аст, очаҷони ширини эндорфин, ҳамун наркотики бемонанд аст. Хоҳараки аз инҳо ҳам бадхӯяшон картошкабону аст. Картошка дар бадан дер ҳалл шуда, глюкозаро ба дарозою пайвастагӣ ба хун мепартояд.
Акнун бигирем, ки хӯроки асосии мо нону шакару картошка бошанд, пас бадани мо пайваста зери наркотик аст. Бангист бадани мо. Барои ҳамин ҷаҳонпазирию ҷаҳонбинию андешаи мо ҳама ранги бангиҳо ҳастанд. Ё не? Не? Рагҳои асаби ҳамаи мо ранги бангиҳо урён набошанд, пас аз куҷо ин ҳама тундӣ?
Ман донишвар нестам, ончи навистам шояд 1 касеро такон диҳад, ки ин душвории сарбастаи моро омӯзад. Сарчашмаҳошро ёфта, давошро ҳам созад.
Мо дар сарзамине зиндагӣ мекунем, ки биҳишти замин аст. Ҳама чиз мерӯяд. Бояд хурокро ранга кард. Истеҳсоли гӯштро бисёр ва дастрас бояд кард. То мо фарҳанги хурокамонро дуруст накунем, ҳамин сон тундраву фармонбар мемонем.
Мо ғизобангием, мардум!!!
1 рафтори бангиҳоро бинеду рафтори худи моро. Исту бист ҳамаамон 1 хел. Барои таҷруба рафтору кайфияти бангиро, ки психология бозгӯ кардаст, менависам, ёбеду гиред.
Бангиҳо 8 зинаи "кайфият" ё "отифаи худӣ" доранд:
1) ғазаб, ҷаҳл, агрессия. 2) зиқӣ, хастагӣ, бефарқӣ. 3) безобитагӣ, норозигӣ. 4) ғамгинӣ, мусибат, хомӯшӣ, камсуханӣ ё сергапӣ. 5) тарс, ларзаи дил, воҳима. 6) отифаи хунсо, бекайфиятӣ. 7) эҳсоси хурсандии бепоя, эҳсоси хушбахтии дурӯғин. 8) қаноатмандӣ ва ризоият аз ҳарчи ҳасту нест - Эйфория, бехудӣ.
Бигӯед, ки кадоми ин 8 дар ҳаряки мо нест, ки худро тандуруст шуморем? Ва ин гапи ман на барои он аст, ки дорухариро боз ҳам афзоем!!! Имрӯз мо аз хурокворӣ дида, пули бештарро барои доруворӣ медиҳем. Мо ягона мардуме ҳастем, ки аз хурок дида, бештар дору импорт мекунем, оморро бинед, мӯятон рост мешавад.
Ин нӯги гап буд, ки кушодам. Мағзҳои рӯшану донишвар бояд андеша кунанд, роҳҳои хубро барои мо пайдою пешниҳод кунанд. Мо Метавонем!
Сафват Бурҳонов,
Берлин