ХАБАРИ ДОҒ

 

Аз авлоди ман 40 нафар дар Россия аст. Акксараш соҳиби хонаю дар ва ҳамсари рус буда, корашон тиҷорату сохтмон ва то ҳол ягон маротиба аз ҷониби пулиси рус мавриди бозпурсӣ қарор нагаштаанд. Имрӯз мутаассифона идае бо ном муллою муллобача ба худ риш гузошта, дар ФР масҷид ба масҷид гашта, корашон таблиғ ва фарҳанги қафқозӣ, зери ақидаи бегона дигар ҷавонони ноогоҳи Тоҷикро ба гумроҳӣ мебаранд.

 Муҳоҷирони мӯҳтарам, оё медонед, маҳз аз масҷидҳои ҳамин Россия 2000 (ду ҳазор) муҳоҷир гумроҳ шуда, бо ришҳои парешон ба Сурияву Ироқ рафта, худро дар ҷангҳои ноогоҳона қурбон намуданд? Оё медонед, ки ҳазор ҷавонро зери таъсири ҳизбу равияҳо ба пушти панҷара кашиданд ин масҷидҳо? Оё медонед заъфи моро русҳо дар эътиқоди кӯркӯронаамон мебинанд?

Пас хоҳиш агар зарурат набошад, дар мулки бегона мисли Озариҳо, Арманҳо, Гурҷҳо ва Қазоқҳо шумо низ ғайрату номус карда, бозору дукону мағозаю чойхона созед, на масҷид. Масҷидравӣ пешравии Тоҷиконро дар Россия нишон намедиҳад!

Аз Каъбаю бутхона аз масҷиду майхона

Мақсуди Худо ишқ аст, боқӣ ҳама афсона!

Даврон Аминӣ,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter