Бозорбой Пулодов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз н.Данғара занг зада, гуфт, дар Данғара Терминал ҳасту нақлиёт на!
- Терминали мусофиркашонии маркази н.Данғара, ки чанд сол пеш хеле зебову муосир таъмиру таҷдид карда шуд, имрӯз ба ҷойи нақлиёт макони соҳибкорон ва дигар ашхоси бегона шудааст. Дар дохили он сартарошхона, намояндагии «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», духтури дандон ва дигар марказҳои хизматрасонӣ иҷоранишинанд. Дар майдончаи терминал фақат 1 хатсайр – микроавтобуси “Данғара” – “Сафобахш” дидам, ки таваққуф намудаасту халос. Мошинҳои дигар хатсайрҳо ба самти шаҳри Бохтар, Кангурт, деҳаҳои Рахшонзамин, Хуррамзамин, Сангтуда аз дигар нуқтаҳо раҳсипор мешаванд. Чаро аз ин терминали зебову муосир ронандагон истифода намебаранд?