Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи фаъоли мо аз н.Деваштич ба идора занг зада, гуфт, ки бо сабаби шиддати пасти кори зеристгоҳи барқӣ деҳқонони картошкапарвари 4 ҷамоати н.Деваштич бе оби полезӣ мондаанд.
- Дар доманаи қаторкуҳҳои Туркистон зиëда аз 28 деҳаи 4 ҷамоати ноҳияи Деваштич - Росровут, «Ваҳдат», Обиборик ва Исмоили Сомонӣ ҷойгиранд. Агарчи Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, зиëда аз 947 кӯлу дарë дошта, аз ҷиҳати захираи об дар дунë ҷои 16 - ум ва дар Осиëи Миëна ҷои 1 – умро ишғол намояд ҳам, дар фасли тобистон норасоии обро мо мардум, хоса деҳқонон сахт эҳсос мекунем.
Имсол дар н.Деваштич аз рӯи гуфтаи раиси Агропроми он М.Мирзоев дар 5360 га картошка кишт карда шуда, боз кишти 1000 га дигар дар назар дошта шудааст. Аз рӯи ҳисоботи пешакии омори ноҳия ба хирмани Ватан бояд 230 ҳазор тонна картошкаи аълосифат бирезад. Бадии кор дар он аст, ки баҳри иҷрои ин нақша об намерасад.
Сокинони деҳаҳои номбурда баҳри бо кор таъмин кардани оилаҳои худ аз ҳисоби маблағҳои шахсиашон 512 чоҳи артезианӣ кофта, об баровардаанд. Қувваи подстансияи дар минтақа 35 / 10 кВс буда, ба ин миқдор чоҳҳо намерасад. Азбаски қувва паст аст, ними зиëди насосҳо бекоранду картошка дар замин сӯхта истодааст. Оë бо ин аҳвол, яъне қувваи пасти трансформато ҳосили картошкаи ба нақша гирифташударо метавон гирифт? Ҳеҷ гоҳ!
Ман намефаҳмам, ки чаро касе аз масъулини ноҳия ва вилоят сари ин масъала чораандешӣ намекунад, вале нақшаву ҳосилро ҳама талаб мекунанд. Ва наход иваз кардани 1 трансформатор барои ширкати «Барқи тоҷик» ҳамин хел мушкил бошад?