Барқияи фаврии Рамазон Раҳимзода ба Владимир Колоколтсев
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз 100 нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Россия ва дар бораи рейди мақомоти Россия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав ва дар дигар шаҳрҳо ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуд. Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои руси худ хоҳиш кард, ки ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Федератсияи Россия донишҷӯёни мазкурро субҳ ҳангоми хоб буданашон рейд намуда, ба онҳо бераҳмона бархурд намуда, онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
--------------------------***********************------------------------------
Он, ки донишҷӯёни Тоҷик мавриди «ҳуҷум»-и низомиёни воҳидҳои вежаи рус қарор гирифтанд, бори нахуст нест, вале ҳолатҳои мавриди латукӯб, таҳқир ва бесабаб боздошту депорт шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вақтҳои ахир ба маротиб афзудааст. Ба назар мерасад, ин 1 маъракаи густарда бар зиди на танҳо шаҳрвандон, балки кишвару Ҳукумати мост...
Ҳукумати ФР: биоед! Пулис: дафъ шавед!?
Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2023 – 2024 теъдоди квотаҳои таҳсилиро барои донишҷӯёни Тоҷик то ба 1000 адади дигар афзоиш дод. Дар ин бора ҳафтаи гузашта Павел Шевтсов - муовини раҳбари маркази фарҳангӣ ва омӯзишии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Россотрудничество» хабар дод.
Бино ба итиллои мавсуф дар соли таҳсили 2022 – 2023 шумораи донишҷӯёни Тоҷик, ки дар макотиби олии ФР таҳсил менамуданд, дар умум 28 000 нафарро ташкил намуд. Соле қабл бошад ин шумора то ба 23 000 нафар мерасид.
Аксарият медонад, ки чӣ дар замони Иттифоқи советӣ ва чӣ имрӯз таҳсил дар макотиби олии Федаратсияи Россия, системаи омӯзишу парвариш, азхуднамоии илмҳои дақиқ ҳамеша фарқ мекард. Имрӯз низ чунин аст, системаи омӯзиш дар университету институтҳои ФР яке аз беҳтарин дар ҷаҳон ба шумор рафта, новобаста аз таҳдиду фишор нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон волидайн боз ҳам кӯшиш менамоянд, ки фарзандони худро барои таҳсил ба ин кишвар равон намоянд.
Ин ҳамааш хуб мешуд, агар 1 ҳодиса, дар охири ҳафтаи сипаригардида пеш намеомад…
«Ҳуҷум» ба донишҷӯёни Тоҷик!!!
19.05.2023. Соат бо вақти Комсомолски лаби Амур 07:00 дақиқа. Афсарони “ОМОН” ва “ФСБ” қабл аз оғози дарс ба хобгоҳи №3 – и Донишгоҳи техникии Комсомолски лаби Амур даромада, баъди хомӯш намудани камераҳои назоратӣ донишҷӯёни Тоҷикро бидуни далел латукӯб мекунанд. Низомиёни ниқобпӯш бо таппонча ва “электрошокер” мусаллаҳ буда, дар даст дастпӯшакҳои “кастетмонанд" доштанд. “- Агар касе, ки мепурсид, чаро онҳоро латукӯб мекунанд, мушти иловагӣ мехурд», - гуфтанд шоҳидон.
Аҷобаташ дар он буд, ки дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ мезистанд, аммо низомиён танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – беш аз 100 донишҷӯро мавриди латукӯб қарор доданду бас. Пасон ҳама Тоҷиконро дар долони хобгоҳ қатор карда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳо шурӯъ карданд. Дар пайи ин «ҳуҷум» 6 донишҷӯи Тоҷик мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, 15 нафар захм бардошт, ки, бархе аз онҳо ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия муроҷиат кардаанд, вале аз он сӯ ваъда доданд, ки рӯзи душанбе бо онҳо тамос хоҳанд гирифт, аммо занг назаданд. Рӯзи 20-уми май донишҷӯён дубора ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия занг зада, кумак хостанд. Вале дар сафорат боз гуфтанд, ки
имрӯз шанбе буда, рӯзи ғайрикорӣ аст ва рӯзи душанбе бо онҳо тамос хоҳанд гирифт…
Ҳоло он, ки дипломатҳои Тоҷик бояд ба таври оҷилӣ худро ба ин шаҳр, ба назди донишҷӯён расонида, ин қазияро дар ҷояш ҳаллу фасл мекарданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва Консулгарии генералии он дар ш.Новосибирск танҳо пас аз 5 рӯзи ҳодиса вокуниш намуда, гуфтанд, ки онро пайгирӣ доранд...
Маъракаи густарда алайҳи Тоҷикон
Шаби 23 ба 24 майи соли равон полиси рус дар ш.Котелникии вилояти Маскав наздики 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатор карда, бурданд. Ин шаҳрвандони мо дар қаҳвахонаҳои Тоҷикии «Дидор», «Роҳат», «Амина» ва «33 Хаус» қарор доштанд.
Ин дар ҳолест, ки таври ѓайримунтазира гурӯҳе аз сокинони шаҳраки Котелники Маскав бо 1 видео-муроҷиат аз Путин В.В. президенти ФР хостанд, ки онҳоро «аз шарри Тоҷикони сиёҳпӯст наҷот бахшад» (Дар видеонавор онҳо миллати моро хеле паст задаву носазо мегӯянд). Сипас ҳаракатҳои баъди ҷанги Украина хамӯшгаштаи скинхеду шовинистони русӣ боз фаол шуданд. Зеро диданд, ки ҳукумат на танҳо аз ин бебандуборӣ садд намегузорад, ки пулисро зидди Тоҷикон шуронидааст. Ва дигар сар шуд!
Наздики 300 нафар шаҳрвандони моро аз қаҳвахонаҳои шаҳрҳои Маскаву Санкт - Петербург зимни хӯроки шом ҷамъ намуда, ба милисахона мебаранд ва то соати 7 –и субҳ рост мемонанд. Пас аз таҳқиру дашном пешниҳод мекунанд, ки ба ҷанги Украина рафта, ҳандақ кананд.
Ҳамчунин, рӯзҳои охир полиси рус дар шаҳри Екатеринбург амалиёти “Нелегал”-ро гузаронд, ки ҳадафи он ошкор ва пешгирӣ кардан аз нақзи қонуни муҳоҷират буд. Ва ин бор низ полиси рус 1 душман меҷуст-Тоҷик!!!
Коре, ки полиси рус нисбат ба ягон халқу миллати осиёмарказӣ раво намебинад, ба ҷуз мардуми Тоҷик…
Ҳамкорӣ чунин нест!
24.05.2023. Дар пайи ин қазияи латукӯби донишҷӯёни Тоҷик дар ш.Комсомолски лаби Амур ва боздоштҳои пайдарпайи муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру вилояти Маскав ва Санкт – Петербург Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Федаратсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро ба вазорат даъват намуд.
Дар вохӯрии Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сергей Григорев аз боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона дар Россия изҳори нигаронӣ карда, зарурати вокуниши муштарак ба мушкилоти таъкид шуд.
Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати итиллооти ВКХ хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин, зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштаракро таъкид намудаанд.
Зимни мулоқот ҳодисаи бозпурсӣ ва муносибати дағалона нисбати донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур, ки субҳи 19-уми май, дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск сурат гирифт, муфассал баррасӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд.
Шарики стратегӣ ё…
Қазияи бозпурсӣ ва латукӯби донишҷӯён ва боздошти беасоси шаҳрвандони Тоҷикро имрӯз набояд беҷавоб гузошт. Раиси Парлумон Маҳмадтоҳир Зокирзода, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Сафири давлати мо дар ФР Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири корҳои дохилӣ – Рамазон Раҳимзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ – Гулнора Ҳасанзода бояд оҷилан сари ин масъала бо ҳамтоёни руси худ ҷиддӣ суҳбат намуда, аз ҳуқуқи шаҳрвандони мо дифоъ намоянд. Агар аз ин қазияҳо пешгирӣ накунем, он давом ёфта, ба маротиб меафзояд. Бояд садди ин гуна рафтори полиси рус-ОМОНу ФСБ ва ФМС шуд!
Агар Федератсияи Россия шарики стратегии мост, пас бояд нисбат ба шарики стратегии худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он боэҳтиром бошад, зеро дар ин вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа, танҳо Тоҷикистон аст, ки аз сиёсати он пуштибонӣ мекунад! Дар сурати ҳаллу фасл нашудани қазияи мазкур, ҷамъиятҳои ѓайридавлатӣ метавонанд ба СММ муроҷиат карда, ҳуқуқи Тоҷиконро дар Россия ба баррасии омм кашанд.
Мо пайгири мавзуъем ва Мо Метавонем!
М.Аминзода,
СССР