ХАБАРИ ДОҒ

Азимҷон Сайдумаров, аз ш.Екатеринбурги Федератсияи Россия бо редаксия тамос гирифта (тел: +7 929 2233535), гуфт, ки баъд аз ҷудошавии падару модар мисли ман дигар шахсони ҳавасбоз ба муҳоҷират омада, орзуи зиндагии шоистаро намуданд, лек ҳама орзуҳои ман хобу хаёли беш набудааст. 

   - Ман ҳамагӣ 24 сол дорам ва муддати 2 сол шуд, ки бо сарнавишти талхи худ дар давлати бегона муҳоҷирам. Ҳар гоҳе номи Тоҷикистон ба ёдам меояд, дилам гум мезанад барои ватанам. Тоҷикистонро пазмон шудаам. Ман аз фарзандони ҷавонмарди ин Ватан 1 хоҳиш дорам: маро дар Тоҷикистон дастгирӣ ва бо ҷои кор таъмин намоед! 

Ба ҷонам задааст ҳамин муҳоҷират. Аслан худи ҳамин калимаи муҳоҷир бисёр гӯшхарош мебошад. Ростӣ бисёр мехоҳам дар Ватани худам кор кунам ва саҳми арзандаи худамро дар 1 гӯшаи ин ватан гузорам. Ба ҷавонон таъкид намуданӣ  ҳастам, ки ба қадри оилаи обод ва тинҷиву озодии сарзаминамон бирасанд, то мисли ман дар зиндагӣ азоб накашанд. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter