1. БИҲИШТ НА ТАНҲО ДОМОНИ МОДАР БУД
Имсол, яъне соли 2023, ҷашни Наврӯзро дар зодгоҳам - шаҳри Хуҷанд истиқбол намудам. Дар яке аз рӯзҳои наврӯзӣ сайри боғи Камоли Хуҷандӣ – боғи даврони кӯдакиам кардам, ки бо зебоиву хуррамиаш, фаввораву обҳои равони ҷӯйҳояш, бо арғунчакҳову аспакчаҳояш, пуффакҳои рангорангу яхмосҳояш, себқанду хурӯсчақандҳояш дар ёдам мондааст. Боғ имрӯз нав шудааст. Гулгаштҳову сохтаҳои ороишии товусу қувон, ҳайвонҳои кӯҳӣ, буттаҳои баланди гулҳои сафеду нилобӣ, фаввораҳои хурду калон, теппаҳои сабзу ба шакли дил гулпӯшшуда, шаршарае, ки аз баландӣ, аз миёни сангҳо поён меояд, пулҳои хурди ороишёфтаи болои ҷӯйҳо хеле назаррабоянд. Хаёлам ба дуродур меравад, ба кишвари ёдҳо, ба замоне, ки панҷ-шашсола будам…Тирамоҳ буду хазонрез. Дар рӯи ҳавлиамон нишаста мегиристам. Метарсидаму мегиристам, ки… мемирам. Ин ҳолат бо ман чандин маротиба рӯй дода буд. Худ ба худ ба ҳарос меафтодам, гумон мекардам, ки мемирам, шояд ҳозир, шояд пагоҳ. Маро борҳо падару модараму бибиам аз ин ҳолат бароварда буданд. Ба бағал мегирифтанду ором мекарданд, афсонае мегуфтанд, ба мағозаи маҳаллаамон бурда, чизе харида медоданд, то ки хаёли маро ба тарафи дигар баранд…
…Падарам аз дари ҳавлӣ даромаданд.
- Дадоҷон, ман мемурам?
Падарам ба худ қиёфаи хушҳолиро гирифта гуфтанд:
- Кӣ гуфт? Ҳаргиз! Ҳозир ман духтарамро ба боғ мебарам. Як сайр карда мебиёем. Либосҳоятонро пӯшед! Ман мошин мебиёрам. Бо «Победа» меравем!
Бо хоҳаракам Масъуда, ки аз ман дувуним сол хурд буд, ба хона даромадем. Модарам ба мо палточаҳои тирамоҳиамонро пӯшонданд, зеро бегоҳ мешуду шамол мевазид. Таксии «Победа» моро зуд ба боғ расонд. Ба боғи беодам. Танҳо мо - падару модарам ва ману хоҳарам рӯи регмайдаи боғ қадам мезадем. Ман дастони гарми падарамро дошта мерафтам. Он кас ба ман дарахтеро нишон дода, гуфтанд, бин, баргҳояш чи гуна зарин шудаанд, диққати маро ба парвози парандае ҷалб кардав чизе мефаҳмонданд. Боғ дар назарам тилоӣ гашт. Баргҳои зарди дарахтони бузургаш онро тилоӣ карда буданд. Назди бозиҳо омадем. Аспакчаҳои карусел фақат ману хоҳаракамро гардонданд. Сечархаҳоро ҳам хеле «ҳай» кардем…
Ман мурданро фаромӯш намуда, хушҳол аз боғ берун шудам. Падарам аз мағозаи назди боғ бароямон шириниҳое хариданду ба хона баргаштем. Оҳиста-оҳиста то мактабрав шуданам ин тарс маро тарк кард. Ҷои онро таҳсил, дӯстони ҳамсинфам, дарстайёркунӣ, хондани китобчаҳои рангине, ки падарам меоварданд, гирифтанд. Шоир барҳақ фармудааст:
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Вале дар тифлӣ биҳиштам на танҳо домони модар буд. Ман биҳишти хуши муҳаббати падарро низ доштам.
2. Рӯи гарми падар...
28 декабри соли 1993 падарам Зиёваддин Нигорӣ дар Хуҷанд, дар ҳавлиамон аз олам гузаштанд. 83 сол доштанд. Падарам зиндагии хуб ҳам доштанду фоҷиабор ҳам. Дар хурдӣ аз волидонашон ятим мондаву дар дасти хешовандонашон калон шудаанд. Тавре нақл мекарданд, айни ҷавонӣ - аз соли 1937 то соли 1947 дар лагери марги системаи ГУЛАГ (Главное управление лагерей), дар мавзеи Колимаи вилояти Магадани Россия чун «душмани халқ» «адои ҷазо» намудаанд. Пеш аз ҳабс дар омӯзишгоҳи тиббии пойтахт муаллимӣ мекардаанду ҳамзамон донишҷӯи Донишкадаи омӯзгорӣ будаанд. 10 соли ҳабс боиси аз оилаи аввалашон ҷудо шудан гардид. Аз зани аввалашон 1 писар доштаанд (Бародарам Зафар соли 2016 аз олам гузашт).
Соли 1947 баъди озодӣ ба Хуҷанд омада, бо модарам хонадор мешаванд. Барои дарёфти маоши зиндагӣ дар конҳои Адрасмон кор мекунанду хишт ҳам мерезанд. Зеро барои «душмани халқ»-и «шишта баромадагӣ» аз рӯи касби худашон – муаллимӣ кор ёфтан душвор мегардад. Рӯзе, ҳангоми хиштрезӣ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Хуҷанд Саидхуҷа Урунхӯчаев, ки бо ӯ дар ҳабсхонаи Сталинобод ҳамроҳ маҳбас шуда буданд, он касро дида, мешиносад. Аз пагоҳи ҳамон рӯз то ба нафақа баромадан падарам дар колхози «Москва»-и ноҳияи Хучанд, ки Саидхӯҷа Урунхӯҷаев раиси он буду баъдан номи ӯро гирифт, кор кардаанд.
19 октябри соли 1956 Трибунали ҳарбии Округи ҳарбии Туркистон парвандаи падарамро аз нав баррасӣ намуда, Қарорро аз 8 майи соли 1938 дар бобати айбдоркунии Нигорӣ Зиё, бинобар мавҷуд набудани таркиби ҷиноят бекор месозад. Дар ин ҳуҷҷат навиштаанд, ки Нигорӣ Зиё пурра реабилитатсия (сафед карда) шудааст.
Падарам замони бунёди Қасри Арбоби колхози «Москва» чун таъминкунанда (экспедитор) масъулияти расондани масолеҳи заруриро барои ин сохтмон ба уҳда доштанд. Дар осорхонаи Қасри Арбоб акс ва маълумоти кӯтоҳе дар бораашон ҳаст. Дар китоби «Парвозгоҳи бузургон», ки аз одамони дар рушди ноҳияи Хуҷанд саҳмдошта сухан меравад, низ акс ва маълумоте дар бораашон ҷой дода шудааст. Мо, аҳли оилаи Нигоровҳо, аз ин қадрдонии мардуми ноҳия ва роҳбарони имрӯзи хоҷагӣ нисбати қиблагоҳамон миннатдорем.
Вақти вафоти падарам мани 40-сола аллакай каму беш шӯру шакари зиндагиро чашида будам. Вафоти қиблагоҳамро бо таҳаммул қабул кардам. Чӣ метавон кард? «Рафтанду равему боз оянду раванд»... Аммо алами надидани рӯи гармашон ҳоло ҳам дар дилам ҳаст. Соли душвори 1993 нақлиёт хеле кам буд ва ман аз фурудгоҳи Хуҷанд то хонаамон пиёдаву савора дар бадали беш аз 2 соат расидам. Падарам 1 соат пеш аз дунё гузашта будаанд...
3. Хабари фавти Лоиқ Шералӣ...
Солҳои 1999-2001 хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Садои Хуросон», дар шаҳри Машҳади Эрон будам. Мо, ҳамаи ҳамкорон, ҳам вазифаи хабарнигориро иҷро мекардем, ҳам бо навбат барномаи ҳаррӯзаро аз аввал то охир мебурдем, яъне муҷрӣ ҳам будем. Рӯзи навбатдориам аз Душанбе хабар омад, ки устод Лоиқ Шералӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, даргузаштанд. Шунидани хабари фавти шоире чун устод Лоиқ худаш аллакай ғусса аст. Ва ман, ки бо устод борҳо ҳамсуҳбат шудааму дӯсташон медоштам, ин хабарро хеле бо дард қабул кардам. Бо устод дар 1 маҳаллаи Душанбе – Қарияи Боло мезистем ва гоҳе дар кӯча, ки во мехӯрдем, то маҳаллаамон пиёда суҳбат карда меомадем. Устод раҳораҳ воқеаеро нақл мекарданд, шӯхиҳои хуб доштанд. Ба ошхонае, ки он ҷо бо муаллимаам, шоира Мавҷуда Ҳакимова одатан хӯроки пешин мехӯрдем, устод Лоиқ ва устод Ҷӯрабек Муродов ҳам меомаданд ва ҳама пушти 1 миз менишастему аз аввал то охири танаффус аз ҳар бобат суҳбат мешуд.
...Матни хабари даргузашти устодро барои барномаи бегоҳ тайёр кардам. Дар аввали барнома чун муҷрӣ муҳтавои онро эълон намуда, варақро бо матни ин хабар наздам гирифтам. Ҷумлаи аввалро хондаму... гиряам омад. Барнома зинда пахш мешуд, коргардону танзимгарамон дар пушти оинаи студия истода, бо ҳайрат ба ман менигаристанду намедонистанд чӣ кор кунанд. Коргардон ба ман ишора мекард, ки маъниаш «Чӣ кор кардӣ?» буд. Билохира худро ба даст гирифтаму бо овози гиряолуд давоми матнро то охир хондам. Барномаҳои дигар шуруъ шуданд ва баъди якуним соати иҷрои онҳо ҳамроҳи ҳамкорони дигарам аз студия ба ошёнаи аввал, ба утоқи бахши тоҷикӣ фаромадем.
Фикр кардам, барои эҳсосоти худро идора карда натавонистанам норизоии роҳбариятро мешунавам. Аммо роҳбари бахши мо оқои Ходим гуфтанд: «Ман барномаро гӯш кардам. Гиряатонро ҳам шунидам... Мо ҳама инсонем ва соҳиби эҳсосем. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳама барои шоири забардасти тоҷик Лоиқи Шералӣ мегирянд»...
4. Поси оромгоҳи бузургон
Ҳар шахсе ки ба Эрон меояд, албатта, мақбараҳои адибони классик – устодони сухан, олимону ҳунармандони забардастро зиёрат мекунад. Зиёрати мақбараҳои устодон Абулқосими Фирдавсӣ дар Тӯс, Умари Хайём ва Фаридуддини Аттор дар Нишопур, Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозиву шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар Шероз, Камоли Хуҷандӣ ва Камолиддини Беҳзод дар Табрез, Абӯ Алӣ ибни Сино ва Бобо Тоҳири Урён дар Ҳамадон ҳамеша дар хотирам хоҳад монд.
...Рӯзи истироҳат буд. Дар Ҳамадон бо духтарам ба зиёрати мақбараи шоир Бобо Тоҳири Урён омадем. Мардуми зиёд дар боғе, ки мақбараи шоир он ҷост, сайр доштанд, ҳар ҷо-ҳар ҷо бо хонаводаву хешу табор гирди ҳам нишаста, сари 1 пиёла чой суҳбат мекарданд. Бо зинапояҳо боло баромада, ба бинои мақбара ворид шудем. Он ҷо низ мардум зиёд буданд. Дар сари мазори шоир бо навбат рубоиву дубайтиҳои ӯро мехонданд. Якчанд навозанда дубайтиҳои Бобо Тоҳирро бо оҳанг замзама мекарданд. Мардуми боҳавсала, озодаву ҳунарманданд эрониён...
5. Ошиқи Фурӯғ
Замони дар курсҳои болоии донишгоҳ таҳсил намуданам, солҳои 1973, китобе ба дастам афтод, бо номи «Асир». Он бо ороиши хеле зебо дар Теҳрон чоп шуда буд. Китоб маро бо шеърҳои шоираи Эрон Фурӯғи Фаррухзод ошно сохт. Аз соҳиби китоб онро барои 1 ҳафта хоста, ҳамаи шеърҳояшро дар дафтари умумӣ бо ҳуруфи кириллӣ рӯйнавис кардам...
Соли 1983 китоби Фурӯғи Фаррухзод бо номи «Таваллуде дигар» дар Душанбе бо хатти кириллӣ ба чоп расид. Онро донишманди тоҷик, корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Наима Қаҳҳорова таҳия намуда, дар сарсуханаш навишта буд: «Ман солҳои зиёдест, ки дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмуаҳо бо 1 ташнагиву дилбастагӣ шеъри ӯро, ҳарфи ӯро қатра-қатра аз дарёи ишқу завқу шӯри ҷавониаш ҷамъ кардаам»...
Мо, ҷавонони солҳои ҳафтод-ҳаштод, ошиқи Фурӯғ будем, шеърҳояшро аз ёд мекардем. Афсӯс мехӯрдем, ки ӯ хеле барвақт, дар синни 32 дар натиҷаи садама ҳалок шудааст. Вақти мошин ронданаш хатари бархӯрдан ба автомобиле, ки кӯдакони боғча савори он буданд, ба миён омадааст ва Фурӯғ бар ивази ҷони худ ҷони бачаҳоро харидааст.
...Дар Теҳрон аз мошине ба мошине нишаста, то канортари шаҳр, ба мавзеи Таҷриш, хиёбони Дарбанд мерасам. Оромгоҳи Заҳир-уд-Давла дар байни хонаҳо мондааст. Дарвозаашро занҷир кардаанд. Аз панҷараи дарвоза ба дохил менигарам. 2 ҷавонро мебинам, ки обгиракҳои дасташонро назди девор мегузоранд. Онҳоро садо мезанам. Аз онҳо мефаҳмам, ки оромгоҳ имрӯз барои зиёраткунандагон баста аст. Вақте мегӯям, ки аз Тоҷикистонам ва ба зиёрати оромгоҳи Фурӯғ омадаам, аз нигаҳбон барои ман иҷозати даромаданро мегиранд. Мегӯянд, мо дӯстони Фурӯғем. Омадем, то гулу буттаву дарахтони атрофи мазорашро об диҳем... «Чӣ хуб аст, ки, - мегӯям, -ҷавонони имрӯз ҳам дӯстони Фурӯғанд»... «Фурӯг имрӯз ҳам алоқамандони зиёд дорад, - посух медиҳанд. - Ин ҷо меоянд, сари оромгоҳаш шеърҳояшро мехонанд». Назди нигаҳбон омада бо ӯ аҳволпурсӣ мекунам. Аҷаб! Нигаҳбон зан аст. «Бачаҳо гуфтанд, ки меҳмонед, аз ин сабаб ба Шумо иҷозати вуруд додам, - мегӯяд ӯ. - Вагарна имрӯз оромгоҳ баста аст». Ба ӯ ташаккур гуфта ҳамроҳи ҷавонон сари мазори Фурӯғ меоям. Онҳо мераванд. Ман мемонам. Болои мазори Фурӯғ 1 фонуси баланд ҳасту 1 дарахт. Рӯи санги мармар мехонам:
Ин ҷо оромгоҳи абадӣ ва хонаи Фурӯғ аст:
Ман аз ниҳояти шаб ҳарф мезанам,
Ман аз ниҳояти торикӣ ва аз ниҳояти шаб ҳарф мезанам.
Агар ба хонаи ман омадӣ, эй меҳрубон,
Чароғ биёвар!
Ва як дарича, ки аз он
Ба издиҳоми кӯчаи хушбахт бингарам...
Фурӯғи Фаррухзод
Фарзанди сарҳанг Муҳаммади Фаррухзод
Таваллуд - даймоҳи 1313 хуршедӣ
Марг - баҳманмоҳи 1345 хуршедӣ.
Шоирони маъруфи Эрон Эраҷ Мирзо, Малик-уш-шуаро Баҳор, Раҳии Муайярӣ низ дар ин оромгоҳ ба хок супурда шудаанд. Мақбараи онҳоро зиёрат мекунам.
Эраҷ Мирзо (1874-1928). Ин порашеъраш рӯи санги мазораш ҳаккокӣ шуда:
Ай накӯён, ки дар ин дунёед,
Ё аз ин баъд ба дунё оед,
Ин ки хуфтаст дар ин хок манам,
Эраҷам, Эраҷи ширинсуханам.
Мадфани ишқи ҷаҳон аст ин ҷо,
Як ҷаҳон ишқ ниҳон аст ин ҷо.
Ман ҳамонам, ки дар айёми ҳаёт
Бе шумо сарф накардам авқот.
Гарчи имрӯз ба хокам маъвост,
Чашми ман боз ба дунболи шумост...
...Фурӯғ аз охирин шоироне буд, ки мазораш ин ҷост. Касеро дигар дар ин ҷо намегӯронанд...
6. «ҶУМҲУРИЯТ» МАКТАБ БУД
Моҳи сентябри соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мукофотонида шудам. Нишони сарисинагии ин мукофотро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман супурданд. Қадр намудани хидмати 1 журналист қадрдонӣ аз заҳмати даҳҳо ҳамкасбонам мебошад ва ин мукофотро марбути ҳамаи қаламкашоне меҳисобам, ки дар соҳаи матбуот кор мекунанд.
Мукофот замони муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» буданам дода шуд. Дар идораи ин рӯзнома беш аз 6 сол фаъолият доштам. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» бароям мактаби дигари журналистӣ гардид. Ин ҷо ҳамкасбонам бо масъулияти баланд кор мекарданд. Дар идорае, ки журналистону нависандагони муътабар Ғоиб Қаландаров, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ғоиб Сафарзода, Иброҳим Усмонов, Абдулҳамиди Самад, Сайфи Раҳимзод фаъолият доштаанд, дигар хел буда ҳам намешуд. Сармуҳаррирамон Камоли Қурбонийон (Абдураҳимов) тавонист 1 ҳайъати эҷодии воқеан асилро ташкил кунад. Заҳмати қаламкашро хуб қадр мекард, аз рӯзгори ҳар корманди идора бохабар буд...
Аз ҳар 1 ҳамкорам дар «Ҷумҳурият», бахусус аз Фотеҳи Абдуллоҳ, Зиё Абдулло, Қурбон Мадалиев, Камоли Қурбонийон, Неъматуллои Худойбахш, Мирзои Фирӯз, Додоҷон Рӯзиев, Карим Давлат, Абдуқодири Раҳим, яъне хурду калони идораи рӯзнома, чизе омӯхтам ва агар ба онҳо низ хидмате карда бошам, шод мешавам.
Замони корам дар ин ҷо бо устод Муъмин Қаноат, бо муаллимаам Фирӯза Турсунзода духтари Мирзо Турсунзода, бо доктори илми санъатшиносӣ, устод Низом Нурҷонов, чанде дигар адибону фарҳангиён ва олимони муътабари ҷумҳурӣ мусоҳибаҳо доштам. Онҳо дар рӯзнома чоп шудаанд. Лаҳзаҳои суҳбат бо ин устодон, кори душвору ҳаловатбахши рӯи ин мусоҳибаҳо, беҳтарин соату рӯзҳои фаъолиятам дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» буданд...
7. МОДАРАМ АЗ ПРЕЗИДЕНТ 1 ХОҲИШ КАРД...
Субҳи 5-уми ноябри соли 2010 модарам Рафоат Хоҷаева дар синни 85 аз дунё гузаштанд. Ҳамаи 4 фарзандашон наздашон, дар ҳавлиашон будем. Ҳавлие, ки ҳамроҳи падар сохтаанд. Муаллимони мактабе, ки дар он ҷо беш аз 40 сол кор карда буданд, ба ҷанозаашон омаданд. Дар бораашон суханони нек гуфтанд, аз саҳмашон дар соҳаи маориф гап заданд. Модарам унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро доштанд.
...Соли 1999 буд. Модарам бо гурӯҳи онҳое, ки бояд мукофотҳои давлатӣ мегирифтанд, аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд. Ҳамроҳи ин гурӯҳ ман ҳам ба толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадам. Вақте номашонро барои гирифтани мукофот эълон карданд, назди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷоя омадем. Зеро 1 пои модарам маъюб буду метарсидам, ки аз ҳаяҷон пешпо хӯрда, наафтанд.
Президент ба модарам нишони унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро супурданд. Модарам миннатдорӣ баён намуда, ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Писарам, аз Шумо 1 хоҳиш дорам». Президент хам шуда, гӯш доданд. «Дар мактабҳо китоб намерасад, ҳамту кунед, ки бачаҳо бе китоб намонанд». Президент гуфтанд: «Албатта, муаллимаи азиз, ман инро медонам ва ҳама саъйи мо бар он аст, ки ҳар як бачаи мактабхон бо китоби дарсӣ таъмин бошад». Модарам ташаккур гуфтанд ва гӯё хотирашон ҷамъ шуд. Мо ба ҷои нишастамон баргаштем.
Аз ин хоҳиши модарам дар ҳайрат намондам. Ба нафақа баромада бошанд ҳам, ба мактабашон мерафтанд, аз вазъаш бохабар буданд ва ҳамеша ғами муаллимону талабаҳоро мехӯрданд.
Модарам – муаллимаам аз рӯзе, ки он касро мешинохтам, завуч, яъне мудири қисми таълимӣ ё худ муовини директори мактаби №18-и шаҳри Хуҷанд (пештар рақами 7 ) буданд. Дар ин мактаб, ки бо ҳашари умумӣ солҳои бистуми асри гузашта сохта шудаааст, ҳамаи мо, бачаҳои маҳалла, таҳсил кардаем. Наслҳои баъди мо дар биноҳои куҳнаву нави он таҳсил кардаанду таҳсил мекунанд.
Волидонам се фарзандашон: хоҳарам Масъуда, додарам Толибиддин ва манро дар Душанбе, ба қавле, «хононданд». Хоҳарам Самия дар Хуҷанд, баъдан дар Тошканд таҳсилоти олӣ гирифт. Оилаи мо зиндагии одӣ дошт. Иморатҳои сохтаи волидонам ҳам одӣ буданд. Аз падару модарам миннатдорам, ки фарзандонашонро бо маоши ҳалол дар роҳи ростиву дурустӣ тарбия намуданд. Шикамамон ҳам сер буду чашмамон ҳам...
Баъди вафоти модарам хонуми додарам аз сандуқашон 4 буғчаро бароварда гуфт: «Инҳоро барои чаҳор фарзандашон ба ёдгор мондаанд». Аз буғчаи ба ман тақдимшуда сӯзании дастидӯхт барои арӯсии духтарам Малоҳат баромад...
Китобҳои аввалини китобхонаамро ҳам падару модарам харидаанд... Аммо ман аз волидонам дур мезистам ва барояшон ба қадри кофӣ хидмат карда натавонистам. Афсӯс мехӯрам...
Таҳияи Камоли ҚУРБОНИЙОН,
махсус барои СССР
Аз идораи ҳафтаномаи СССР: 3-юми июни соли 2023, Талъат Нигорӣ ба синни мубораки 70 расиданд. Устоди сухан, журналисти саршинос, соҳибқалам, бонуи ширинзабон, ширинадо, “леди”, ё худ бонуи намунавии Тоҷикро бо ин ҷашнвора табрик гуфта, ба Муаллимаи азиз саломати бардавом, бахт, иқбол ва бурдбориҳо таманно дорем. Мо Шуморо дӯст медорем, бону Талъат Нигорӣ.
Мо метавонем!!!