(Тақриз ба китоби Абдухалил Холиқзода, “Ҳаводиси рӯзгори ман” – Душанбе, Эр-граф, 2023, -288 саҳ.)
“Ҳаводиси рӯзгори ман” – Абдухалил Холиқзода барои китобаш унвони ҷолиби диққате гузоштааст, ки зеҳни одами кунҷкобро зуд ба худ ҷалб мекунад. Дар зеҳни хонанда ин тасаввур пайдо мешавад, ки китоб аз ҳодисаҳои аҷибу ғариб саршор аст ва онро ҳатман бояд хонд. Ман ҳам хондам ва эй кош намехондам! Зеро таҳқир ва суханони нодурусту норавою носазо нисбат ба мардум, хусусан тоҷикони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин китоб бисёр аст. Муаллиф худро дар ҷойгоҳи 1 муҳаққиқи мардумшинос қарор дода, дар бораи мардуми ин ё он ноҳия, шаҳр ва минтақа ба қавле “характеристика” додааст.
Нависанда вақте дар мавриди мардуми вилояти Хатлон изҳори назар мекунад, менависад:
“Чунин ба назар меояд, ки мардуми ин диёр дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои ҳамсояашон (манзури муаллиф қавмҳои туркию муғулӣ аст, ки поинтар ишора мекунад) баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойгузини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд. Нармгуфторӣ, дурӯягии тоҷикӣ, ки дар навиштаҳои гузаштагон яке аз хислатҳои накуҳидаи миллат ба қалам дода шуда буд, ба чобукӣ ва устуворӣ иваз шудааст” (саҳ. 51).
Аввал ин, ки нармгуфторӣ хислати накуҳида нест, балки сифати ҳамида аст. Дигар ин, ки муаллиф бо истифодаи таъбири “дурӯягии тоҷикӣ” на танҳо мардуми вилояти Хатлон, балки ҳамаи миллати тоҷикро таҳқир кардааст. Дурӯягиро ба миллати тоҷик рабт додани ӯ қабл аз ҳама ба нохалаф будани худи нависанда далолат дорад. Дар ҳар қавму миллат одамони дурӯя мавҷуданд, вале 1 миллат ба тамомӣ ҳама дурӯя бошанд, ин амрест маҳол ва тавҳинест ба шаъни умуми миллат.
Сипас ӯ аз мулоқоташ бо Бӯрихон Салимов дар ноҳияи Ховалинг қисса карда, бо рӯйкарди нафратомезе, ки нисбат ба мардуми ин минтақа дар дил ниҳон дорад, ба ин нукта таъкид мекунад, ки “Ӯ (Бӯрихон Салимов) нақлҳои ҷолиби худро бо суханони қабеҳ “оро” медод. Ману Абдулмумин писаронамон – Фаридун ва Алишерро ҳамроҳ гирифта будем ва ман маҷбур мешудам, ки ҳар замон аз Фаридун хоҳиш кунам, ки дуртар равад, ё гӯшҳояшро бибандад” (саҳ. 51). Агар мақсуди нависанда ба намоиш гузоштани хислати “қабеҳсуханӣ”-и мардуми ин минтақа набуд, ба овардани ин ҷумла дар матни китобаш ҳеҷ зарурат набуд. Вале чун мақсуди ӯ манфур нишон додани чеҳраи мардуми ин минтақа будааст, дар идома навиштааст: “Чизи дигаре, ки ӯ (Бӯрихон Салимов) нақл кард, дар боби муҳоҷиркунӣ буд. Ӯ гуфт, миёнаи солҳои панҷоҳ моро муҳоҷир карда, ба ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) оварданд. Мо бачаҳои шаш-ҳафтсола вақте ба мактаб мерафтем, лақайбачаҳо, ки теъдодашон аз мо хеле зиёд буд, моро бо сангу чӯб мезаданд. Мегуфтанд, “ин ватани мост, шумо ба ватани худатон баргардед”. Танҳо дар солҳои шаст шумораи мо-тоҷикбачаҳо зиёд шуд ва мо дигар боло гирифтем. Ин ду нақл ва иттилоъи муаллифи “Таърихи ҳумоюн” таъйиди ҳамон фикри боло аст, ки МАРДУМИ ТОҶИКИ ИН МИНТАҚА ДАР АСАРИ ҲАМСОЯГИИ ДУРУ ДАРОЗ БО ҚАБОИЛИ ДИГАР ОМЕХТА ШУДААНД ВА БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ОНҲОРО ҚАБУЛ КАРДААНД, КИ ҲАҚТАЛОШӢ, ҶАСОРАТ, УСТУВОРӢ ВА СОФИВУ САДОҚАТ АЗ ҚАБИЛИ ОНҲОСТ” (саҳ.52).
Таҳқири миллати Тоҷик дар «шоҳасар»
Воқеан, муаллиф наметавонист аз ин беҳтар миллати тоҷикро таҳқир кунад. Ӯ дар ҳамин чанд ҷумла нақли 1 нафар мусоҳиби худро далел оварда, ин фикрро дар ҷомеа мехоҳад ниҳодина кунад, ки ноҳияи Ҳамадонӣ, ки исми таърихии он Чубак асту вожаи тоҷикист, то солҳои панҷоҳи асри ХХ ватани қабилаи лақай будааст ва тоҷикон аслан мардуми муҳоҷиршуда ба ин ноҳияанд ва низ мехоҳад ин зеҳниятро дар хонанда ба вуҷуд биёварад, ки “мардуми тоҷики ин минтақа дар асари ҳамсоягии дуру дароз бо қабоили дигар (манзураш қавми лақай аст) омехта шудаанд ва баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул кардаанд, ки ҳақталошӣ, ҷасорат, устуворӣ ва софиву садоқат аз қабили онҳост”.
Ин бахши дувуми андешаи муаллиф воқеан шармовару нанговар аст, ки аввал асолати нажодии тоҷикони минтақаро бо омехташавӣ ба қабилаи лақай зери суол бурда, сифатҳои наҷиби тоҷикони ин ноҳияро, аз қабили ҳақталошӣ, ҷасорат, устуворӣ ва софиву садоқат баргирифта аз қавми лақай қаламдод намудааст. Яъне, ба иддаои нависанда тоҷик то омехта шуданаш бо қавми лақай ҳақталош, ҷасур, устувор ва софдилу содиқ набуд ва ин сифатҳо дар ниҳоди ӯ танҳо баъди омехташавии хунию маънавияш бо лақайҳо ба вуҷуд омадааст. Албатта, мо намегӯем, ки мақоми қавми лақай аз мо поинтар аст, зеро ҳамаи мардум халқи Худост. Вале чунин андешаронию натиҷагирӣ кардани нависанда, воқеан разолат аст. Душман накунад, он чи ту чун дӯст кунӣ! Ин нафрат аз куҷост нисбат ба ҳаммиллатонат, агар воқеан тоҷик ҳастӣ!?
Агар муаллиф “реге дар кафш надошт”, “аз Хуталон омадия”-ро ба ёди хонанда меовард ва мегуфт, ки тоҷикон аз қадимулайём сокинони аслии ин сарзамин будаанд ва далерию ҷасорату устуворию дигар сифатҳои ҳамидаашон дар нахустин шеъри форсӣ ҳамчун парчами ифтихор ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш дарҷ гардидааст.
Иғвои мазҳабӣ дар «шоҳасар»
Хонандаи боҳуш дарк мекунад, ки рӯйкарди муаллиф дар ин китоб нисбат ба тоҷикони ин ё он минтақа бештар бо нафрат ва сиёҳнамоӣ ҳамроҳ аст. Ҷое, ки дар бораи мардуми Бадахшон сухан мегӯяд, баҳси мазҳаб ва қатлу ғоратро ба миён меорад:
“Ванҷиву дарвозиҳо суннимазҳаб ва боқии тоҷикони ин диёр шиъамазҳабони исмоилианд. Исмоилиҳои Бадахшон дар гузашта сахттарин заҷрро аз дасти ҳамсоягони дигармазҳаби худ кашидаанд, ки ба урфу расм ва афкору тарзи зиндагии онҳо таъсири амиқ гузоштааст. Дар гузашта, ки мазҳаб таъинкунандаи сиёсат будааст, ҳамсоягони суннимазҳаби ин мардум ба онҳо ҳамчун ДУШМАНИ БАДДИН муносибат карда, ЗУЛМИ ЗИЁД РАВО ДИДААНД. ДОИМ БА ИН САРЗАМИН БО БАҲОНАИ МАЗҲАБСИТЕЗӢ ҲАМЛАҲО БУРДА, ҚАТЛУ КУШТОР ВА ҒОРАТ МЕКАРДААНД. Ин муносибати беруниён тавъам бо шароити ҷуғрофии маҳдуди зист ба афкори онон таъсиргузор будааст ва дар тӯли асрҳо ба сурати ғаризаӣ ба ҳар омили беруна бо нобоварӣ муносибат мекунанд, ПЕШ АЗ ҲАМА ОНРО ДУШМАН МЕДОНАНД ва бехатарии худро дар ваҳдати дохилиҷомеаии худ мебинанд” (саҳ.57-58).
Дар замоне ки мардуми Тоҷикистон, хусусан зиёиёни фарҳехта сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хитобаҳо ва асарҳои хеш таблиғу талқин мекунанд ва миллатро ба дӯстию рафоқат, таҳаммулпазирӣ ва ҳусни ҳамзистӣ фаро мехонанд, ин нависандаи “мардумшинос” масъалаи мазҳабситезиро ба майдон мекашад, 1 гурӯҳро золим (суннисмазҳабони таоруфиро) ва дигарро мазлум (бадахшониҳои шиамазҳабро) нишон медиҳад, мардуми шарифи Бадахшонро аз баданаи миллат бурида, аз забони гурӯҳи дигар “баддин” мехонад, мардуми минтақаҳои дигари кишварро дар муносибат ба онҳо “берунӣ” унвон мекунад ва дар зеҳни ҷавонони Бадахшон мардуми суннимазҳабро душман, қотил ва ғоратгар тасвир мекунад. Ин фиқраи болоро ба ҷуз аз нафратпарокании мазҳабию қавмӣ ва фитнаангезии иҷтимоӣ чи метавон унвон кард!? Оре, ин фитнаи ҳоло нуҳуфта дар миёни китоб аст, Худо нигаҳ дорад!!!
Таҳқири ғармиву хуҷандиҳо дар «шоҳасар»
Нависанда дар мардуми минтақаи Рашт низ айбҳои бузург дидааст. Ӯ роҷеъ ба ин пораи миллат менависад:
“Мардуми тоҷики ин водӣ ба чанд ноҳия – Файзободу Оби Гарм ва Ғарму Нурободу Тоҷикобод ҷудоянд. Дар мансубият ба маҳаллашон таассуб меварзанд ва дар ҳоли зиддият бо ҳам ба сар мебаранд. Тоҷикони ин диёр аҳли илму тиҷорат ва сарватдӯстдоранд. МАН ДАР ҲАМКОРӢ БО КАСОНИ АЗ ИН ДИЁР САДОҚАТ ДАР ДӮСТИВУ ВАФО БА АҲД КАМТАР ТАҶРИБА КАРДААМ” (саҳ.62).
Оё дар бораи кулли мардуми 1 минтақа ҳамин гуна сабуксарона қазоват кардану онҳоро ба сарватпарастию бевафоию беаҳдӣ муттаҳам кардан ҷоиз аст!?
Ҳоло биравем ба суроғи мардуми Хуҷанд, ки нависанда онҳоро аз шишаи сиёҳи айнаки худ чи гуна дидааст? Ӯ зимни ном бурдан аз авлод ё ба истилоҳи дигар тираҳои мардуми Хуҷанд мисли “тӯраҳо”, “шайхҳо”, “хонҳо”, саййидҳо”, “мирзоён” ва ғайра навиштааст:
“Дар Хуҷанд авлоди “тӯраҳо” ҳастанд, ки дар ҷомеа соҳиби эҳтироми хос мебошанд ва мисли ҳамон “шайх”-ҳои Бухоро танҳо дар дохили табақаи худашон издивоҷ мекунанд. Номи онҳо нисба ё пасванди “хон” дорад ва ҷолиб ин аст, ки касоне, ки аҳли ин табақа нестанд, ин нисбаро ба фарзандонашон гузошта наметавонанд... Агар касе аз аҳли табақаҳои ғайр ин пасвандҳоро ба номи фарзандаш гузорад, ӯро “худхонда”, “ҷаълӣ” ва ғайра гуфта, маҷбур мекунанд, ки номашро иваз кунад” (саҳ.64-65).
Воқеан хеле тааҷҷубовар аст, ки мардуми Хуҷанд то кунун бо ақоид ва қоидаҳои қурунивустоӣ зиндагӣ мекунанд, ё баръакс, нависанда бо айнаки қурунивустоии худ ба онҳо нигоҳ кардааст!? Сипас ӯ “васф”-и мардуми Хуҷандро бад-ин гуна идома медиҳад: “Мардуми Хуҷанд худро аз дигарон болотар медонанд ва ба омадагон муносибати таҳқиромез раво мебинанд. Масалан, касони аз ноҳияҳои Зарафшон ба Хуҷанд омадаро “масчоӣ” гуфта, таҳқиромез ном мегиранд. Агар касе аз минтақаи дигар омада, дар Хуҷанд маскун шавад, ӯро дар байни худашон “сойкелдӣ” ном мебаранд. Дар ин шаҳр қабристоне ҳаст, ки бегонагонро дар он ҷо дафн мекунанд” (саҳ.65).
Аз худ мепурсам, чи маразу ғаразе дорад ин “муҳаққиқи мардумшинос”, ки мардуми ҳеҷ 1 аз минтақаҳои Тоҷикистон (ба ҷуз зодбуми худаш) аз заҳри забонаш дар амон намондааст ва дар маҷмӯъ 1 миллати шарифро ба қабеҳсуханӣ, дурӯягӣ, баддинӣ, мазҳабситезӣ, қотилӣ, золимӣ, бевафоӣ, беаҳдӣ, мутакаббирӣ ва айбҳои дигар муттаҳам кардааст. Ӯ дар мавридҳое низ зоҳиран “объектҳои мавриди таҳқиқашро” васф мекунад, то агар аз изҳори назарҳои ифротияш эҳсоси озору нороҳатӣ кардаанд, бо таърифе онро ҷуброн кунад, вале дар зимни он таърифу тавсиф низ ба мардуми минтақаҳои дигари кишвар санги таънаю маломат меандозад, мисли ин маврид:
“Мардуми шаҳри Хуҷанд ба истиснои сокинони Истаравшан, ЯГОНА мардуми Тоҷикистони имрӯза ҳастанд, ки ДОРОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИЯНД. Онҳо суннатҳои устувор доранд ва дар тиҷорат дорои маҳорати хосанд. Пажӯҳишгарони рус, ки дар замони қабл аз инқилоби сурх ба ин ҷо омадаанд, халқи тоҷикро ба 2 даст тақсим кардаанд: шаҳрнишин ва кӯҳистонӣ. Ба ақидаи онҳо барои шаҳрнишинон тиҷорат ва манфиат нисбат ба масъалаҳои ҳувият ва миллат бештар аҳамият доштааст” (саҳ.65-66).
Офарин ба пажӯҳишгарони руси қабл аз инқилоби сурх, ки “халқи тоҷикро ба 2 даст тақсим кардаанд”. Онҳое, ки бо вазифаи ҷосусӣ ба сарзаминҳои мо дар ҳайати пажӯҳишгар омада буданд, ба маротиб боинсофтар аз шумо будаанд. Забони шумо дар ин тақсимбандиҳои тоҷикон хеле дарозтар аст!!! Дупаҳлу менависед. Аввал ҳодисаи қатори Калининро мисол зада, мардуми Конибодомро миллатдӯст меномед ва дар идомаи ҳамин матлаб мардуми Хуҷандро аз забони пажӯҳишгарони руси қабл аз инқилоби сурх беҳувияти миллӣ мехонед. Хуҷандиҳоро “ягона мардуми Тоҷикистони имрӯзаи дорои фарҳанги шаҳрӣ” тавсиф мекунед ва барои мардуми шаҳрҳои дигари Тоҷикистони кунунӣ доштани фарҳанги шаҳриро инкор менамоед. Магар аҳолии шаҳрҳои дигари Тоҷикистон аз фарҳанги шаҳрӣ бебаҳраанд? Магар мардуми шаҳрҳои дигари Тоҷикистон суннату анъанаҳои устувори миллӣ надоранд!?
Даюсии миллати точик дар «шоҳасар»
Беномусӣ ва даюсии яке аз афроди миллатро ҳам, ки нависанда ӯро ба унвони намунае аз мардуми Хатлон овардааст, дар ҳамин китоб хондам. Ҷолиб ин аст, ки нависанда ба хотири рӯзи мабодо, эҳтиёт ва доштани паноҳгоҳ номи ривояткунандаи онро ҳам қабл аз нақли моҷаро зикр кардааст. Бале, нависандаи китоб Абдухалил Холиқзода дар қисмати оғозини китобаш аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ин қиссаро баён мекунад ва аз Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳори сипос мекунад, ки маро бо Рамазон Раҳимзода ошно кард. Ба эътирофи худи нависанда “нақли ин ҳикоят сахт аст, чи расад ба хонданаш”. Ман ҳам наметавонам он қиссаи нангинро ба тамом ин ҷо биёрам, вале моҷаро аз ин шарҳ аст, ки марде бо номи Расул аз аҳли Ховалинг дар солҳои бистуми асри ХХ, пас аз ҳуҷуми Артиши Сурх ба ин сарзамин бо ҳамсари ҷавону нозанинаш, ки Нозанин ҳам ном доштааст, тарки Ватан гуфта, ба хоки Афғонистон меравад. Дар ғурбат ҳамшаҳриён ба Расул таъкид мекунанд, ки зинҳор Нозанин ва аспашро афғонҳо набинанд, ки дарди сараш мешаванд. Хулосаи калом, Расул бемор мешавад ва Нозанин барои овардани об аз хайма берун меравад ва ба дунболаш марди ҳазорае, ки қизилбоши маҳал будааст, ба хаймаи онҳо меояд. Қизилбош (шиъамазҳаб, аз қавми ҳазораи муғул) шаб ба хаймаи Расул омада, мегӯяд, ки “занат зебост, вале имшаб моли ман мешавад”. Ҳамин тавр, қизилбош Нозанинро дар пеши чашми шавҳараш таҷовуз мекунад ва ин таҷовуз то чандин шаби дигар такрор мешавад ва аз роҳи... (маъзарат хонанда) ақиб ҳам сурат мегирад. Нависанда гӯё аз тасвири ин разолат лаззат мебурда бошад, ки ҷузъиёти он амали нангинро хилофи адаб ва риояти эҳтироми хонанда бо тафсил тасвир намудааст...
Ҳаммуаллифони «шоҳасар» киҳоянд?!
Пас аз мутолиаи чунин мавридҳои пастзании шаъну эътибори миллат, фитнаангезиҳо ва зарбазаниҳо ба ваҳдати миллӣ ман аз касоне тааҷҷуб кардам, ки нависанда дар муқаддимаи китобаш аз онҳо барои кумакашон дар тасҳеҳи матни китоб ва ҳусни асар изҳори сипос намудааст. Айнан меорам:
“Нависанда дар нигориш аз муҳаббати дӯстон баҳра бурдааст. Устодон Абдунабӣ Сатторзода, Абдулқодири Рустам, Сайфуллоҳ Муллоҷон ва Толиби Луқмон дар вироиш ва тасҳеҳи матн заҳмат кашиданд, ки ба ҳусни асар афзуд. Муаллиф аз лутфи ин устодони забардаст сипосгузор мебошад” (саҳ.4).
То ҳал боварам намеояд, ки ин устодони забардаст “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро хонда бошанд ва дар баробари он ҳама ноҳамвориҳо, тавҳинҳо, таҳқирҳо, буҳтонҳо ва нафратпароканиҳои нависанда сукут варзида бошанд. Хуб, гирем, ки муаллиф нависандаи касбӣ нест, вале онҳое, ки исмашон дар ин сатрҳо зикр шудааст, аҳли илму адабанд. Оё онҳо низ бо ин афкори нависанда розӣ шудаанд, ки бо иншои таҳқирномаҳои боло теша ба решаи сулҳу ваҳдат ва шаъну эътибори миллат зада шавад? Чаро ба вай тавсия надодаанд, ки матнҳои зарарборашро аз матни китоб бардорад!?
Таассуфангезтар ин аст, ки “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро бо хатти форсӣ мо имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” дидем, бо ҳамин ороиш ва бо ҳамин матн!!! Оё ин гуна мо миллати худро ба ҳамзабононамон ва хориҷиён муаррифӣ мекунем!? Воқеан, ки шармовар асту нанговар!!!
Албатта, тавре ки дар боло низ ишора шуд, дар ин китоб мавридҳои мусбат низ аз ҳаёти давлату миллат инъикос шудаанд, вале ин равиш ҳамон қазияи деги таому қошуқи заҳрро мемонад. Ба қавли Шайхурраис Абӯлаӣ ибни Сино:
"Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт!
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст!!!”
Раҳмоналӣ Мирализода
Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон