ХАБАРИ ДОҒ

Одамрабоӣ: Шуҳрат Исматуллоев куҷост? Рустам Ашуров-«стрелоки молдовӣ» кист?? Дилшод «Красавчик»-заказчики Шуҳрат...???

  • Ҷумъа, Июл 07 2023

 

 23.06.2023. Хабари дуздида шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», субҳи рӯзи 24 июн аллакай дар ш.Душанбе паҳн шуд. Аммо чун итиллои расмӣ набуд, мардум танҳо байни худ миш – миш мекарданд, касе дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ на менавишту на тахмин мезад. Ин хабар танҳо шоми 25.06.2023 пас аз нашр дар радиои амрикоии «Озодӣ» расонаӣ шуд.

  

11 рақами тақаллубӣ барои мошини дуздӣ

23.06.2023. Соат ба вақти Душанбе 20:10 дақиқа.  Дар кӯчаи Закариёи Розии н.И.Сомонии ш.Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш - муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи “Хюндай-Соната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша (наповал) маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ - Майдони сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.

 Бояд гуфт, ки рақамҳои ин мошин тақаллубӣ буда, ҷинояткорон барои ин амалиёт ва ин мошин 11 рақами ба қавле «фальшивый» тайёр карда буданд. Одатан чунин рақамҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дахл дошта, зимни фаъолият ва ё дар сурати тез ҳаракат кардан, кормандони БДА онҳоро манъ намекунанд. Автомашинаи мазкур моҳи сентябри соли 2022, қариб 1 сол пеш, харидорӣ шуда, дар 1 соли ахир танҳо 3-4 маротиба ба кӯча баромадааст. Акс ва видеое, ки ВКД ва мардум дар шабакаҳо пасон паҳн кард, маҳз 1 сол пеш зимни харидорӣ шудани ин мошин гирифта шудаанд. Ба забони дигар ҷинотякорон 1 сол беш ба ин одамрабоӣ омодагӣ мегирифтанд!

Дар робита ба ҳодисаи мазкур, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад, -омадааст дар гузориши ВКД.

 

300 ҳазор сомонӣ ҷоиза

Ҳамчунин, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд, ё пинҳонӣ хабар медиҳанд, беш аз 300.000 сомонӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

ВКД ҶТ аз шаҳрвандон хост, ки барои ошкор намудани ин ҷинояти одамрабоӣ кӯмак кунанд ва аз гаравгонон даъват ба амал овард, ки шахси гаравгон гирифта-Шуҳрат Исматуллоевро озод намоянд.

 Дар баёнияи ВКД ҶТ, ки рӯзи 26.06.2023 паҳн гардид, гуфта мешавад, нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович - муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукдиҳанда татбиқ карда мешавад.

 Вале касе, табиист, ки ҳозир нашуд. Зеро тавре баъдан маълум гардид, ҷинояткорон ҳанӯз дар байни соатҳои 20-и рӯзи 23.06.2023 то соати 06-и субҳи 24.06.2023 аллакай ба ҷинояташон нуқтаи тамат гузоштаанд. Онҳо мошинеро, ки одам рабуда буданд, ба дарёи Зарафшон сарозер мекунанд...

 

Версияҳои одамрабоӣ

Хотиррас мешавем, то ҳанӯз версияи асосии ин ҷиноят гуфта нашудааст. Танҳо тахмину гумонҳо зиёданд, ки дар миёни мардум ва шабакаҳо рӯ мезананд.

- Версияи аввалӣ, ки одамрабоён пул талаб мекунанд, чанд рӯз пас аз байн рафт. Зеро ягон кас занг задаву аз пайвандони Шуҳрат Исматуллоев пул талаб накард.

- Версияи 2, ки бо фаолияти бонкдории ахирӣ бастагӣ дошт, низ кор надод. Зеро то ҷое ба мо сарчашмаҳои муътамад гуфтанд, ЯГОН амалиёти бонкӣ, ки машкук бошад, дар Ориёнбонк ҷараён нагирифтааст.

- Версияи 3, ки 1 манбаъи огаҳ матраҳ кард, ин аст, ки гӯиё амалиётҳои интернетие вобаста ба БИТКОИН ё худ криптовалюта сабабгори ин ҷиноят шуда бошад.

«Cryptocurrency» ё electroniccash, ки бештар маъруф бар Биткоин (Bitcoin,  bit — задан ва coin — танга) аст, пулест, ки қурби баланде дар олами виртуолӣ дорад. Фарзи мисол, ҳамин ҳоло, ки ин матлабро менависем, 1 Биткоин 337 172,62 TJS нарх дошт...

            Огаҳон мегӯянд, Шуҳрат Исматуллоев, ки дар олами бонкдорӣ хеле Шахсияти Вежа ва «Уникум» буд, табиист, ки бо ин валюта низ сару кор дошт. Вале пурсида мешавад, КӢ медонист, ки Исматуллоев бо Биткоин сару кор дорад? Ва суоли дигар ин аст, ки Шуҳрат Исматуллоевро, ки варзишкори касбӣ ва сарпарасти гӯштии водии Кӯлоб ва таҳамтану варзида буд, чигуна одамрабоён ба мошин бе ғавғое савор кардаанд?

Версияҳо:

1.    Одамрабоён худро корманди мақомот муаррифӣ кардаанд;

2.    Одамрабоён ва ё нафаре аз миёни онҳоро Шуҳрат хуб мешинохт...

Версияи 2 ба ҳақиқат наздик аст. Ҳарчанд воқеан ҳам версияи аввалӣ низ корбаст шудааст. Яъне инҳо худро корманди мақомоти қудратӣ муаррифӣ кардаанд ва табиист, нафаре аз ишонро Шуҳрат мешинохт ва бе ин ки повестка ё ҳуҷҷате дигар пурсад, ба он мошини сиёҳ дар он шоми сиёҳпеша нишаст...

Дар поин ҳар 2 фарзия матраҳ мешавад. Версияе, ки маҳз нафаре аз ишонро Шуҳрат мешинохт, нақши калидии фоҷеавӣ дар ин додуситад дорад...

 

Тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв

30.06.2023 дар фурудгоҳи ш.Кишинёв, пойтахти Ҷумҳурии Молдова тирпаронӣ сурат мегирад. Баъди 1 соати ин ҳодисаСарвазири Молдова Дорин Речан дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, ки шахси тиркушой шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон аст, ки аз лиҳози амниятӣ вуруди ӯро ба Молдова рад кардаанд.

Ҳангоми раҳнамоӣ кардан ба “минтақаи озод”, ки аз он ҷо мард бояд хатсайри бозгаштро интизор мешуд, ӯ таппончаи хидматии намояндаи пулиси сарҳадро гирифта, сӯи сарҳадбон ва корманди фурудгоҳ, ки мехост силоҳро аз дасти мард гирад, тир мепаронад. Ҳам сарҳадбон ва ҳам корманди фурудгоҳ ҳалок шуданд.

01.07.2023. Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳорот пахш намуда, зикр кард, ки шаҳрванди дар фурудгоҳи ш.Кишинёв (Молдова) тирпароникарда дар бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашуров, ки пас аз тирпаронӣ боздошт шуд, яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад, ки корманди бонкро рабудаанд.

Рустам Ашуров пас аз содир намудани ҷиноят, тавассути Самарқанд ба Туркия ва сипас ба Кишинёв рафта, нияти аз онҷо ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданро кардааст. Вақте, ки ӯро марзбонон зимни убури сарҳад боздошт карданӣ мешаванд, ӯ тапончаи 1 нафар сарҳадбонро гирифта, тирпаронӣ карда, 2 нафарро ба ҳалокат расонида, чанд нафари дигарро гаравгон мегирад. Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Рустам Ашуров, 10 тир хӯрда, ярадор ва дастгир шудааст. Амалиёти безараргардонии ӯ 2,30 дақиқа давом кард.

Дар ҳамин ҳол, дар брифинги иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии кишвар Ион Мунтяну изҳор шуд, ки мақомоти Молдова Рустам Ашуровро ба Душанбе доданӣ нест:

“Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард, ба ватан истирдод намешавад. Мурофиаи судии ӯ дар Молдова доир гардида, дар ин ҷо нисбат ба Ашуров парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳодисаи тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв амали террористӣ набуда, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи айбдорӣ ба куштор оғоз гардидааст. Ба ӯ ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад”, - гуфт ӯ.

  

Рустам Ашуров ғоратгари саррофон

Шаҳрванди дастгиршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Рустам Каримович ном дорад. Ин ҷинояткор, ба тоҷикистониён ошност. Зеро қаблан низ ҷиноятҳои «дерзкий» ва гӯшношунид карда буд. Мисли ин ҷиноят:

11.07.2012. Дар амалиёте бо иштироки нерӯҳои амниятӣ Ашуров Рустам Каримович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ш. Душанбе ва Қутбиддин Содиқов, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони ҳамла ба саррофон ва дуздии 100 ҳазор доллар боздошт шуданд (Ҳуҷум ба саррофон он сол сарусадои зиёде ба бор овард ва маҳз пас аз ин ҳуҷум дари саррофиҳо баста шуд!).

 Аз Рустам Ашуров 2 таппончаи “Макаров” бо 7 тир ва 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз Қутбиддин Содиқов 395 ҳазор рубли русӣ ҳамчун далел гирифта шуд.

 Тибқи хабари расмӣ, соати 7-и пагоҳии 11 июни соли 2012 ашхоси номаълум дар к.Амиршоеви ш.Душанбе бо истифода аз яроқи оташфишон аз Сунатулло Файзуллоев, корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва Хуршед Саидов, корманди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар бинои Маркази савдои «СУМ»- 95 ҳазор доллари амрикоӣ ва маблағи калон ба пули русиро тасарруф намуда, фирор карданд. Дар роҳ ба сӯи маҳаллаи Зарафшон онҳоро ҷабрдидагон таъқиб мекунанд, аммо мавриди тирандозии афроди ғоратгар қарор мегиранд.
Гумонбаршудагон дар кӯчаи Зарафшон ба назди бинои 29 «а» омада, автомашинаашонро дар онҷо партофта, ба ронандаи автомашинаи «Нексия», рақами қайди давлатиаш 22-91 АМ РТ/01 Муҳиддин Азимзода, сокини н.Ҳисор, ки ба шустушӯи автомашинааш машғул буд, ҳуҷум намуда, бо истифодаи яроқи оташфишон ва таҳдид автомашинаашро гирифта, ба самти Душанбе-Турсунзода мегурезанд.
Вобаста ба содиршавии ин ҷинояти вазнин, ки боиси паҳн гардидани ҳангомаву овозаҳои зиёд гардид, парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Рустам Ашуровро боздошт карда, 15 сол ҳукм медиҳанд. Дар ин муддат ӯ 3 маротиба авф шуда, пас аз 8,5 соли иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба озодӣ мебарояд. Пурсида мешавад, чигуна 1 ретсидивист метавонад ба амнистия афтад? Мақомоти дахлдор бояд мӯйро аз хамир ҷудо кунанд...

 

 Тарҷумаи ҳоли Рустам Ашуров

 

Ашуров Рустам Каримович, санаи таваллуд: 25.03.1980, зодаи ш.Душанбе, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к.С.Айнӣ, бинои 42, блоки 4, ҳуҷраи 21 (қаблан то санаи 30.12.2019 дар қайди к.Ҷ.Расулов, хонаи 5 қарор дошт), миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии ҳуқуқшиносӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, бекор, қаблан бо моддаи 249 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Номбурда соли 1998 МТМУ №6 –и н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2003-2004 дар Қисми ҳарбии №3502 РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Соли 2010 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда, то соли 2012 дар вазифаи эксперт – криминалисти ШВКД – 2 дар н.Синои ш.Душанбе кору фаъолият намуда, ба рутбаи лейтенанти калони милитсия сарфароз гаштааст.

Соли 2012 барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 249 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, яъне роҳзанӣ бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гашта, соли 2019 ба озодӣ баромада, бо шаҳрванд А.Ф. оила барпо намуда, дар зиндагонии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд гардида, дар суроғаи ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к.С.Айнӣ, бинои 42, блоки 4, ҳуҷраи 21 истиқомат мекарданд.

Пас аз содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ санаи 25.06.2023 соати 06:00 тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо хатсайри Душанбе – Истамбул ба Ҷумҳурии Туркия фирор намуда, аз он ҷо 30.06.2023 ба ш.Кишинёви Ҷумҳурии Молдова рафта, амали террористӣ содир намудааст.

04.07.2023. Прокуратураи генералии Молдова хабар дод, ки Рустам Ашуров ба худ наомада, дар беморхона ҷон дод! Ҷош дӯзах!!!

 

 Тасаллияти ВКХ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи ин қазияи фоҷиаовар ба хонаводаҳои фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуда, эълон дошт, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи ҳолатҳои марбут ба ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёв сафарбар шуданд.

   “Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) барои ҳамкории мутақобила бо ҳамтоҳояшон аз Молдова ҷиҳати ошкор намудани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба ш.Кишинёв фиристода шуданд. Ба оила ва пайвандону наздикони шаҳрвандони ҳалокшудаи Молдова изҳори ҳамдардии амиқ намуда, бори дигар тасдиқ мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкории пурсамар бо Молдова омода аст».- омадааст дар хабар.

 

Ҷустуҷуи мошин дар дарёи Зарафшон

Тибқи итиллои расида, гаравгонон бо Шуҳрат Исматуллоев дар мошин ба самти н.Айнӣ ҳаракат карда, автомашинаро ба дарё сарозер кардаанд. Чанд версия аст:

1.    Гаравгон низ дар дохили мошин бояд бошад

2.    Ронанда, ки гуфта мешавад, шояд сокини н. Панҷакент аст, низ бо гаравгон дар мошин обӣ шудааст...

30.06.2023. Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумита ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшон мошини тамғаи «Hyundai Sonata»-ро меҷӯянд, ки дар он ҷонишини раиси “Орёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуда буд.

Бино ба хабари расида, мошини тамғаи «Hyundai Sonata” –ро баъди анҷоми амали ҷиноӣ дар километрҳои 118 ва 118,8 км роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтанд.  

Наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшон дар имтидоди соҳил ҳамарӯза бидуни истироҳат пайи ҷиноятро меҷӯянд, то нишоне аз мошин пайдо кунанд. Амалиёти ҷустуҷӯ дар вазнинтарин шароит идома дорад, чун ин мавзеъи тезҷараён ва умқтарини Зарафшон аст. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки ҷинояткорон ин мавзеъро ё хуб омухтаанд ва ё хуб медонистаанд!!!

Маврид ба ёдоварист, ки дар обҳои серҷараёну пурумқ бино ба техникаи бехатарӣ истифода аз ғаввосон мумкин нест.

 

Ҷинояткорони ҳирфаӣ ё…

Манобеи СССР мегӯянд, ки вобаста ба рабуда шудани Шуҳрат Исматуллозода чанд нафар дастгир шудаанд, ки дар ин ҷиноят нақши 2-3 дараҷа, вале нақш (!!!) доранд. Аксарияти онҳо собиқ кормандони мақомоти қудратӣ буда, дар якҷоягӣ бо ҷинояткорон ин амалиётро анҷом додаанд.

Тавре дар боло зикр кардем барои анҷом додани ин амалиёт 11 рақами тақаллубии монанд ба рақамҳои мошинҳои қудратӣ, ки ҳеҷ гоҳ манъ карда намешаванд, сохта шуда, худи амалиёт якчанд моҳ тарҳрезӣ шудааст. Ба вежа 1 моҳи ахир ҳар қадами Шуҳрат Исматуллоевро онҳо пайгирӣ мекардаанд...

СССР дар бораи боз 1 нафар аз ин гуруҳи ҷиноӣ, аниқтараш яке аз фармоишгарони ин одамрабоӣ маълумот пайдо намуд. Аз ин ҷавон Дилшоди «Красавчик» ном мебаранд, ки яке аз чеҳраҳои шинохта дар байни кормандони мақомоти қудратӣ будааст.

1 манбаъ ба СССР гуфт, ана ҳамин Дилшоди «красавчик» бо Шуҳрат Исматулоев шинос буд ва сабаби бе ягон таъхир ва гарданкашӣ вориди мошини сиёҳшиша шудани ахирӣ низ ҳамин шиносии онҳост. Версияи маҳв ё худ ликвидатсия кардани гаравгон низ ба ҳамин сабаб роиҷ аст. Зеро ҷинояткор намехост шахсияташ фош шавад ва изҳои ҷинояташро битамом ба об андохт...

 

Дилшод – «красавчик» кист?

Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, санаи таваллудаш 04.06.1984, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, к.А.Навоӣ, бинои 5/8, ҳуҷраи 1, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Номбурда соли 2001 МТМУ №8 н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург дохил шуда, соли 2006 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ муддати 1 сол бо сабаби пайдо намудани ҷойи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсия Россия дар ш.Санкт-Петербург истиқомат намудааст.

Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ дохил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2008 вазифаи ишғолнамудаашро иваз намуда, аз РМЗҶМ ба РОҶ КВД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи ваколатдори оперативӣ ба кор рафтааст. Худи ҳамон сол боз аз РОҶ ба РАД (Внутреняя Безопасность) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи нозир то соли 2010 кору фаъолият намудааст.

Соли 2010 аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, 4 сол ба баъд, яъне дар соли 2014 дар мақомоти прокуратура ба кор даромада, 1 муддати кӯтоҳ дар вазифаи мутахассис – кибернетики Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.

Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад. Яъне ин шахс дар 3 вазорати калидии кишвар-ВКД, Генпрокуратура ва Агентии коррупсия кору фаъолият мекард! Чунинҳоро «оборотен в погонах» меноманд...

Пас аз содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ санаи 25.06.2023, соати 06:00 тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз толори СИП, бо хатсайри Душанбе – Москва ба Федератсияи Россия фирор намудааст.

Аз рӯи баъзе маълумот, ӯ тавассути ВИП ва СИП зали фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд зиёд парвоз карда, ӯро ҳамчун мусофири дастбахайр ва хеле ҳам забондон мешинохтаанд. Дар тарабхонаҳои шики пойтахт низ ӯро хуб медонистаанд, зеро дастархондор (медонист киро зиёфат диҳад) ва сахӣ (бо фоҳишаҳо) будааст. Ҷустуҷӯи Дилшод Саидмуродов идома дорад.

Гуфта мешавад, яке аз шахсиятҳои калидии ин ҷинояти гӯшношунид, маҳз ӯст ва ёфтану ҷазо доданаш, кори ҷонӣ ва нонии 3 мақомоти қудратист, ки дар он замоне кору фаолият дошт...

 

Шуҳрат Исматуллоев куҷост???

Ин суолест, ки аксарият, минҷумла газетаи мардумиро азият медиҳад. Зеро Шуҳрат Исматуллоев аз дӯстон ва хонандагони ҳамешагии СССР буд. Рӯирост бубояд гуфт, ки шонсҳо хел каманд... Вале то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.

СССР бо ҷамиъи хонандагонаш дастбадуост, ки Шуҳрат Исматуллоев яке аз бонкдорони маъруфтарин ва иқтисоддонҳои ангуштшумори кишвар зинда ва саломат аст ва ҳатман пеши модару зану фарзандонаш бармегардад.

Омин...

Мо метавонем!

 

СССР

 Дар ҳамин маврид:

Вақте матлаб дар сехи чоп буд, сарчашмаи хабарие номи наверо ба ин ҷиноят қӯш кард. Ин факт сабаб шуд, ки мо чопро нигоҳ дошта, ин хабари наздик ба ҳақиқатро ба мақола илова кунем. Ин нафар гуфт:

- Қамар ном шиноси наздики Шуҳрат Исматуллоев гӯиё аз ахирӣ информатсия ҷамъоварӣ кардаву ба ҷинояткорон медодааст.  Ҳамзамон Дилшоди «Красавчик» бо занаш тавассути толори ВИП ба Россия парвоз кардааст. Пештар аз ин кӯдаконашро низ бо ҳамроҳии «нянка» ба Россия фиристода будааст. Ин манбаъ афзуд, Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, паспорти хориҷӣ ба номи Адам Султан Ахмедович (қафқозӣ) низ доштааст. Зимнан, ӯ чанд шиноснома дорад...

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!!!

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter