ХАБАРИ ДОҒ

Соли 2024 аз ба арсаи таърих қадам мондани давлати навини Тоҷикон (РАССТ, РССТ ва ҶТ) 100 сол пур мешавад ва фаромӯш накунед, ки аз ин шумора танҳо 31 солашро дар ҳақиқат Сарвари маҳбубу асилзода роҳбарӣ карда истодааст. То ин давра роҳбарони лухтакмонанд меомаданду мерафтанд (ин андеша ба Аллома Бобоҷон Ғафуров тамоман тааллуқ надорад)...

                                                                

                           Ба пешвози 100  - солагии ташкилёбии давлати навини Тоҷикон

Мафҳуми «Ватан» дар Фарҳанги забони Тоҷикӣ бо якчанд маъно омадааст. Якум, маънои зодгоҳ, ҷойи таваллуд ва нашъунамо, маҳал, деҳа, шаҳр, мамлакатро мефаҳмонад. Дар ин бора Саъдии бузургвор муҳаббати Ватанро хеле бо эҳсос баён намудааст:

Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,

Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам.

Аз замонҳои қадим инсон мефаҳмид, ки танҳо ғариб дар орзуи ватан буда, пазмони обу ҳаво, шайдои манзараҳои табиати зебо ва чаманистони он мебошад.

Мусофир ҳар куҷо афтад, ватанро дӯст медорад,

Ки булбул дар қафас афтад, чаманро дӯст медорад.

Дар охир инсоният ба худ савол дод, ки ватан аз чӣ сар мешавад? Ва худаш ҷавоб гардонд: аз гаҳвора, аз суруди аллаи модар, аз афсонаю қиссаҳои ҳаяҷонбарангезонаи бобою момо, аз ҷӯю чашмаю гиёҳҳо, аз бозиҳои шӯху беқарори бачагӣ, аз дӯстии писараки ҳамсоя, аз аввалин ҳарфи китоби «Алифбо», аз ишқу муҳаббати ҷавоне бо духтари ҳамсоя.

 

Ватангурезии Тоҷикон

Зи ҷаври чарх ҷилои ватан макун, Мухлис,

Ки дар замини дигар осмони дигар нест.

Тоҷикон, аз рӯи маълумоти асари олими машҳур, профессор Мансур Бобохонов «Таърихи Тоҷикони ҷаҳон» 5 маротиба дар натиҷаи юришҳои душманон тарки ватан кардаанд: бори аввал аз дасти Искандари Мақдунии ғоратгар, дафъаи дуюм пас аз истилои бодиянишинони аъроб, маротибаи сеюм дучори тохтутози саҳрогарди турку муғул гаштан, сониян Осиёи Марказиро забт кардани русҳо ва ахиран аз муноқишаи чоҳталабии муллоҳои наҳзатӣ. 

Тӯли таърихи чандҳазорсола зиёиён, адибон, донишмандон, хирадмандон ба ҳамин тарафи масъала аҳамият надодаанд. Дар натиҷа аҷнабиён ба ватанамон ҳуҷум карда, мардумро аз дами теғ гузарониданд, вале мутафаккиронамон аҳолиро ба дифои Ватан даъват накарданд ва асрҳо халқи Тоҷик дар зери зулму ситами ғосибон монд. Мардуми Фаластин ба муқобили ситамгарон бо кулуху санг муқобилият нишон дода, дар охир соҳиби мухторият гардид. Ана ҳамин набудани ҳисси ватандӯстӣ имконият надод, ки мардуми Самарқанду Бухоро барои номи Тоҷик, кишвари Тоҷик, ватани Тоҷик сар бардоранд. Баръакс бо хиёнати хоинони миллат ва дастгирии болшевикони камхирад сарзамини Тоҷикон ба фоидаи пантуркистон пора - пора гардид, ки имрӯзҳо мо ҷабри таърихро дар фитнаи қирғиз чашида истодаем.  

 

Ватан Тоҷикистон буд ё СССР?

Фақат Фирдавсии бузургвор дар асари безаволи худ «Шоҳнома» ба ҳимояи ватан сурудааст:

Ҳама тан ба тан сар ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дигар ватандӯстӣ қариб дар ягон осори клоссикҳои мо нест! Ва ҳамин тарзи муносибати хунукназарона, тарсрӯйӣ, то замони истиқлол омада расид. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ, ки ба қавли баъзе олимони хушомадгӯй Тоҷикон соҳиби давлат шуданд, мо дар бораи сирф ватани Тоҷиконаи худ андеша намекардем. Шеъри шоири ширинкалом Мирсаид Миршакар гувоҳи он аст:

Ватанам СССР,

Гулшанам СССР.

Ҳисси тарбияи ватанпарварӣ бо тасвири муборизони халқ баҳри озодӣ, ба ҳаёту корномаҳои қаҳрамонони миллат алоқаи зич дорад. Дар муддати 70 соли ҳукмронии султаи коммунистӣ адибонамон танҳо дар бораи 10 нафар муборизони роҳи озодӣ асар офаридаанд. Ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки дар саргаҳи ин иқдоми ҷасурона устод Садриддин Айнӣ меистод, ки ӯ ду қисса: «Қаҳрамони халқи Тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» - ро навишт.

Ҳоло адибонамон дар муддати 32 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 30 асар доир ба қаҳрамонони миллат офаридаанд. Нависандаи халқиамон Ато Ҳамдам романи худро ба аввалин родмарди халқ Спитамен бахшид, ки барои ин асар сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гашт. Ҳамчунин адиб Мирзо Насриддинзода барои романи «Оташ дар хонаи куҳан», ки бори нахуст дар он муборизаи халқи Тоҷик ба муқобили болшевикони бедину ғоратгар тасвир ёфтааст, ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардид.

Банда, сараввал қиссаи «Исёни Назир» - ро эҷод кардам, ки он ба шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувон ба муқобили зулму ситами хонигарии аморати Бухоро равона карда шуда буд ва баъди ҷустуҷӯ ва сафарҳои зиёд ба ин кунҷи кишвар онро ба роман табдил додам.

 

Ёде аз он рӯзгорон

Ёд дорам, вақте ки шоири ширинкалом Убайд Раҷаб, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» бори нахуст дар бораи миллати Тоҷик шеър навишт, Рашидов Шароф Рашидович аз номзад ба узвияти Раёсати сиёсии КМ ҲКИШ истифода бурда, ба Ҷаббор Расулов пофишорӣ намуда, оқибат ӯро аз вазифа сабукдӯш карданд. Ё мисоли дигар. Асари оламшумули Аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад. Ҳамин асарро бо фармони Рашидов Ш. Р. дар майдони марказии шаҳри Тошканд оташ заданд!!!

Дар тӯли таърихи миллат ин гуна мисолҳо зиёданд. Ба хонандагони муҳтарам аз ҳаёти Қаҳрамони якуми халқи Тоҷик Садриддин Айнӣ мисол меорам. Николай Бухарини тотор дар Анҷумани 8 - уми комсомол дар шаҳри Москва баромад карда, китоби устод «Намунаи адабиёти Тоҷик» - ро асари иғвоангез хонда, аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намуд, ки онро аз фурӯш бардоранд...

Соли 2024 аз ба арсаи таърих қадам мондани давлати навини Тоҷикон 100 сол пур мешавад ва фаромӯш накунед, ки аз ин шумора танҳо 31 солашро дар ҳақиқат Сарвари маҳбубу асилзода роҳбарӣ карда истодааст. То ин давра роҳбарони лухтакмонанд меомаданду мерафтанд (аз хонандаи равшанзамир узр мепурсам, зеро ин андеша ба Аллома Бобоҷон Ғафуров тамоман тааллуқ надорад). Сарвари маҳбуби тозаинтихоби кишвар аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш, пеш аз ҳама ба таърихи миллату давлатдорӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асари пурарзиш ва пурмуҳтавои худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» - ро офарида, сабабҳои пайдоиш, тараққӣ ва аз байн рафтани давлати Тоҷиконро мавриди таҳлили ҳаматарафаи илмӣ қарор дод. Дар натиҷаи омӯзиш ва хулосабарорӣ муайян намуд, ки саркардаҳои сулолаҳо дар давраи охири роҳбарии худ аз раъият, аз мардум канда шуданд, халқро зери зулму шиканҷа гирифтанд ва натиҷа ин шуд, ки халқи мо ин сиёсатмадорони кӯтоҳандешро дастгирӣ накард ва бо паст будани ҳисси ватандорӣ бодиянишинону саҳрогардон сарзамини Тоҷиконро ғасб намуданд.

Аз ин хотир сабақҳои таърихиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарда, аз ҳамватанони азиз хоҳиш дорам, ки ватан, кишвар, сарзамин ва мамлакати худро ҳамеша дӯст доранд, дар атрофи Ҷаноби Олӣ муттаҳид шуда, аз 1 гиребон сар бароварда, баҳри ҳифзи Ватан мубориза баранд ва ба оламиён исбот кунанд, ки мо миллати кӯҳанбунёд ва соҳиби 1 Ватанем, ки онро ном Тоҷикистон аст. Мо Метавонем!

Зариф Ғулом,

ҳуқуқшинос ва адиб,

махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter