Наҷмиддин Худоиев, муаллиф ва хонандаи доимии газета аз ш.Роғун бо идора тамос гирифта, гуфт, ки деҳаҳои Чормағз, Пору, Сангова, Фарух, Ғофилободу Навобод аз маркази шаҳри Роғун 17-20 км дур ҷойгиранду роҳҳои вайрону валангораш дар ягон давлати қафомондаи ҷаҳон нест.
- Қишлоқҳои номбурда, пеш ба ҳудуди ноҳияи Файзобод шомил буданд. Ҳамин, ки сохтмони НОБ-и Роғун сар шуд, дар даромадгоҳи ш.Роғун ҷамоати нав бо номи ҷамоати Қадиоб таъсис гашта, ин деҳаҳо ба тобеияти Роғун шомил шуданд. Таъмиру таҷдиди роҳҳои байнидеҳавӣ бар дӯши мақомоти маҳаллист ва фикр мекунам раиси ш.Роғун Сунъатулло Саидзода боре аз ин деҳаҳо нагузаштааст. Агар мегузашт, ба умеди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули амаликардани лоиҳаҳои калон аст, нашуда, аз пайи таъмиру таҷдиди роҳҳои байнидеҳавӣ мешуд. Ин вазифаи ҷонии раис ва МИҲД ш.Роғун аст!