ХАБАРИ ДОҒ

Идриси Ҳайдар чемпион нест!

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  матлабе, ки дар ҳафтаномаи СССР аз 25.05.2023, шумораи №20 (765), таҳти унвони “Варзишгари маъюбро фиреб доданд!” аз ҷониби шаҳрванд Эҳром Раҷабов ба нашр расида буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

 Бо мақсади таҳлилу баррсии масъалаи мазкур санаи 30.05.2023, дар бинои дастгоҳи марказии Кумита мулоқоти хоссаи раиси Кумита – Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ бо варзишгари маъюб – Идриси Ҳайдар, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Истаравшан – Аюбзода Ҷовид, раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Олимов Абдурауф, сармураббии тими мунтахаби вилояти Суғд оид ба намуди дастхобонӣ – Зокирҷон Комилов, намояндаи Федератсияи варзишгарони дастхобонӣ дар вилояти Суғд - Маҳкамов Маҳкамбой ва Қодиров Акмал – собиқ мураббии Идриси Ҳайдар доир гардид.  

 Зимни мулоқот ва суҳбатҳои инфиродии раиси Кумита бо масъулини соҳаи варзиши вилояти Суғд ва варзишгари маъюб Идриси Ҳайдар муйян гардид, ки воқеан ҳам ӯ тибқи протоколи ҷамъбастии Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ, ки моҳи апрели соли 2022 дар ш.Хуҷанд доир гардида буд, иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм шудааст. Маълум карда шуд, ки сабаби асосии ба Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ ба кишвари Аморати Мутаҳидаи Араб сафарбар накардани Идриси Ҳайдар дар он аст, ки номбурда дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро нагирифтааст. Инчунин, муайян карда шуд, ки варзишгар расман дар ягон мактаби варзишӣ ҳамчун машқварз ва ё варзишгар ба қайд гирифта нашудааст.

 Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ танҳо варзишгароне ба узвияти дастаи мунтахаб оид ба намудҳои варзиш шомил мегарданд, ки дар мактаби варзишӣ ҳамчун машқварз номнавис шуда бошанд ва дар чемпионат, мусобиқаҳои расмии ҷумҳуриявии варзишӣ ҷойи якумро сазовор гарданд!!! Бинобар ин, номбурда бо сабабҳои дар боло зикргардида, ба узвияти дастаи мунтахаб ворид нагардида, ба мусобиқаи мазкур сафарбар карда нашуд. 

 Ҳамчунин, муаллифи матлаб – Эҳром Раҷабов дар ҷойи дигари матлаби худ қайд мекунад, ки “гӯё”, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2023 масъулини Кумита доир накарда, Оиннома ва Низомномаро вайрон намуда, худсарона дилхоҳ варзишгарони ба худашон писандро интихобан ба мамлакати АМА ба Чемпионат сафарбар карданду Идрис, ки исмаш дар рӯйхат номнавис шуда буд, дар нимароҳ мондаст. Гуфтаҳои Эҳром Раҷабов, ки бародари Идриси Ҳайдар мебошад, аз ҳақиқат дуранд. 

Баъди анҷоми мулоқот, ба масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилояти Суғд дастур дода шуд, ки варзишгар - Идриси Ҳайдарро дар мактаби варзишии ш.Истаравшан номнавис карда, ӯро ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гиранд. Ҳамзамон, ба варзишгар ваъда дода шуд, ки агар мавсуф дар чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ҷойи якумро ишғол намояд, ба узвияти тими мунтахаб ворид карда шуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардидаи Кумита ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар карда мешавад.

Абдулло Раҳмонзода,

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter