ХАБАРИ ДОҒ

Маошу нафақа зиёд шуд: аз кӣ ва чанд сомонӣ?

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

 

Аз 01.07.2023, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 % зиёд гардид.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», ки 06.02.2023 ба тасвиб расидааст, аз 1 июли соли 2023:

- маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20%;

- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 440 сомонӣ муқаррар карда мешавад;

- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз;

- нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад;

- нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи сатҳи таварруми 2 соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда мешаванд;

- нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 % аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд карда мешаванд.

 

М.Амин, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter