ХАБАРИ ДОҒ

Посухи расмӣ ё масхараи матбуоти даврӣ???

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

Ё худ чӣ гуна СССР ба раванди наслдиҳии гавазнҳои бухороӣ халал расонд?

(ба ҷои фелетон)

 25.05.2023. Газетаи мардумии СССР бо мақсади омода намудани силсилагузоришҳо аз мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ба унвони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода номаи расмӣ ирсол кард. Чун дар идораи газетаи СССР дар ҳама ҳолат субординатсияи ва протокол риоя мешавад, мо хостем бо иҷозати расмӣ вориди мамнӯъгоҳ шавем, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат мардуми зиёд, алалахусус онҳое, ки ба шикор завқ доранд, бидуни ягон иҷозатномаи расмӣ ва тем более аз Кумитаи мазкур, вориди «Бешаи палангон» шуда, шикор мекунанд. Дар байни ин шикорчиён хориҷиҳо низ хеле зиёданд.

 Мо интизор доштем, Баҳодур Шерализода, ки яке кадрҳои ҷавони соҳибкасб бо ҷаҳонбинии васеъ муаррифӣ мешавад, барои вуруди ҳайати эҷодии СССР иҷозат хоҳад дод, чун борҳо ҳайати журналистонро шахсан ба ин мамнӯъгоҳ бурдаву экскурсия додааст. Вале аз номи ин Кумита рӯзи 08.06.2023 ба редаксияи газетаи СССР 1 номае дастрас шуд, ки «тарбуз аз бағал афтонд» сӯе монду хуб моро хандонд ва баъдан боиси таассуф гашт. Таассуф аз он, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (!) чунин фикр мекунанду ин гуна посух медиҳанд…

Мо номаи воридшударо айнан меорем:

«Кумита муроҷиати Шуморо аз 25 майи соли 2023, №273 дар бораи боздид намудан аз мамнӯъгоҳи табии давлатии «Бешаи палангон» ҷиҳати омода намудани гузоришҳои вежа мавриди баррасӣ қарор дод. Кумита ба раҳбарият ва ҳайати эҷодии рӯзнома барои зоҳир намудани таваҷҷӯҳ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ташвиқу тарғиби табиати зебои кишвар, аз ҷумла гуногунии биологии кишварамон баён медорад.

Ҳамзамон, маълум менамоем, ки мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ареали паҳншавӣ ва макони сукунати гавазни бухороӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқи хусусиятҳои биологии он моҳҳои май – июн ба давраи наслдиҳӣ рост меояд. Бинобар ин, ба ҳудуди мамнӯъгоҳ воридшавӣ ва гашту гузор намудани шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамон вазъи табиии олами ҳайвонот, аз ҷумла ҷараёни раванди наслдиҳиро халалдор месозад.  Бо назардошти ин, айни замон воридшавии ҳайати эҷодии рӯзномаи СССР ба экосистемаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» бар хилофи низом ва реҷаи мамнӯъгоҳ арзёбӣ гардида, тавсия дода мешавад, ки масъалаи сабт намудани гузоришҳои вижа дар мавсими мувофиқ амалӣ карда шавад».

Муовини раис Абдуқодир Мавлодод

Иҷрокунанда: Г. Тиллоӣ,

Тел: 235 44 30

 

«Бешаи палангон» ва гавазни бухороӣ

Дар ҳоле, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо чунин посухи бемаънӣ ва ба қавле «ради галочки» моро аз мамнӯъгоҳ дуртар фиристод, бояд гуфт, то соли 1999 дар «Бешаи палангон» наздики 400 сар гавазнҳои бухороӣ ҳифз карда мешуданд, ҳоло бошад теъдоди онҳо, тибқи иттилои Википедия, 20 сар мондасту гавазни бухороӣ бе дахолати ҳайъати эҷодии СССР, ҳини наслгирӣ не, ки бар асари шикори бераҳмона маҳв шудааст!

Ин ҳам гӯрба! Муҳтарам масъулини кумита ҳатто мавсими наслгирӣ ё ҷуфтшавии гавазнҳоро низ «парпут» кардаанд! Олимони табиатшинос таъкид медоранд, ки мавсими популятсия – наслгирии гавазнҳои бухороӣ дар минтақаи Осёи Марказӣ аз моҳи сентябр сар шуда, то моҳи ноябр давом мекунад. Дар баъзе минтақаҳо бошад аз нимаи дуюми моҳи август оғоз ёфта, то моҳи октябр идома меёбад. Ҳомиладории гавазнҳои бухороӣ 8,5-9 моҳ давом ёфта, онҳо дар ҳақиқат дар моҳҳои май – июл ба наслдиҳӣ сар мекунанд ва дар ин раванд худро одатан аз мавзеҳои одамдор дур мегиранд. Яъне барои таваллуд дар ҷойҳои аз инсон хеле дур панаҳ меёбанд. Муҳимтар аз ин, СССР то «роддоми гавазнҳо» рафтанӣ набуд...

 

Чанд суол ба Баҳодур Шерализода

Ҳангоми наслдиҳӣ ин гавазнҳо дар кадом гӯшаи «Бешаи палангон» панаҳ меёбанд, шояд ҳатто посбонҳои ин мамнӯъгоҳ надонанд, вале новобаста аз ҷараёни раванди наслдиҳӣ, ки СССР ТВ ба он «халал мерасонад!», шикорчиёни зиёд дар мамнӯъгоҳ равуо доранд-ку?! Инашро чӣ хел фаҳмем, муҳтарам Баҳодур Шерализода? Равуои онҳо ба экосистемаи мамнӯъгоҳ халал намерасонаду вуруди хабарнигорони газетаи СССР онро вайрон месозад? Ё шояд ин ҷо сирре ҳаст, ки мо намедонему онро муовинатон мекушоянд?

Чаро ба шайхони арабу миллионерҳои амрикоиву аврупоӣ ҳатто дар мавсими наслдиҳӣ вуруд ва шикор иҷозат ҳасту барои 1 камераи оддии сабту навор не?

Кӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо газетае, ки дар 15 соли ахир дар саргаҳи набардҳои итиллоотӣ истода, бо сепаратистони аврупоиву хоруғӣ дастбагиребон буду аз якпорчагии ватан ҳифз мекард, ҳамкорӣ намекунад? Ин ҷо чӣ сирре ҳаст, муҳтарам раис ва муовинаш???

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,

муовини сардабир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter