Аслиддин Осимӣ, профессор, табиби маъруфи тоҷик шаби 7.08.2019 дар ш.Душанбе дар синни 86-солагӣ вафот кард. Маросими видоъ бо эшон имрӯз баргузор гашта, Аслиддин Осимиро дар қабристони Сари Осиёи пойтахт ба хок супурданд.
Профессор Аслиддин Осимӣ асосгузори соҳаи урология дар Тоҷикистон дониста шуда, ӯ нахустин урологи тоҷик аст, ки дар доираҳои илмии Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон машҳур аст. Мавсуф то рӯзҳои охирини умраш дар таълими насли ҷавон фаъолона саҳм мегузошт.
Тибқи маълумотҳои омории Вазорати маориф ва илми ҶТ дар 5 соли охир ба 1280 нафар омӯзгорони ҷавони кишвар 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Ҳамасола дар асоси дархости омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзнок-6000 сомонӣ ба мӯҳлати 5 сол барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал дода мешавад.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти вазорати номбурда хабар доданд, дар соли таҳсили 2018-2019 103 нафар омӯзгорони ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ ва 14 нафар бо заминҳои полезкорӣ таъмин гардиданд.
14 сентябри соли ҷорӣ аз соати 15.00 то 21.00 дар майдони «800-солагии Москва»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ» Фестивал-намоишгоҳи 8-уми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро Душанбе» баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора қарори дахлдори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, ин чорабинӣ ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида шуда аст.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин Фестивал-намоишгоҳ аз 80 то 120 автомобилҳои нодиру камёфт ва коллексионӣ, ки солҳои 1931-1970 истеҳсол шудаанд, ба маърази тамошобинон ва меҳмонони пойтахт гузошта мешаванд. Фестивал-намоишгоҳи «Авто Ретро Душанбе» ҳамасола то 30 ҳазор нафар дӯстдорони автомобилро ба ҳам ҷамъ оварда, дар он соҳибони автомобилҳои кӯхансол аз тамоми кишвар ширкат меварзанд.
Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг бар 3 муштзани кишвари мизбон-Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
Бояд гуфт, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори 3 медали тилло, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
1 сокини ш.Истаравшан ҳамсари худро пас аз баргашт аз беморхона дар дохили таксӣ бо 10 маротиба корд задан ба баданаш ба ҳалокат расонидааст.
Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Навобод, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 5.08.2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар яке аз шумораҳои гузашта хонандаи доимии газетаи СССР аз ш.Истаравшан, маъюби гуруҳи 1, Ҳаким Ҳомид дар мавриди чӣ тавр маҳву нобуд кардани партовҳои тиббӣ дар кишвар пурсон шуда буд. Таври маълум, амру дархости ҳар хонанда, барои мо «супориши партиявист!» Зимнан саъй намудем дар якҷоягӣ бо мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ мавзӯро пайгирӣ намуда, ба суоли Ҳаким ҷавоб бидиҳем. Мо Метавонем!
Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ зери назар аст!
Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Муродалӣ Меликов, сардори шӯъбаи гигиенаи коммуналӣ ва кӯдаконаи Сарраёсати назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфт, нобуд кардани партовҳои тиббӣ дар кишвар тибқи «Қоидаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва бартарафкунии партовҳои муассисаҳои табобатию профилактикӣ» сурат мегирад.
-Партови муассисаҳои тиббию профилактикӣ ба 5 гурӯҳ-гурӯҳҳои А-бехатар, Б-хатарнок, В-ниҳоят хатарнок, Г-партовҳое, ки бо таркибашон ба партовҳои саноатӣ наздиканд ва Д-партовҳои радиоактивӣ ҷудо мешаванд. Дар ҳар 1 муассисаи тиббӣ барои ин партовҳо аз рӯи гурӯҳбандӣ қуттиҳои хос гузошта шуда, ҳамарӯза ҷамъоварӣ ва дар печкаҳои калон тариқи сӯзонидан нобуд карда мешаванд. Беморхонаҳои калон, маҷмааҳои тандурустӣ ва шаҳракҳои шифобахшӣ ҳатман чунин печкаҳо доранд ва партовҳои дар мӯҳлати 1 шабонарӯз ҷамъшуда-сӯзандору, докаву пахтаву шишаи маводи дорувории истифодашударо, ки одатан безараранд, дар ин печкаҳо месӯзонанд. Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ё муассисаҳои хурди тиббию профилактикӣ тариқи шартнома ва ҳамкорӣ партовҳои тиббии хешро оварда, дар печкаҳои муассисаҳои калон нест мекунанд. Ҳар 1 сӯзандору, шишаи дору ва асбобу лавозимоти истифодашудаи тиббӣ ҳатман ба қайд гирифта шуда, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва маҳв карданаш низ зери назорат ва санад аст, - қайд намуд Меликов.
Тамоми партовҳо аввал ба қайд гирифта, пас аз муоина ба қуттӣ ё пакетҳои хос андохта шуда, барои нобуд кардан фиристода мешаванд. Партовҳо аз рӯи гурӯҳбандӣ ва моҳияти бехатару хатарнок будан, ки ҳар 1 гурӯҳ тартиби ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва нест кардани хоси худро дорад, маҳв мегарданд ва барои ин кор дар ҳар муассисаи тиббӣ шахси масъул фаъолият мекунад. Пас аз маҳвшавӣ ҳатман дезинфексия сурат мегирад.
Ҳеҷ сирояте намемонад!
Дар мавриди партови таваллудхонаҳо ва партовҳои пас аз ҷарроҳиҳо пайдо шуда, ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки барои нест кардани ин гурӯҳи партовҳо дар беморхонаю таваллудхонаҳо чоҳҳои калону чуқур мавҷуд буда, ин партовҳо пеш аз нобудкунӣ бо маводи кимиёӣ, аз ҷумла, хлор, дезинфексия карда мешаванд.
-Дар ҳар 1 таваллудхона чоҳҳои бузурги махсус мавҷуд аст ва партовҳои пас аз исқоти ҳамлу дигар амалиёт ва ҷарроҳиҳои хурди гинекологӣ ба даст омадаро мутахассисон дар ин чоҳҳо гӯр мекунанд. Чоҳҳо бо маводи кимиёвӣ пайваста дезинфексия мешаванд. Дар мавриди партовҳои пас аз ҷарроҳиҳои узвҳои бадан пайдо шуда низ инро метавон гуфт, ки маъмулан онҳо низ бо роҳи гӯр кардан маҳв карда мешаванд. Мардум бояд нигарон набошанд, ин кор зери назорати ҷиддӣ амалӣ ёфта, ҳеҷ сирояте аз худ намегузорад, - таъкид дошт М.Меликов.
Доруҳои пастсифат сӯзонда мешаванд
Дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта, партовҳои доруворӣ ва маводи дорувории ташхисӣ, дезинфексионӣ, ки мӯҳлати истифодабариашон гузашта аст, дар худи бемористонҳо ва бухориҳои махсус, тариқи сӯзонидан нобуд карда мешаванд.
Ҷ. Мақсуд, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар