ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Апрел 2021 14:17

22.04.1870. Дар шаҳри Симбирски Россия Владимир Ленин (Улянов), ходими сиёсӣ ва давлатӣ, инқилобгаро, бунёдгузори ҳизби болшевикӣ ва яке аз ташкилкунандагон ва роҳбарони Инқилоби октябрии соли 1917 таваллуд шуд.

22.04.1913. Дар пойтахти Россия-шаҳри Петербург аввалин шумораи рӯзномаи «Правда», ниҳоди матбуотии РСДРП рӯи чоп омад. 

22.04.1918. Дар Россияи Шӯравӣ бо қарори КМИ таълими умумии ҳарбии меҳнаткашон ҷорӣ карда шуд. 

22.04.1931. ШКХ-и СССР қарор бобати шаҳрвандии шӯравиро ба тасвиб расонид. 

22.04.1975. Дар СССР сохтмони БАМ (роҳи оҳани Байкалу Амур) оғоз меёбад. БАМ яке аз бузургтарин сохтмонҳои собиқ СССР ба шумор рафта, нақши муҳиме дар иқтисоди шӯравӣ дошт.

23.04.1918. Дар РСФСР Декрети ШКХ «Бобати милликунонии савдои беруна» нашр гардид, ки монополияи давлатиро ба савдои беруна ҷорӣ мекард.

23.04.1929. Дар Маскав Конфронси XVI-уми ВКП(б) оғоз гардида, дар он нақшаи панҷсолаи 1-ум қабул гардид. 

23.04.1985. Дар Маскав Пленуми апрелии КМ КПСС баргузор гардид, ки дар он оғози давраи бозсозӣ эълон карда шуд. 

24.04.1965. Дар РСС Арманистон бори аввал Рӯзи ёдбуди қурбониёни қатли омми (генотсид) арманиҳо дар Туркияи усмонӣ дар солҳои 1915-1923 баргузор карда шуд.

25.04.1917. Дар Россия бори аввал дар таърихи ин кишвар Қонун бобати озодиҳои ҷамъомадҳо ва анҷуманҳо қабул карда шуд. 

25.04.1945. Дар рафти ҶБВ сарбозони шӯравӣ ва амрикоӣ дар соҳили дарёи Элба бо ҳам дидор намуданд.

26.04.1920. Дар Осиёи Миёна ба ҷои хонигарии Хева Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм таъсис дода шуд. 

26.04.1986. Садама дар Нерӯгоҳи атомии Чернобили РСС Украина. Ин садама яке аз бузургтарин фоҷеаҳо дар СССР ба шумор рафта, оқибатҳои он то ба ҳол бартараф нагардидаанд.

27.04.1918. Дар РСФСР Декрети КМИ бобати бекор кардани ҳаққи меросбарӣ ба тасвиб расид. Ин Декрет соли 1922 бекор карда шуда, то ин замон, дар аввалин кишвари Шӯроҳо касе аз касе ирс намебурд. 

27.04.1963. Роҳбари инқилобии Куба Фидел Кастро Рус бори аввал ба Маскав ташриф овард.

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 14:10

Ҳамааш аз 1 занги телефонӣ сар шуд. Шоҳрух Саидзода-президенти КФ Истиқлол, оҷилан, баъди ғалабаи таърихии дастааш бар “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), 3 карат қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Осиё ва яке аз сарватмандтарин клубҳои футболи муосир занг задаву гуфт:

  

-Акаҷон! Ғалабаи Бузурги имшабаи Истиқлолро ба зодрӯзи Шумои азиз мебахшам! Мо метавонем!

Воқеан 25.04.2021 ман аккурат ба синни 55 расидам. Танҳо футболдӯстдорон медонанд, ки ин бузургтарин тӯҳфа ба ман-Шахсияти футболӣ буд!!! Ва агар ҳамон соат ба мани мухлис ганҷу сарвати оламро пешкаш менамуданд ҳам, ман ин пирӯзиро интихоб мекардам. Ин иддаои маро касе мефаҳмад, ки медонад футбол чисту шикасти қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Осиё кист! Андаке шарҳ, то шодиям фаҳмотар шавад: Ал Ҳилол дар Осиё ҳамон манзалатро дорад, ки фарзи мисол Баварияи Мюнхен ё Барселонаи Мессӣ дар Аврупо доштӣ. На каму на беш. Аз ҷиҳати молӣ, гуфтан кофист, ки маоши 1 бозингари онҳо-Бафетимбӣ Гомиси фаронсавӣ (7,1 миллион EUR) аз буҷҷаи солонаи Истиқлол бештар аст!!! Ҳоло гап сари 1 бозингар аст! Буҷҷаи клуби Ал Ҳилол 75 млн евро, арзиши бозигаронаш 297 млн доллар аст! Гап байни худамон буҷҷаи тамоми клубҳои мо 10  млн евроро таъсис намедиҳад. Вале мо-Тоҷикон чун миллати футболием, ба араб нишон додем, ки «где раки зимуют!». Баъди 1400 соли шикасти Қутайбаву Асад дар Хуталони бостонӣ, Истиқлоли Шоҳрух Саидзода онҳоро дар дили Арабистон шикаст дод, ки ҳалолаш бод! Ба забони дигар, Истиқлол қасди 1,5 ҳазорсолаи Тоҷикро аз ғосибини араб гирифт ва дар куҷо???

Ман дар чемпионати дохилӣ мухлиси ФК Равшанам. Ва он чизе, ҳоло меангорам, сирф профессионалист ва бидуни эҳсосот: Ҷавононе, ки Истиқлолро сари кор овардаанд, ҷавонмардоне ҳастанд, ки футболи Тоҷикро аз умқи бенавоӣ, касодӣ, буҳрон ва шикастҳо бадар карданд. Ҷавонмард бояд танте бошад-то Истиқлол мо футбол доштем, вале на профессионалӣ ва на дар ин сатҳе, ки имрӯз ҳаст. 

 КФ Истиқлол усулан 1 клуби студентист. Таври маълум онро соли 2005  чанд донишҷӯ таъсис дод. Дар ин ҳайъат Рустами Эмомалӣ мебозид ва…президенти клуб ҳамкурсаш Шоҳрух Саидов буд. Вале чун дар ботину зоҳирашон оташи ишқи футбол аланга мезад, дар миёни чанд солаке, 1 клуби студентиро то Лигаи Чемпионҳо оварданд, ки муяссари на ҳар кас мешавад. Бовар кун, хонанда, агар Ишқи футбол намебуд, Истиқлол то ин мақом намерасид. Зеро дунё пур аз миллиардеру миллионеру шоҳбаччаҳосту надидаем онҳо 1 клубе инчунин зода бошанд:

-Соли 2005 Истиқлол чемпиони Университет шуду ба Лигаи шаҳрӣ баромад. Соли 2007 қаҳрамони пойтахт шуда, роҳхати Лигаи 1-ро касб кард. Дар соли 2008 медалҳои хурди тилои Лигаи аввалро ба гардан овехта, соли 2009 ба Лигаи Олӣ рафт. Дар Лигаи Олӣ аз ҷои 4-ум сар карда, сипас 9 маротиба қаҳрамон шуд. 2 бор ба финали Ҷоми АФК баромада, мутаассифона ноком гардид. Вале оне пирӯз намешавад, ки ноком намегардад. Истиқлол низ давра ба давра, қадам ба қадам, step by step, шаг за шагом, дар бозиҳои байнулмилалӣ таҷруба ҷамъ карда, имрӯз воқеан ҳам ба яке аз клубҳои гаронвазни қораи Осиё табдил ёфт.

Медонам, бозиҳои ҳалкунанда дар пешанд ва акнун бо Истиқлол-аспаки сиёҳ (чёрная лошадка) бархӯрд хелеее ҷиддитар мешавад. Ва то ин матлабро мехонӣ, хонанда, маълум нест, ки клуби тоҷик аз гурӯҳ мебарояд ва ё на. Зеро инро Лигаи қаҳрамонҳо мегӯянд, додарам! 

Аммо новобаста ба анҷоми турнир Истиқлол бозии таърихияшро доир намуда, алови чашми олами футболиро гирифт ва футболи Тоҷикро муаррифӣ намуд. Ҷаҳони футболи Осиё ларзид. 2 бозигари мо-Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба 5-гонаи беҳтарини Лигаи гурӯҳӣ ва 3 тан (бо шумули муҳофизагар Ал. Ларин) ба мунтахаби нисбии Қораи Осиё шомил шуданд…

Дар ҷамъ чӣ гуфтаниям? Ватанро яклухт намесозанд. Ватанро оҳиста-оҳиста, андак-андак, step by step, дар ину он паҳлӯ бунёд мекунанд.

Офарин бар ҳиммати Шоҳрух Саидзода, ки тавонист бо ҳампешаҳои ҷавони худ футболи тоҷикро эҳё кунад. Шарафи қаблии Помири моро ба мо баргардонад.

Дасташ гул аст ва он даст ба ҳар коре, ки расад кор гул мекунад, спорт гул мекунад, ватан гул мекунад. То ин рӯз номи Шоҳрух дар Тоҷикистон чун ҷавонмарди сарсупурдаи миллату давлат номӣ буд. Акнун ин номро дар ҷаҳон, тавассути командаи таъсисдодааш мешиносанд. Ва медонед ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст?

-Шоҳрух кадри Рустами Эмомалист! Ва ин мактаб, новобаста ба хеле ҷавон буданаш, кадрҳои хуб, сара, озмуда, ватанфидо, патриот ва лидер мебарорад, ки намунаи олияш ҳамин қаҳрамони матлаби имрӯзаи мост.

Офарин бар ҳиммати Рустами Эмомалӣ чун тарбиятгар. Брависсимо бар Шоҳрух Саидзода, ки дар дили шаби 25.04.2021 дили 9 млн Тоҷикро шод кард.

Пирӯзиҳои дастпарварони Мактаби Рустами Эмомалӣ дар пешанд ва ҳатман ин ғалабаҳо бар мо парвардагони нави ин мактаби дипломатӣ ва сиёсиро муаррифӣ хоҳанд кард. Мо Метавонем!

 

PS: Ҳамон шаб Шоҳрух боз 1 ҳарфи аҷибе гуфт:

-«Акаҷон, хеле мушкил аст, вале мо талош дорем, ки мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Ҷаҳон 2030 барояд!» Баъди ин пирӯзӣ шахсан ман бовараш кардам!

 

PS,PS: Ба мухлисони Равшан мерасонам:

-Тамомии овозаҳо дар бораи «Равшанбадбинӣ» дурӯғанд ва шахсан раҳбарияти ФФТ талош дорад, ФК Равшан дар Лигаи Олӣ бозаду чемпионат рақобатпазир гардад. Борҳо ҳақулаъзоии Равшанро шахсан Шоҳрух Саидзода аз кисаи худ пардохт кардааст!

 

PS,PS,PS: 25.04.2021. Шом. Соат ба вақти Кӯлоб 19:30 дақиқа. 

Зафар Ҳақназаров ва Ғайрат Мирахмедов-сарпараст ва тренери Равшан занг зада гуфтанд, ки «Ака, мо ҳам аз Истиқлол кам нестем ва пирӯзӣ бар Хуҷандро ба зодрӯзи Шумо мебахшем!». 

Рақобат? Оре! Вале рақобати созанда, ки чунин рақобат зинда бод!!!

Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 14:07

 

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 14:02

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 13:59

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Қубодиён иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Қубодиён: мактаб на барқ дораду на тиреза», ки дар ҳафтаномаи СССР аз 29.10.2020 №42 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо мақсади баррасии мушкилиҳои ҷойдошта дар муассисаи таълимии №43-и ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, муҳтавои мақолаи мазкур дар маҳал ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки вобаста ба масъалаи шишабандӣ намудани тирезаҳои муассисаи таълимии №43 ва таъмини муассиса бо хати барқ аз ҷониби масъулин тадбирҳои дахлдор андешида шуда, мушкилоту камбудиҳои дар мақола дарҷгардида, пурра бартараф карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Қубодиён фаъолияти шахсони масъулро дар самти таълиму тарбияи босифати хонандагони муассисаҳои таълимӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Б. Садриддинзода, раиси н.Қубодиён 

 

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 13:58

Саломат Шукруллоева, сокини ш. Душанбе ба мо занг зада (тел: 2385556) дар мавриди нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт шиква кард: 

   - Нархҳо мо хеле дандоншикананд. Дирӯз барои хариди маҳсулоти хӯрока ба бозори “Фаровон” рафта, қариб дасти холӣ баргаштам. Наход то ин ҳад нархҳоро боло баред? Он ҳам дар ин моҳи шариф. Охир бо ин нарху навои шумо, мардуми камбағал чизе харида наметавонад. Масъулини давлат куҷоро нигоҳ мекунанд? 

Албатта, баҳона меоранд, ки бозор озод асту мо наметавонем ба он дахолат кунем. Вале ман гумон мекунам, ин андеша ҳеҷ асосе надорад. Бале бозор озод аст, аммо агар касе аз ин озодӣ суистифода кард, бояд ниҳоди зидахл пешашро бигирад. Масъулини муҳтарами мо бояд бидонанд, ки қиматфурӯшони бозор аз душманони миллат ҳеҷ камӣ надоранд. Зарари инҳо ба ҳукумат шояд бештар ҳам бошад, чун бо ин кор обрӯи ҳукуматро дар назди халқ ба 1 тини сиёҳ баробар мекунанд.  

 

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 13:56

Мирзораҳмон Бобоев, сокини деҳаи Деҳманораи н.Кӯҳистони Мастчоҳ ба мо занг зада (тел: 927503036) гуфт: 

   - Дар ноҳияи кӯҳистонии мо мушкили замин яке аз мушкилоти доғ ба шумор меравад. Аз ҷумла дар деҳаи мо низ бо сабаби худсарии баъзе афрод ин мушкил барало ба чашм мехӯрад. Дар деҳаи мо замини бекорхобидае буд, ки мешуд онро обёрӣ карда, ба замини корам табдил дод. Аммо сокини деҳа Ҷумъаев Партоб ин заминро, “замини бобоиаш” эълон карда, худсарона соҳиб шуда, ҳоло бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои худаш, дар миёни он ҳавзе кандааст. Пештар тамоми мардуми деҳа аз ин замин ба ҳайси чарогоҳ истифода мебурданд, аммо ин шахс 1 чарогоҳро ба ҳавз табдил додааст. Аз ин рафтори ғайриқонунии Ҷумъаев Партоб ман чандин бор ба Прокуратураи ноҳия ва Прокуратураи вилоят шикоят карда будам, аммо аз онҳо ҳеҷ ҷавоби қонеъкунандае нагирифтам. Шояд баъди нашри ин гуфтаҳои ман дар саҳифаи газетаи шумо, масъалаи мазкур ҳалли худро пайдо кунад? 

 

Чоршанбе, 28 Апрел 2021 13:54

 Салом СССР! Ба пешниҳодоти СССР №50 аз 24.12.2020 баргашта, чунин таклиф дорем: Ба муносибати 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ, китобхонаи марказии АМИ ҶТ ба номи ин олими бузурги Шарқ гузошта шавад (ба ҷои И. Гандӣ). Оё президенти АМИ, академик Раҳимӣ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунад?

Маннон Махсумов, ш. Истаравшан, тел. 988097194

 

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter