22.04.1870. Дар шаҳри Симбирски Россия Владимир Ленин (Улянов), ходими сиёсӣ ва давлатӣ, инқилобгаро, бунёдгузори ҳизби болшевикӣ ва яке аз ташкилкунандагон ва роҳбарони Инқилоби октябрии соли 1917 таваллуд шуд.
22.04.1913. Дар пойтахти Россия-шаҳри Петербург аввалин шумораи рӯзномаи «Правда», ниҳоди матбуотии РСДРП рӯи чоп омад.
22.04.1918. Дар Россияи Шӯравӣ бо қарори КМИ таълими умумии ҳарбии меҳнаткашон ҷорӣ карда шуд.
22.04.1931. ШКХ-и СССР қарор бобати шаҳрвандии шӯравиро ба тасвиб расонид.
22.04.1975. Дар СССР сохтмони БАМ (роҳи оҳани Байкалу Амур) оғоз меёбад. БАМ яке аз бузургтарин сохтмонҳои собиқ СССР ба шумор рафта, нақши муҳиме дар иқтисоди шӯравӣ дошт.
23.04.1918. Дар РСФСР Декрети ШКХ «Бобати милликунонии савдои беруна» нашр гардид, ки монополияи давлатиро ба савдои беруна ҷорӣ мекард.
23.04.1929. Дар Маскав Конфронси XVI-уми ВКП(б) оғоз гардида, дар он нақшаи панҷсолаи 1-ум қабул гардид.
23.04.1985. Дар Маскав Пленуми апрелии КМ КПСС баргузор гардид, ки дар он оғози давраи бозсозӣ эълон карда шуд.
24.04.1965. Дар РСС Арманистон бори аввал Рӯзи ёдбуди қурбониёни қатли омми (генотсид) арманиҳо дар Туркияи усмонӣ дар солҳои 1915-1923 баргузор карда шуд.
25.04.1917. Дар Россия бори аввал дар таърихи ин кишвар Қонун бобати озодиҳои ҷамъомадҳо ва анҷуманҳо қабул карда шуд.
25.04.1945. Дар рафти ҶБВ сарбозони шӯравӣ ва амрикоӣ дар соҳили дарёи Элба бо ҳам дидор намуданд.
26.04.1920. Дар Осиёи Миёна ба ҷои хонигарии Хева Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм таъсис дода шуд.
26.04.1986. Садама дар Нерӯгоҳи атомии Чернобили РСС Украина. Ин садама яке аз бузургтарин фоҷеаҳо дар СССР ба шумор рафта, оқибатҳои он то ба ҳол бартараф нагардидаанд.
27.04.1918. Дар РСФСР Декрети КМИ бобати бекор кардани ҳаққи меросбарӣ ба тасвиб расид. Ин Декрет соли 1922 бекор карда шуда, то ин замон, дар аввалин кишвари Шӯроҳо касе аз касе ирс намебурд.
27.04.1963. Роҳбари инқилобии Куба Фидел Кастро Рус бори аввал ба Маскав ташриф овард.
Кастро аз Куба пинҳонӣ парвоз кард, зеро имкони ҳамлаи "тасодуфӣ" ба ҳавопаймои вай аз ҷониби амрикоиҳо вуҷуд дошт.
28.04.1953. Дар СССР писари Иосиф Сталин генерали авиатсия Василийи Сталин ба ҳабс гирифта шуд.
28.04.1990. Дар СССР бори охир рутбаи маршал ба ҳарбиён супорида шуд. Охирин маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Язов гардид, ки баъди 1 сол дар ГКЧП ширкат кард.
Меҳрубон Салимшоев