Аммо саҳобагон ва муҷтаҳиддин иттифоқ доранд, ки шаби қадр шаби 27-уми моҳи Рамазон аст. Боязиди Бастомӣ раҳматуллоҳи алайҳ гуфтааст, ки дар тӯли умрам 2 маротиба шаби қадрро ёфтам. Ҳар 2 шаб дар шаби 27-уми моҳи Рамазон буд. Имом Шофиъӣ раҳматуллоҳи алайҳ 21 ва 23-уми моҳи Рамазонро мегӯяд. Эмоми Аъзами Сӯфии Кӯфӣ раҳматуллоҳи алайҳ шаби 27-ро ихтиёр кардаанд. Мурод дар он шаб аз бедорӣ нест, балки ибодати Худост. Қадр зиёд аст. Ҳар касе кӯшишу ҷаҳд намуда, шабҳои Рамазонро ба тоат гузаронида, корҳои некӯ кунанд, иншоллоҳ шаби қадрро хоҳад ёфт.
Эй хоҷа, чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишоне,
Ҳар шаб шаби қадр аст агар қадр бидонӣ!
Дар баёни сураи Қадр
Мехостам, ки сураи Қадр ва тафсири онро ба ҷавонони азиз пешкаш мекардам. Аузубиллоҳи мина шайтонир раҷим, бисмиллоҳи раҳмонир раҳим, инно анзалноҳу фи лайлатилқадр, ва мо адро каммо лайлатулқадр, лайлатулқадри хайрун мин алфи шаҳр, таназалул малоикату ва рӯҳ, фиҳо биизни раббиҳим мин кулли амр, саломун ҳийя, ҳатто матлаъил фаҷр. Худованд мегӯяд: Мо Қуръони Каримро дар шаби қадр нозил кардем. Муфассирини изом бар онанд, ки Қуръони Карим аз лавҳулмаҳфуз дар шаби 27-уми Рамазон дар осмони аввал, ки болои мову шумо истодааст, оварда шуд. Дар ҳаводиси гуногун, дар ҳаёти ҷаноби Пайғамбар, баъди 40-солагишон, дар давоми 23 сол ва тавассути Ҷабраили амин ба гуселонидани ҳазорон ҳазор малоик Худованд Қуръонро ба замин фуруд овард.
Дар баёни садақоти фитр чанд сухане мегуфтам. Ҳар мусулмони озодро хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар аз ғайри ҳоҷати аслӣ 2000 тангаи нақд ё асбоб дошта бошад, садақаи фитр додан воҷиб мешавад. Барои ғуломонаш, барои фарзанди сағираш агар бемор бошад, садақа доданаш воҷиб аст. Агар фарзанди сағираш молдор бошад аз моли худаш додан воҷиб мешавад. Аммо барои зану фарзандони кабираш ва барои хизматгорон ғайри ғуломаш садақа додан воҷиб нест. Агар инҳо молдор бошанд, садақа додани худашон воҷиб аст. Бар девонаи молдор низ садақа воҷиб мешавад. Аз моли девона васияш медиҳад, оне ки моли ин девона дар дасти ӯст.
Садақаи фитр ба аввали субҳи ид воҷиб мешавад. Бинобар ин ҳар тифле, ки шаби ид таваллуд ёбад, барои он садақа додан воҷиб мешавад. Ва ҳар касе ки пеш аз субҳи ид фавтад, ё баъд аз субҳи ид мусулмон шавад, ё тифле, ки пас аз субҳи ид таваллуд ёбад, бар инҳо садақа воҷиб намешавад. Ҳар касе, ки садақаашро пеш аз субҳи ид ё дар даруни моҳи Рамазон дода бошад, адо меёбад. Лекин баъд аз субҳи ид ва пеш аз намози ид додан мустаҳаб аст. Агар то хондани намози ид садақа надода бошад, соқит намешавад. Баъд аз ид доданаш воҷиб аст.
Миқдори садақаи фитр аз гандум тақрибан 3 нимча, чизе камтар ба санги Бухоро, ба ҳисоби қадоқ, тақрибан 4 қадоқ ва рӯи 1 қадоқ мешавад. Аз хурмо ва ҷав 2 чандон миқдор мазкур аст. Агар аз чизи дигар доданӣ шавад, ба ҳисоби гандум, хурмо ё ҷав ҳисоб карда мешавад. Садақаи фитрро ҳисоб карда, пули нақд додан афзалтар аст. Мавизро баъзе уламо мисли гандум ва бархе мисли ҷав гуфтаанд. Эҳтиёт он аст, ки агар мавизро доданӣ бошад, ба қимати гандум ё ҷав ё хурмо ҳисоб кунад. Садақаи фитрро бар мискин ва фақире, ки закот хӯрданаш дуруст аст, дода мешавад. Инчунин ба имоми деҳаатон низ садақаи фитр додан, ки аксари эшон чизе надоранд, воҷибият аз гардани шумо соқит мешавад. Ба шарте ки молу пули он эмом бар ҳисоби закот нарасида бошад. Агар ба касе диҳад, ки ба ғайри ҳоҷати аслӣ молики 200 тангаи нақд ё асбоб бошад, садақа соқит намешавад. Суннат аст, ки пеш аз намоз садақаи фитр дода шавад. Фитр садақаест, ки шахси рӯзадор бар асоси тараҳҳум ва дилсӯзӣ ба мусулмону нодору тангдасту ниёзманд адо мекунад. Миқдори садақаи фитр муодили 1,622 грамм гандум ё мавизу ҷав... аст. Ин миқдор бо пул 2 сомонӣ мешавад.
Иди Рамазон бар ту муборак бошад!
Иди рамазонро иди фитр меноманд. Иди рамазонро барои он иди фитр мегӯянд, ки он дар аввали моҳи шаввол меояд. Дар ин рӯз, яъне рӯзи ҷумъа пеш аз намози аср рӯҳ ба Ҳазрати Одам (а) фаромад ва Ҳаво дар қолаби вай буд. Бинобар ин аз хурсандӣ он рӯзро ид мекунанд. Дар ин рӯз 2 ракаат намози иди фитр хондан воҷиб аст. Вақти намози ид аз баланд шудани офтоб аст ва ба қадри найза то даромадани вақти пешин. Дар ин рӯз ғусл ва мисвок намуда, тану баданро покиза карда, ба худ чизҳои хушбӯй молида, аввали пагоҳ ба ширинӣ ифтор карда, садақаи фитрро ба фақирон дода, барои намози ид ҳозир мешаванд.
Моҳи Рамазон рафт ба дардем ҳама,
Бо чашми пуроб ранги зардем ҳама.
Эй моҳи муаззам ту ба ҳазрат бирасӣ,
Зинҳор бигӯ, ки тавба кардем ҳама.
***
Иди Рамазон бар ту муборак бошад,
Ҳамроҳи ту Ёсину Таборак бошад.
Дар авҷи фалак фариштаҳо мехонанд,
100 раҳмати ҳақ ба умматонат бошад.
***
Иди Рамазон чи пурато мегузарад,
Ин умри азиз ба 100 ҷафо мегузарад.
Мо гиря кунем зи рафтани моҳи шариф,
Тасбеҳу таровеҳу дуо мегузарад.
Бародарони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди фитр табрик мегӯям!
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
100 шукр, ки ин омаду 100 ҳайф, ки он рафт…
Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯза аст,
То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдугор…
Моҳи Рамазон омаду шуд вақти ибодат,
Он моҳи сафаркарда зи нав кард иодат…
Дило, дар рӯза меҳмони Худоӣ,
Таоми осмониро сазоӣ…
Иди азҳо расму ойини Халили озар аст,
Иди фитр андар шариат суннати пайғамбар аст…
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мефармоянд:
Моҳи Рамазон омаду меҳмон шуду рафт,
Дил аз паси он бесмон шуду рафт.
Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид, омад,
Идона фаровон шуд, то бод чунин бодо.
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР