Солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ вобаста ба ҳиҷрати пайғамбар аз Макка ба Мадина, ба гардиши солонаи моҳ вобастагии зич дорад. Тибқи илми нуҷум дар замони ҳозира ҳисоб карда шуда, 1 моҳи ҳиҷрӣ-қамарӣ ба 29,5306 шабонарӯз баробар аст. Агар онро ба 12 зарб занем, 29,5306х12=354,3672 шабонарӯз мебарояд, ки ин давомнокии соли қамарист. Азбаски давомнокӣ адади касрист, баъзе солҳоро 354 ва баъзе солҳоро 355 шабонарӯз меҳисобанд. Моҳҳои солшумории қамариро 29 ё 30 шабонарӯз қабул кардаанд. Моҳҳо ва давомнокии онҳо чунин аст:
1.Муҳаррам 30 рӯз
2.Сафар 29 рӯз
3.Рабеъ-ул-аввал 30 рӯз
4.Рабеъ-ул-охир 29 рӯз
5.Ҷимод-ул-аввал 30 рӯз
6.Ҷимод-ул-охир 29 рӯз
7.Раҷаб 30 рӯз
8.Шаъбон 29 рӯз
9.Рамазон 30 рӯз
10.Шаввол 29 рӯз
11.Зулқаъда 30 рӯз
12.Зулҳиҷа 29 ё 30 рӯз
Тавре маълум, моҳҳои тоқи солшуморӣ 30 рӯз ва моҳҳои ҷуфташ 29 рӯз қабул карда шудааст. Фақат моҳи охири сол Зулҳиҷа 29 ё 30 рӯз давом мекунад ва ин моҳро вобаста ба мавқеаш дар осмон 29 ё 30 рӯз қабул мекунанд. Давомнокии дигар моҳҳоро тағйир намедиҳанд, новобаста ба мавқеи моҳи осмонӣ. Солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ даврӣ буда, давраш ба 8 сол баробар аст. Ин дар «Осор-ул-Боқия»-и Абурайҳони Берунӣ баён шудааст.
Тақвими вақтҳои намоз
Ман аслан ба вақти намозҳо эрод надорам. Аммо дар мувофиқгузории рӯзҳои моҳҳои мелодӣ ба рӯзҳои моҳҳои қамарӣ хатоиҳо ҳастанд. Дар поён мувофиқгузории аввалу охири моҳҳои мелодиро ба рӯзҳои моҳҳои қамарӣ аз рӯи тақвими тартибдодаи Маркази Исломии Тоҷикистон менависам. Рӯзҳои моҳи январ ба моҳҳои Рабеъ-ул-охир ва Ҷимод-ул-аввал мувофиқ меояд.
1 январ ба рӯзи 14-уми Рабеъ-ул-охир мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 13-ум аст.
31 январ ба рӯзи 15-уми Ҷимод-ул-аввал мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 14-ум аст.
Рӯзҳои моҳи феврал ба моҳҳои Ҷимод-ул-аввал ба Ҷимод-ул-охир ва 1 феврал ба рӯзи 16-уми Ҷимод-ул-аввал мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 15-ум аст.
28 феврал ба рӯзи 13-уми Ҷимод-ул-охир мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 12-ум аст.
Рӯзҳои моҳи март ба моҳҳои Ҷимод-ул-охир ва Раҷаб ва 1 март ба рӯзи 14-уми Ҷимод-ул охир мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 13-ум аст.
31 март ба рӯзи 15-уми Раҷаб мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 14-ум аст.
Рӯзҳои моҳи апрел ба моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон ва 1 апрел ба рӯзи 16-уми Раҷаб мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 15-ум аст.
30 апрел ба рӯзи 15-уми моҳи Шаъбон мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ 14-ум аст.
Рӯзҳои моҳи май ба моҳҳои Шаъбон ва Рамазон ва 1 май ба рӯзи 15-уми Шаъбон мувофиқ гузошта шудааст. Ин мувофиқгузорӣ дуруст аст. Сабаб он аст, ки рӯзи 15-уми Шаъбонро ба 2 рӯз 30.04 ва 1.05 мувофиқ гузоштанд, то ки хатоиҳои моҳҳои пешина ҷуброн карда шавад. Дар тақвими моҳи май аввали моҳи Рамазон ба рӯзи аслиаш 16.05 мувофиқ омадааст.
31 май ба рӯзи 16-уми Рамазон мувофиқ омадааст. Азбаски рӯзи 15-уми Шаъбонро ба 2 рӯзи моҳҳои мелодӣ мувофиқ гузоштанд. Ин моҳи 29-рӯза 30 рӯз шудааст.
Рӯзҳои моҳи июн ба моҳҳои Рамазон ва Шаввол ва 1 июн ба рӯзи 16-уми Рамазон мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ рӯзи 17-ум аст. Сабаби нодурустӣ боз он аст, ки рӯзи 16-уми Рамазон ба 2 рӯз (31.05 ва 1.06) мувофиқ гузошта шудааст. 30 июн ба рӯзи 15-уми Шаввол мувофиқ гузошта шудааст. Дурусташ 16-ум аст.
Моҳи июл ба моҳҳои Шаввол ва Зулқаъда мувофиқ меояд. Лекин дар тақвими моҳи июл нодуруст Рамазон ва Шаввол навиштаанд. 1 июл ба рӯзи 17-уми Шаввол ва 31 июл ба рӯзи 17-уми моҳи Зулқаъда мувофиқ гузошта шудааст. Вале 16-уми моҳи Шаввол ба ягон рузи моҳҳои мелодӣ мувофиқ гузошта нашудааст, ки фаромӯш кардаанд.
1 август ба рӯзи 18-уми Зулқаъда ва 31 август ба рузи 19-ум Зулҳиҷҷа мувофиқ гузошта шудааст. Рӯзҳои моҳи сентябр ба моҳҳои Зилҳиҷҷа ва Муҳаррам мувофиқ меояд. Вале барои ин моҳ чун моҳи август Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа навиштаанд, ки нодуруст аст. 1 сентябр ба 20-уми Зулҳиҷҷа ва 30 сентябр ба 19-уми Муҳаррам мувофиқ гузошта шудааст. Тавре маълум шуд, дар ягон моҳи мелодӣ-мувофиқгузорӣ моҳҳои қамарӣ бе хатоӣ нест.
Дар тақвими моҳҳои январ-март рӯзҳои моҳҳои қамарӣ аз аслиаш 1 рӯз баъд мувофиқ кунонида шудааст. Дар тақвими моҳҳои апрел-май рӯзи 15-уми Шаъбон ба 30 апрел ва 1 май мувофиқ кунонида шудааст. Дурусташ 1-май аст.
31.05. ба 16-уми моҳи Рамазон мувофиқ кунонида шудааст. Дар тақвими моҳҳои июн-июл рӯзи 16-уми Шаввол ба ягон моҳи мелодӣ мувофиқ кунонида нашудааст. Он ба рӯзи 30 июн мувофиқ меомад. Барои моҳи июл моҳҳоро Рамазону Шаввол навиштаанд. Бояд Шавволу Зулқаъда менавиштанд. Барои моҳи август мувофиқгузорӣ дуруст аст. Аммо рӯзи Иди Қурбонро 1 рӯз пеш муқаррар кардаанд. Барои моҳи сентябр моҳҳоро Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа навиштанд. Бояд Зулҳиҷҷаю Муҳаррам менавиштанд. Мувофиқгузорӣ дуруст аст.
Маркази исломӣ аз рӯи тақвимҳои худ амал намекунад
Дар ҳама сарчашмаҳои илмӣ давомнокии моҳи Рамазон 30 рӯз муқаррар карда шудааст. Дар китоби Усмон Каримов «Таълими хат, имло ва матни классикии тоҷик» доир ба давомнокии моҳҳои қамарӣ маълумот ҳаст. Давомнокии моҳи Рамазон 30 рӯз аст. Дар «Осор-ул-боқия» омадааст, ки моҳи Рамазон ҳеҷ гоҳ аз 30 рӯз камтар нест. Дар моҳи Рамазон рӯзадорон 30 рӯз бо ҷамоат намози таробеҳ мехонанд, зеро ҳар рӯзи таровеҳхонӣ фазилате дорад. Фазилатҳои намози таробеҳ барои 30 рӯз дар китоби «Дуррат-ул-воъизин» баён шудааст. Яъне рамазон 30 рӯз будааст, на 29 рӯз. Шӯрои уламо тақвими рамазониро барои 30 рӯз тартиб медиҳанд. Тақвими имсоларо низ барои 30 рӯз тартиб дода буданд. Аввали Рамазон ба 17.05 ва охири Рамазон ба 15.06 мувофиқ гузошта шудааст. Вале уламои мо рӯзи 15.06-ро Рӯзи Иди Фитр эълон карданд ва рӯзагирон 29 рӯз рӯза гирифтанд. Соли 2015 ҳам рӯзагирон 29 рӯз рӯза гирифта буданд. Вақте тақвимро тартиб додед, рӯзҳои онро каму зиёд накунед, муҳтарам уламо. Иштибоҳ дар муайян кардани аввали моҳи Рамазон, яъне 17.05 буд. Бояд он рӯзи 16.05 аввали Рамазон эълон мешуд. Зеро Маркази исломии ҶТ дар тақвими моҳи май барои намозхонон тартиб дода, аввали рамазонро ба 16.05 мувофиқ гузоштаанд, ки дуруст аст.
Дар Осор-ул-боқия фасле ҳаст бо номи «Рӯзҳое, ки мусулмонон ба кор мебанданд». Дар ин фасл доир ба моҳҳои қамарӣ маълумот дода, оид ба ҳодисаҳои муҳиме, ки ба ягон рӯзи моҳҳо мувофиқ меояд, шарҳе баён карда шудааст. Дар ин боб гуфта шудааст, ки аввали моҳи Шаввол Иди Фитр аст. Имсол иди Қурбонро 21.08 ҷашн гирифтем, ки он ба рӯзи 9-уми моҳи Зулҳиҷҷа мувофиқ омадааст.
Дар Осор-ул-бақия доир ба моҳи Зулҳиҷҷа омадааст: «Рӯзи 10-уми ин моҳ иди Қурбон аст, ки қурбониҳо ва ҳадяро дар ин рӯз мекунанд». Рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа дар тақвими августии тартибдодаи маркази исломии ҶТ 22.08 мувофиқ меояд. Пас имсол ҳам чун соли гузашта иди Қурбонро 1 рӯз пеш қайд кардем. Солхӯрдагони гузашта мегуфтанд, ки аввали моҳи Рамазон ба кадом рӯзи ҳафта мувофиқ ояд, Иди Қурбон низ ба ҳамон рӯзи ҳафта рост меояд. Агар Маркази Исломӣ аввали рамазонро 16.05 ва Иди Қурбонро 22.08 муқаррар мекард, он гоҳ гуфтаи калонсолони гузашта дуруст мебаромад. Чунки рӯзи 16.05 ва ҳам рӯзи 22.08 чоршанбе аст.
Саттор Бобохонов,
муаллим, н.Ҷ.Балхӣ