ХАБАРИ ДОҒ

Ҳикматҳои Рамазон: Рӯза муҳаббат ба Худост!!!

  • Чоршанбе, Май 20 2020


Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯза бигиред, то ки аз нишоти дурӯғини нафси шайтонӣ наҷот ёбед. Вақте ки инсон рӯза гирифту ба рӯза алоқа пайдо кард ва ба он дил баст, он гоҳ кам-кам ба ботини рӯза пай мебарад. Ботини рӯза инсонро ба дидори Ҳақ мекашонад, ки Худои субҳон фармудааст:

Ассавмули ва ана аҷзубиҳи-«Рӯза барои ман гирифта мешавад ва савобашро худам медиҳам». Ин ибора фақат барои рӯза ворид шуда, дар бораи дигар ибодатҳо ворид нашудааст! Ҳишом ибни Ҳаким аз Имом Ҷаъфари Содиқ раҳматуллоҳи алайҳ пурсид:
-Чаро рӯза гирифтан ба мардум фарз гардид?
Имоми мусулмонон фармуданд:
-Барои он ки бою камбағал дар рӯза гирифтан яксонанд. Ва ҳар 2 аз хӯрдану ошомидан худдорӣ меварзанд. Зеро ашхоси сарватманд дар ғайри рӯза ҳамеша серанд ва ҳич гоҳ ранҷи гуруснагиро таҳаммул намекашанд. Онҳо маҳз ба воситаи рӯза гирифтан, гуруснагӣ мекашанд ва аз ранҷи мардуми нодор огоҳ мешаванд. Рӯза барои ин нест, ки инсон гуруснаю ташна бишавад, вагарна дар рӯи замин гуруснагону ташнагон зиёданд. Гурусна аз сабаби надоштани ғизо чизе намехӯрад, аммо рӯзадор ғизо дорад, вале ба хотири муҳаббат ва тарс аз Худои муттаъол Рӯза медорад.

Рӯза сипари дӯзах аст!
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуданд:
- Ассавму ҷуннатун минан норӣ-Рӯза сипарест дар муқобили оташи дӯзах.
Яъне рӯза аз оташи шаҳвати дунё ва оташи ҷаҳаннам дар охират чун сипар мешавад. Дар моҳи шарифи Рамазон раҳму шафқат ва ҳисси бахшоиш боло меравад. Садақаи рӯза бояд ба дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ ҳамроҳ бошад. Аммо таҳқир ва миннат кардан савоби садақаро ботил месозад.
Дар моҳи Рамазон бузургонро эҳтиром ва ба хӯрдан тараҳҳум бояд кард. Хосатан, устод ва муаллимро икром намудан лозим аст, зеро бузургӣ танҳо марбути синну сол нест, балки касе аз мо аз нигоҳи мақоми маънавӣ бузургтар бошад, ӯро бояд гиромӣ бидорем.
Рӯзе аз Аббос, амаки пайғамбар пурсиданд:
-Шумо бузургтаред ё Расулаллоҳ?
Ҳазрати Аббос разияллоҳу анҳу гуфт:
-Ӯ бузургтар, вале синни ман бештар аст.
Ана инро адаби гуфтор мегӯянд, ки барои ҳар кадоми мо бояд дарси ибрат бошад.

Рӯза хамӯшист!
Ҳикмати дигари рӯза нигоҳ доштани забон аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: -Касе, ки Худоро бишносад ва Ӯро бузург бишморад, дар пеши Худои азим ҳар хел суханро намегӯяд ва шикамашро ҳам ба ғизои ҳаром пур намекунад.
Ҳикмати дигари рӯза нигоҳ доштани чашм аст. Гоҳо инсон мубталост, ки номаҳрамеро бингарад. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд:
-Нигоҳ ба номаҳрам тире аз тирҳои шайтон аст.
Аз ин рӯ, дар моҳи мубораки Рамазон ба чизе, ки аз он бӯйи ҳалол нест, худро канор бояд гирифт.

Рӯза адаб аст!
Дар рӯза гирифтан инсон бояд одоби муомиларо риоя кунад. Ислом мефармояд, ки ҳар яки мо нисбат ба дигар ашхос боадаб бошем, хоҳ мусулмон аст, хоҳ на. Зеро нигоҳ доштани адаб 1 ҷузъи исломии мост. Ва дар тарзи нишастану бархостан, гуфтан, муомила кардан ва амсоли инҳо мусалмон бояд адабро риоя намояд, бовиқору вазнин бошад, зеро ҳусни адаб аз имон аст. Худовандо, моро аз ҳикматҳои Рӯза ва фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон баҳравар гардонида, аз шарри шайтон нигоҳ бидор! Омин, ё Раббалмоламин…

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter