ХАБАРИ ДОҒ


Вежагии Рӯза
Хонандаи гиромиқадр! Дар ояи 185, сураи Бақараи Қуръони шариф омадааст: Шаҳру Рамазонал лази унзила фиҳил Қуръон. Яъне дар моҳи Рамазон Қуръон фиристода шуд, ки ҳидояткунанда аст мардумро бо далелҳои равшан ва ҷудокунанда ҳақро аз ботил аст. Чунончи
Моҳи Рамазон гуфт, Худо ҳар кӣ зариф аст,
Донад, ки дар он нозили Қурони шариф аст.
Ҳодисаи якум ин ки нузули Қуръони Шариф дар осмони аввал аст. Ҳодисаи дувуми таърихӣ, ки дар ин моҳ рӯй додааст, муҳорибаи бадр аст, ки дар 17-уми моҳ воқеъ шуда буд. Мусулмонон бо роҳбарии Ҳазрати Муҳаммад (с) ба шумораи каму аслиҳаи ночиз аз болои мушрикон, ки дорои адади сершумори аслиҳаи ҷангӣ буданд, бо ҳукми Худованд пирӯзӣ ёфтанд.

Ривоятҳои рамазонӣ
Ривоят мекунанд, ки Расул (с), ки бо омадани моҳи мубораки шарифи Рамазон ҳар касе фараҳманд гардад, Оллоҳ таъоло ҷасади ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад. Ривоят аст, Оллоҳ таъоло мегӯяд: Кист он кӣ дӯст медорад маро ман дӯст медорам ӯро. Ва кист он кӣ ҳар чӣ талаб кунад аз ман, ҳоҷати ӯро раво гардонам. Ва кист мағфират талабад аз ман, мағфират кунам ӯро.
Пас амр кунад Оллоҳ таъоло, дар моҳи Рамазон кироманкотибинро, ки нависед дар номаи аъмоли бандаи мӯъмин ҳасаноти ӯро ва тарк кунед сайиоти ӯро. Ва маҳв кунад Оллоҳ таъоло аз номаи аъмоли он банда гунаҳҳои гузаштаи ӯро.

Ҳама кутуби Худо дар Рамазон омадаанд!
Ривоят кунанд, ки суҳуфи Иброҳим алайҳисалом дар шаби аввали Рамазон нозил шуд. Тавроти Мӯсо алайҳисалом баъд аз 70 соли суҳуфи Иброҳим дар шаби шашуми моҳи Рамазон нозил гардид. Забури Довуд алайҳисалом пас аз 500 соли Таврот дар шаби 12-уми моҳи Рамазон нозил шуд. Инҷили Исо алайҳисалом баъд вз 1100 сол пас аз Забур шаби 12-уми моҳи шарифи Рамазон нозил гардид. Қуръони Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) пас аз 622 соли Инҷил дар шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон аз арш ба осмони дунё нозил шуд. Дар муддати 23 сол Ҷабраили амин ба амри Раббулҷалил аз осмони дунё ба гуселонидани ҳазорон ҳазор малоик оят-оят ба ҷаноби пайғамбар онро расониданд.

Биҳишт-муштоқи рӯзадорон
Ривоят мекунад ибни Аббос разияллоҳу анҳу, ки шунидам аз Расули Акрам (с) гуфт:
-Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, ҳароина таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад, ки тоати он мақбулу дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он мақҳур шавад ва муштоқи рӯзадорон биҳишт аст.
Ривоят кунанд Расул алайҳисалом, ки ҷаннат ба 4 гурӯҳ муштоқ аст: аввал, тиловаткунандаи Қуръон; дувум, нигоҳдорандаи забон, дурӯғ, дашном, бӯҳтон, ғайбат; савум, серкунандаи гуруснагон; чаҳорум, рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон. Чи хеле ки мо ҷаннатро мехоҳем, ҷаннат ишонро мехоҳад.
Дар хабар омадааст, ҳар гоҳе, ки ҳилоли моҳи Рамазон рӯй намояд, аршу курсӣ ва фариштагон нидо кунанд, ки башорат бод бар уммати Муҳаммад (с)-ро, ки офтобу моҳу кавокиб,  дар ҳаво мурғон, дар баҳрҳо моҳиён ва кулли зиррӯҳ ҳама омурзиши гуноҳҳони умматони Муҳаммад (с)-ро аз парвардигори оламиён мехоҳанд. Оллоҳ таъоло бар фариштагон фармояд, ки савоби намозу тасбеҳи худҳоро дар моҳи Рамазон ба уммати Муҳаммади Мустафо (с) бибахшанд…

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter