Фазилати намози таровеҳ
Ривоят мекунанд, ки Ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳаҳу аз Ҳазрати Расули акрам (с) аз фазоили таровеҳ пурсиданд. Гуфтанд, ки ё Алӣ, шахсе аз уммати ман дар шаби аввали Рамазон бо ҷамоат таровеҳ гузорад, чун рӯзи таваллуд аз гуноҳ пок шавад. Дар шаби 2-ум мағфират кунад оллоҳ таъоло падару модари ӯро, агар мӯъмин бошанд. Дар шаби 3-ум фаришта аз таҳти арш мунодӣ кунад, ки оллоҳ таъоло гунаҳҳои гузаштаи туро мағфират кард. Дар шаби 4-ум савоби қироати Тавроту Инҷил ва Забуру Фурқонро дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Дар шаби 5-ум оллоҳ таъоло савоби намозгузорони масҷидулҳаром ва масҷиди Мадинаи мунаввара ва масҷиди Ақсоро рӯзӣ бигардонад. Дар шаби 6-ум савоби зиёрати Байтулмаъмурро дарёбад. Дар шаби 7-ум савоби нусрати Мӯсо (а)-ро, ки бар Фиръавн ва Ҳомон ёфта буд, ёбад. Шаби 8-ум атое, ки Худованд ба Иброҳим (а) дода буд, дарёбад. Дар шаби 9-ум аз савоби ибодати Ман баҳра бигирад. Дар шаби 10-ум хайри дунёву охират биёбад. Дар шаби 11-ум аз дунё бегуноҳ ба хонаи охират биравад. Дар шаби 12-ум рӯзи қиёмат мисли қамар тобон бошад. Шаби 13-ум эмин бошад аз азоби қиёмат. Дар шаби 14-ум дар вақти ҳисоби қиёмат фариштае омада, ба таровеҳ хондани ӯ шоҳид гардад. Дар шаби 15-ум фариштагони аршу курсӣ ба ӯ салавот фиристанд. Дар шаби 16-ум амри оллоҳ таъоло бароати ҳуҷҷати наҷоти ӯ аз дӯзахро китобат кунад. Дар шаби 17-ум ато кунад оллоҳ таъоло савоби пайғамбаронро бар ӯ. Дар шаби 18-ум фариштае нидо кунад, ки эй банда, оллоҳ таъоло аз ту розӣ гардид. Дар шаби 19-ум оллоҳ таъоло дараҷоти ӯро дар биҳишт баланд гардонад. Дар шаби 20-ум савоби шуҳадоро дар номаи аъмоли ӯ Худованд сабт кунад. Дар шаби 21-ум оллоҳ таъоло аз барои он банда дар ҷаннат қасре бино гардонад. Дар шаби 22-ум эмин гардонад оллоҳ таъоло ӯро аз ҳар ғам ва дар шаби 23-ум бино гардонад шаҳреро ба номаш дар биҳишт. Дар шаби 24-ум 24 ҳоҷати ӯро Худо раво бигардонад. Дар шаби 25-ум оллоҳ таъоло азоби қабр аз ӯ бардорад. Дар шаби 26-ум оллоҳ таъоло ато кунад ба он банда савоби ибодати 40-соларо. Дар шаби 27-ум аз Сирот чун барқ гузарад. Дар шаби 28-ум оллоҳ таъоло дар биҳишт 1000 дараҷа ӯро ато фармояд. Дар шаби 29 савоби 1000 Ҳаҷ дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Дар шаби 30 оллоҳ таъоло гӯяд, эй банда, ту абди манӣ ва ман парвардигори туам! Ҷалла ҷалолуҳу!
Лайлатулқадр
Сар аз шаби қадр, ки ба шаби 27-уми Рамазон рост меояд, таровеҳро аҳли эътиқод бо алвидоъ ба моҳи шарифи Рамазон шуруъ мекунанд ва ин намоз 3 рӯз давом мекунад. Дар шаби охири Рамазон усулан таровеҳ намехонанд, зеро ин намоз 1 шаб қабл аз Рамазон сар мешавад. Вале онҳое, ки шабе пеш нахондаанд, намози таровеҳ гузоранд ҳам, бок нест.
Дар баёни фазилати шаби қадр овардаанд, ки тамомии кутуби Худованд дар Рамазон омадааст ва аммо Қуръон маҳз шаби 27-и он нузул кардааст. Дар маънии лайлатулқадр ҷамии умурот ва ҳукумоти илоҳӣ аз ин сол то соли дигар таслим аст. Ва ба 4 фариштаи муқарраб, дафтари раҳмат ва дафтари азоб ба Ҷабраил (а), дафтари арзоқ ва дафтари наботот ба Микоил (а) ва дафтари борон ва дафтари бодҳо ба Исрофил (а), дафтари қабзи рӯҳ ва аҷали махлуқот ба Азроил (а) таслим шудааст.
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР