ХАБАРИ ДОҒ

Иди қурбон омаду боз  о, ки қурбонат шавам,

Ҳамчу Исмоъил ба фармони Худо ромат шавам.

Ҳоҷиён андар диёри Каъба гашта меҳмон,

Мизбони ман, биё бо ман, ки меҳмонат шавам.

Иди қурбон асту ҳар кас медиҳад қурбониаш,

Орзу дорам, ки қурбонии қурбонат шавам.

 

Иди қурбонро бо забони арабӣ иди «азҳо» мегӯянд. Гӯсфанд, гов ё шутуре, ки дар он рӯз қурбонӣ карда мешавад, «узҳия» меноманд ва сиғаи  ҷамъи  «узҳия» «азоҳи» мебошад. Чун вақти қурбонӣ кардан дар вақти фаро расидани чошти рӯз мебошад ва чоштро бо арабӣ «зуҳо»  меноманд. Қурбонии дар он вақтро узҳия (чоштӣ), яъне ъамоле, ки дар вақти чошт адо меёбад номидаанд.

Калимаи  «Қурбон» - ҳам  - ъараби ҳаст ва маънои қариб шуданро дорад, яъне барои он қурбонӣ мегӯянд, ки мо ба куштани чорпо, ки ҳукмаш барои нафароне, ки имконияти молӣ доранд воҷиб аст, ба Аллоҳ наздик мешавем.

 

Ҳукми қурбонӣ

Дар асоси оятҳои Қуръони карим ва аҳодиси шариф қурбонӣ кардан соле 1 маротиб ба мусулмоне, ки аз дидгоҳи шариъат сарватманд ҳисоб мешавад, воҷиб аст. Аз ҷумла далелҳои воҷиб будани қурбонӣ ояти 3-и сураи Кавсар аст, ки Аллоҳ фармуд «намоз бигзор ва қурбонӣ кун» (фасаллили раббика ванҳар! Кавсар – 3)  яъне  намози ъиди қурбонро бихон ва баъди ъид ё намоз қурбонро анҷом деҳ.

Далели дигар ҳадисе, ки Эмом Аҳмад, Ибни Моҷа, Ҳоким бо исноди «Ҳасан» ривоят карданд, паёмбар ҳазрати Муҳаммад (с) фармуд, «касе тавонои қурбониро дорад аммо накард ба намозгоҳи мо наояд!».

Далели дигар «Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз номи паёмбар (с) оварданд, ки касе пеш аз намози ъид қурбониро кушта бошад, пас бояд иъода намояд, яъне қурбониаш дуруст нашудааст ва дубора қурбонӣ кунад, чуноне медонем амри ба иъода ҳангоми тарки воҷиб ҳатмӣ мебошад.

 

 Вақти суннати қурбонӣ

Эмом Бухорӣ ва Эмом Муслим  аз паёмбар (с) фармуданд, ҳеҷ кадоми шумо то намози ъидро нагузаронад, қурбониро накунад. Дар дигар ривоят овардаанд, ки касе пеш аз ъид қурбонӣ кард, ба ҷойи он 1 тойи дигар бикушад. Дар дигар ривоят овард, ки касе пеш аз ъид бикушад, мисле, ки барои хонаводааш гӯшт овардааст ва он қурбонӣ маҳсуб намешавад. Дар дигар ривояте, ки ҳам Эмом Бухорӣ ва Муслим аз Паёмбар (с) оварданд, ки касе пеш аз ъид қурбонӣ кунад, барои худаш кардааст ва касе баъди ъид бикушад, қурбониаш дуруст шудааст ва суннати мусалмононро дарёфтааст.

 

Кадом ҳайвонҳо бояд қурбонӣ шаванд?

 

Ҳайвонҳои қурбонӣ ин шутур, гов, гӯсфанд, буз аст.

Ҳайвонҳое, ки қурбониро намешояд инҳоянд: говҳои ваҳшӣ, оҳу, асп, мурғ.

 

 Сину соли ҳайвонҳои қурбонишаванда

Агар гӯсфанд ё буз  қурбонӣ бикунад, бояд 1-соларо пур карда бошад. Аммо агар буз ё гӯсфанд 6-моҳа бошаду дар ҷисму андом ба 1-сола фарқ накунад, қурбониш дуруст аст. Гов аз 2-сола кам набошад. Шутур аз 5-сола кам набошад. Дар қурбонӣ фарқ надорад, ки моли кушташуда нар бошад, ё мода. Вале моли қурбонӣ бояд фарбеҳ бошад!

Эмом Бухорӣ аз ҳазрати Алӣ (р.) овард, ки Паёмбар (с)  фармуд, «Моли фарбеҳро қурбонӣ кун. Агар худ бихурӣ гӯшти хубе хурдаӣ ва агар ба дигарон бахшидӣ, гӯшти хуберо бахшидаӣ».

 

Айбҳои манъкунанда

Агар 1-чашмаш кур бошад, ё ҳайвон бемор бошад, ё ланг бошад, ки роҳ рафта натавонад, ё пире бошад, ки устухонҳош намоён бошад, дуруст нест, вале агар ҳайвон бе шох  ё шохаш шикаста бошад, қурбониш дуруст аст. 1 чизро низ бояд ба назар гирем, ҳайвонҳое, ки дар шикамашон ҳамл (бача) доранд, қурбонӣ накарданашон хело хуб аст.

 

Қурбонии шарикӣ

Дар гову шутур дар мазҳаби Эмом Абуҳанифа (р) то 7-нафар шарик шуда метавонад. Яъне 7-кас пул мепартоянд, 1- говро харида, қурбонӣ мекунанд, уштур низ ҳамчунин. Агар аз ин 7-нафар якеш нияти қурбонӣ надошта бошад, балки нияти соҳиби гӯшт шуданро дошта бошад, қурбонии ҳамаашон нодуруст мешавад.

Дар вақти қурбонӣ  7-нафар бояд ҳозир бошанд, баъд чорво забҳ шавад.

 

 Бо дасти худ куштани қурбонӣ

Дар ривояти Эмом Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки Паёмбар (с) ҳангоми қурбонӣ кардани 2-гӯсфанди нар ҳар дуро  худ сар буридаанд. Аз ин рӯ бо дасти худ қурбонӣ кардан амри мустаҳаб (савоб) аст. Аммо агар каси дигарро низ бифармоӣ  дуруст аст. Зеро Паёмбар (с) ҳангоми ҳаҷ 100 – шутур қурбонӣ карданд, 63-торо худаш сар бурид,  37-тои дигарро ба ҳазрати Алӣ амр кард, то иҷро кунад.

Агар зан низ бо дасти худ қурбониро бикушад, дуруст аст, агарчи зан дар ҳолати ҳайзу нифос ҳам бошад. Эмом Ҳоким дар Мустадракаш меорад, ки Саҳобаҳои Кабор Абумусои Ашъорӣ духтаронашро дастур медод, ки қурбонӣ дар ҳаҷҷашонро бо дасти худ бикушанд.

 

 Мустаҳаботи қурбонӣ

1.То пухта шудани гӯшти қурбониат чизе нахӯр, аввал чизе, ки тановул кунӣ, бояд аз гӯшти қурбониат бошад.

2. Барои нафаре, ки қурбонӣ мекунад савоб аст, ки мӯйи сар ё баданашро нагирад, нохунҳоша нагирад, то қурбониашро накушад. Яъне 1 амри савоб аст, агар  риъоя накунем ҳам, ҳеҷ гуноҳе  надорад. Яъне карданаш савоб накарданаш гуноҳ  надорад.

3. Ҳайвонро  вақти забҳ азобу машаққат надиҳад, кордро бояд тез кард. Дар ривоят омадааст, ки Паёмбар (с)  шахсеро дид, ки ҳайвонро хобониду пеши чашми ҳайвон кордро тез мекард, Паёмбар (с) ӯро сахт маломат кард ва гуфт чаро пештар кордро тез накардӣ, чӣ мехоҳи ӯро 2-бор бикушӣ?

4. Рӯйи ҳайвонро ба сӯйи қибла бояд гардонд.

5. Ҳангоми куштан «бисмиллоҳ» бо дуъо якҷоя кардан, яъне «Бисмиллоҳ, валлоҳу Акбар, Аллоҳумма  инна ҳаза минка ва лака Аллоҳумма  тақаббал минни».

6. Гушти қурбониро худ бихурад ва ба дигарон низ садақа кунад.

 

 Макруҳоти қурбонӣ

1. Касе гӯшт ё пӯсти қурбониро бифурӯшад, қурбониаш дуруст намешавад. Аммо ҳадя кардани он ё худаш истифода барад, дуруст ҳаст.

2. Музди қассоб аз гушти қурбонӣ низ манъ аст, бояд музди қассобро аз ҳисоби худ бидиҳад.

3. Ба ҷойи қурбонӣ маблағи онро садақа кардан назди Эмом Абуҳанифа нодуруст аст ва қурбониаш аз ӯ соқит намешавад.

4. Касе дар шаҳр ва деҳае зиндагӣ дорад, ки он ҷо намози ҷумъа ва намози ъид мехонанд, қурбониро ҳатман баъди намоз кунад, касе дар деҳае зиндагӣ дорад, ки он ҷо намози ҷумъа  ва ъид нест, қурбониро баъди дамидани субҳи содиқ анҷом диҳанд, дуруст аст; яъне пеш аз намоз.

 

Чанд масоили қурбонӣ

1. Ҳайвоне, ки аксари гӯшаш набошад, қурбонӣ дуруст нест, агар  аз 3-1 ҳиссааш набошаду 2-ҳиссааш бошад, ҷоиз аст, агар гӯшаш аз байн чок карда бошад ҷоиз аст, агар модарзод  ҳайвон бегӯш бошад ё тамоми гӯшаш бурида бошад, қурбонӣ намешавад.

2. Ҳайвоне, ки дум надошта бошад, ё аксари думбаш бурида бошад, ин ҳам қурбонӣ намешавад.

3. Ҳайвонҳои ахташударо  қурбонишон иҷозат аст.

4. Агар  молеро харидӣ ба нияти қурбонӣ пеш аз қурбонӣ  фаҳмидӣ, ки дуздӣ будааст, қурбониш иҷозат нест. Агар забҳ кардиву баъд маълум шуд, соҳибашро розӣ мекунӣ.

5. Пеш аз забҳ ҳатман Бисмиллоҳ Аллоҳу Акбар бояд гӯӣ.

6. Чи гунае, ки ба марди сарватманд қурбонӣ воҷиб аст, бар зани сарватманд низ воҷиб аст.

 Фазилати қурбонӣ

1. Аз ҳазрати Оиша ривоят аст, ки Паёмбар фармуд «ҳеҷ ъамали фарзанди ъодам дар рӯзи ъиди қурбон дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан  маҳбубтар нест. Ҳайвони қурбонишуда рӯзи қиёмат  бо шох ва мӯй ва тамоми аъзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи ҳайвони қурбонишуда мерезад ханӯз бар замин нарасида, савобаш назди Худованд навишта мешавад. Пас ба хушҳоли қурбонӣ кунед» (ривояти ибни Моҷа ва Тирмизӣ).

2. Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р.) аз паёмбар (с) мепурсад, ай расули Худо (с) ин қурбониҳое, ки мекунем, чӣ фазилат дорад? Паёмбар (с) аввал фармуд ин суннати падаратон  Иброҳим (а) аст ва дигар  бар ъивази ҳар мӯйи қурбонӣ дар номаи аъмолатон савоб навишта мешавад. (ибни Моҷа)

Чу Исмоъил зи ҷон  то нагзарӣ монанди Иброҳим,

Ба каъба рафтанат танҳо намояд шод шайтонро.

Касе, к-ӯ рӯзи қурбон  ғайри худро мекунад қурбон,

Нафаҳмидаст ҳаргиз маънию мафҳуми қурбонро!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter