Маданияти халқҳои ҳайати хилофат аз маданияти ҳамзамони аврупоӣ баландтар буд. Бузургтарин хизмати таърихии халқҳое, ки ба ҳайати хилофат дохил буданд, бисёр суннатҳои қадима, хусусан анъанаҳои умумии илмҳои табиатшиносӣ ва фалсафаро, ки донишмандони хилофат, ки ба таври эҷодӣ кор карда мебаромаданд, барои тамоми инсоният “интиқол” намудан аст. Меҳнат ва фаъолияти ин донишмандон барои шинос шудани аврупоиҳо бо комёбиҳои мардуми Шарқ мусоидат карданд. Осори илмии донишмандони Осиёи Миёна ва Эрон ва дигар кишварҳои тасарруфи хилофат на танҳо ба ганҷинаи илму маданияти хилофат балки тамоми инсоният саҳми пурарзише гардидаанд. Таълифот оид ба тиб ҳисоб, ҷадвалҳои нуҷум ва тарҷумаҳои арабӣ аз забонҳои гуногун бо мамолики Ғарб роҳ ёфта, муддати асрҳо вазифаи дастури мӯътабареро адо мекунанд.
Аз ин ҷо бар меояд, ки тамоми мамалакатҳои дар зери тасарруфи хилофат буда, бо вуҷуди доштани маданияту илму фарҳанги хоса, равобити мушаххасе дар байни онҳо дида намешуд. Хилофати арабҳо бошад ин робитаро ба ҳам пайваста сиёсати пешгирифтаи худро амалӣ мегардонд. Вобаста ба ин дар давраи ислом инкишофи илму фарҳанги ин мамолик тақвият ёфт.
Рушди фалсафа ва иқтисодиёт дар хилофат
Масалан, инкишофи пуравҷи фалсафа ва дигар илмҳо ба давраи ислом рост меояд. Дар ибтидои ислом фалсафа танҳо дар Осиёи Марказӣ ва Эрон тараққӣ карда буд. Дар ин давра 1 ҷумла файласуфону олимон ба омӯхтан ва тадқиқи масъалаҳои тиб, риёзиёт, фалсафа ва тарҷумаи осори илмию фалсафии Ҳинду Юнони қадим бо забони паҳлавӣ машғул буданд.
Дар асрҳои VΙΙΙ-X дар хилофати Аббосиҳо тараққиёти иқтисодиёт, сиёсат ва маданият мушоҳида мешавад. Ба ин муносибат корҳои зироат, обёрӣ, саноати ҳунармандӣ ва тиҷорат инкишоф меёбад. Алоқаи маданӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя зиёд мешавад.
Дар давраи ислом марказҳои муҳими фалсафӣ Искандария, Антоқия, Ҳаррон зуҳур карданд, ки барои тарғиби илм роли муҳим бозиданд. Дар ин давра тарҷумаи китобҳои юнонӣ, суриягӣ, санскритӣ сурат гирифт ва вобаста ба он ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ ба вуҷуд омаданд.
Зуҳури Форобӣ ва Сино дар хилофат
Ин ҷараёнҳои нави фалсафӣ-мантиқӣ пайравони равиши мӯътазила, табииюн ва ҳамчунин пайравони мактабҳои ботинӣ ва юнонӣ буданд ва мутафаккирони номӣ, монанди Форобӣ, Абулҳасан Масъудӣ, Иброҳим ибни Синан, Абулфараҷ ибни Исфаҳонӣ, ибни Сино зуҳур карданд, ки дар масъалаҳои гуногуни илм асарҳо навиштанд. Хусусан дар ин давра илмҳои тибӣ ва ҷаҳоншиносӣ ба авҷи дучанд пеш рафт.
Уламои исломӣ маҷмӯи таълимоти исломиро ба 3 бахш тақсим кардаанд:
1.Бахши ақоид, яъне масоил ва маорифе, ки бояд онҳоро шинохт ва бад-он муттаҳид буд ва имон овард, монанди масъалаи тавҳид, сифати зоти таъоло, нубувват ва дигар масъалаҳо. Ва, албатта, фирқаҳои исломӣ дар ин ки чи чизҳо аз усули дин лозим аст ва ба онҳо имон ва эътиқод дошт, то ҳудуде, ки ихтилофи назар доштанд.
2.Бахши ахлоқ, яъне масоил ва дастурҳое, ки дар бораи чи гуна будани инсон аз назари сифати руҳӣ ва хислатҳои маънавӣ, аз қабили адолат, тақво, шуҷоат, иффат, ҳикмат, истиқомат, садоқат, амонат ва ғайра.
3.Бахши аҳком, яъне масоили марбут ба кор ва амал, ки чӣ корҳое ва чи гуна бояд ба анҷом расад, аз қабили намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод, амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар, байъ, иҷора, никоҳ, талоқ, тақсими ирс ва ғайра.
Илми калом,ахлоқ ва фиқҳ
Илме, ки мутасаддии бахши аввал аст илми калом аст ва илме, ки мутасаддии бахши дуюм аст илми ахлоқ номида мешавад, ва илме, ки мутасаддии бахши сеюмро ба зимма дорад, номи илми фиқҳ гирифтааст.
Пайвастани ақвом ва миллати мухталиф ба ислом ба 1 силсила афкор ва андешаҳо ва ҳамзистии аҳолии сарзамини мусулмонншин ва арбоби диёнати дигар, аз қабили яҳудиён, масеҳиён, маҷусиён, собеъин, ки миёни муслимин ва он фирқаҳо рух дод ва махсусан пайдоиши гурӯҳҳое ба номи занодиқа дар ҷаҳони ислом, ки ба таври куллӣ зидди дин буданд, бо таваҷҷӯҳ бо озодие, ки хулафои аббосӣ дода буданд ва пайдоиши фалсафаи олами исломӣ, ки ба навбати худ, шукук, мабрукоте бармеангехт, муҷиб шуд, ки беш аз пеш зарурати таҳқиқ дар манбаҳои имонии исломӣ ва дифоъ аз онҳо дар миёни мусуслмонон бо вуҷуд биёварад ва муҷиби зуҳури мутакаллимони барҷастае дар қарнҳои дуюм, сеюм ва чаҳоруми ҳиҷрӣ гардад.
Зоҳиран, аввалин масъалаҳое, ки миёни мусулмонон ба қилуқол воқеъ шуд, масъалаи ҷабр ва ихтиёр буд ва ин бисёр табиӣ буд, зеро аввалан ин масъала чун бо сарнавишти инсонҳо марбут аст, мавриди алоқаи ҳар инсони болиғи фикрест. Шояд ҷомеъае ёфт нагардад, ки мардумаш ба марҳилаи болиғи фикрӣ расида бошаду ин масъала дар он матраҳ нашуда. Сониян, Қуръон ояти зиёде дар ин замина дорад, ки боиси инкишофи андешаҳо оиди ин масъала мегарданд.
Давом дорад