ХАБАРИ ДОҒ

ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММДАЗОДА: Абуҳанифа дар баҳси қазову қадар

  • Чоршанбе, Сен 28 2022

 

Баъзе мусташриқин маъмулан барои он ки асолати улум ва маъорифи исломиро нафй кунанд, кӯшиш доранд, ба ҳар навъ аст, барои ҳамаи улуме, ки дар миёни муслимин падид омад, решае аз хориҷи дунёи ислом, хусусан аз дунёи масеҳият биёбанд. Аз ин рӯ, кӯшиш, доранд, бар ҳар навъ ҳаст, решаи аслии илми каломро аз хориҷ бидонанд, ҳамчунон назири ин корро дар мавриди илми наҳв, арӯз ва ирфони исломӣ карданд.

Баҳри ҷабр ва ихтиёр, ки зимнан баҳси қазо ва қадар ҳам ҳаст, яъне аз он ҷиҳат, ки ба инсон марбут аст, ҷабр ва ихтиёр аст ва аз он ҷиҳат, ки бо Худо марбут аст, қазо ва қадар аст, худ баҳси адлро ба миён овард, зеро робитаи ошкор миёни ҷабр ва зулм, аз як тараф ва ихтиёр ва адл, аз тарафи дигар дида мешуд.

Баҳси адл баҳси ҳусн ва қубҳи зотии афъолро ба миён овард ва ин баҳс дар навбати худ баҳси ақл ва мустақилоти ақлиро ба миён овард ва инҳо ҳама баҳси ҳикмат, яъне ғоят ва ғарази ҳакимона дошта ва камкам баҳс ба тавҳиди афъол ва сипас ба тавҳиди сифатӣ кашида шуд.

Баҳсҳои каломӣ баъдҳо хело тавсеа ва домана пайдо кард, ба бисёре аз масоили фалсафӣ кашида шуд, аз ҷумла ба баҳс дар ҷавоҳир ва оғоз ва тараккуби ҷисм аз аҷзо лоятаҷаззо ва ғайра. Зеро мутакаллимин тарҳи ин масъаларо ба унвони муққадимае барои масоили марбут ба усули дин, хусусан масоили марбут ба мабдаъ ва маъод лозим мешумурданд.

 

Фиқҳи мазҳабӣ

Мусулмон, ҳамон тавре, ки аз назари фиқҳӣ ва он чӣ марбут аст, ба фуруъи дин ва масоили амали мазҳабҳо ва равишҳои мухталифе пайдо карданд ва аз ин ҷиҳат ба фирқаҳои мухталиф тақсим шуданд:

Ҷаъфарӣ, зайдӣ, ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ, ҳанбалӣ ва ҳар фирқа фиқҳе махсус бо худ дорад, аз назари масоили эътиқодӣ ва чизҳое, ки марбут аст ба имон ва эътиқоди мусалмонон низ фирқа-фирқа шуданд ва ҳар кадом усули эътиқодии махсус ба худ дорад. Аҳами (муҳимтар, заруртар-ред.) мазҳабҳои каломӣ бошад аз шиъа, мутазила, ашъоира, мурҷиа иборат аст.

Лозим аст ба 2 нуқта ишора шавад. Нуқтаи аввал ин аст, ки ихтилофоти муслимин дар масоили каломӣ ва фиқҳӣ на ба он андоза аст, ки паси ваҳдати биниши эътиқодӣ ва равиши амали онҳоро ба куллӣ мутазалзил кунад. Муштаракоти эътиқодӣ ва амалии онҳо он андоза зиёд аст, ки ба муфтариқоти онҳо камтар метавонад зарбаи асосӣ ворид намояд.

Нуқтаи дуюм ин аст, ки ихтилофи фикрӣ ва назарӣ дар ҷомиъаҳо бо ҳама ваҳдатҳо ва иттифоқҳо дар усули фикрӣ набуда аст ва то он ҷо ки мабно ва решаи ихтилофот тарзи истинботҳо бошад на ғаразҳо, муфид ҳам ҳаст, яъне муҷиби таҳҳаррук ва таҷассум ва баҳс ва ковиш ва пешрафт аст. Оре, он ҷо, ки ихтилофот бо таъассубот ва ҷонибдориҳо ва гироишдориҳои бемантиқии эҳсосотӣ тавъам мегардад ва масоили афрод ба ҷои ин, ки сарф дар ислоҳи равиши худ бишавад, сарфи таҳрик ва тӯҳмат ва изтироби рақиб мешавад, муҷиби бадбахтист. Чизе, ки корро осон мекунад, ин аст, ки хавориҷ мунқариз шуданд ва танҳо 1 фирқаи онҳо, ки «иброз» номида мешавад, каму беш пайравоне дорад. Иброзия муътадилтарини фирқаи хавориҷ буд ва ба ҳамин далел то кунун мунқариз нашуд.

Ботиния низ он қадар дар андешаҳои исломӣ бар асоси ботингарӣ дахл ва тасарруф карданд, ки метавон гуфт, ки исломро қалб карданд. Ба ҳамин далел муслимини ҷаҳон ҳозир нестанд, ки онҳоро ҷузъи фирқаҳои исломӣ ба шумор баранд.

 

 Абуҳанифа ҷонибдори фарзанди Алӣ (р.)

Абӯҳанифа дар ҳолати қайди ҳаёт буданаш мавриди туҳмати мухолифон қарор гирифт ва ин туҳмати онҳо чунин буд, ки гӯё ӯ қиёсро бар манбаъҳои дигар бартарӣ медиҳад, аммо ӯ ин иддаоро рад намудааст.

Абӯҳанифа 52-соли ҳаёташро дар даврони ҳукмронии Уммавиён ва 18-солашро дар давраи ҳукумати Аббосиён гузаронид. Давлати Уммавиёнро дар ҳоли пешрафту авҷаш, сипас дар давраи заъфу таназзулаш дарёфт. Давлати Аббосиёнро низ дар марҳилаи ташаккулёбӣ, шуруъ карда аз таблиғоти пинҳониашон дар минтақаҳои шаҳрҳои Форс, то қудратро аз дасти Уммавиён гирифтанашон дарёфтааст. Ӯ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Аббосиён ба сари қудрат омада, ба сари мардум ҳукумати худро ҷорӣ намуда, онро ҳукумати динӣ мепиндоштанд. Зеро халифаҳои сулолаи Аббосиён худро аз рӯи қаробат наздиктарин афрод ба пайғамбар ҳисобида, ихтиёран ё маҷбуран салтанаташонро болои мардум таҳмил мекарданд.

Абӯҳанифа таҳаввулоти сиёсии он замонро шоҳид гашта, бо вуҷуди ширкат надоштанаш дар қиёму шӯришҳои суратгирифта наметавонист мавқеи комилан бетараф дошта бошад. Аксари хабарҳои ривоятшуда доир ба мавқеи Абӯҳанифа нисбати ҳаводиси мазкур далолат мекунад, ки ӯ дар қиёми алайҳи уммавиҳо аз онҳо ҷонибдорӣ мекард.

Абӯҳанифа хуруҷ ба муқобили давлати Уммавиёнро шаръан ҷоиз медонист, агар он аз тарафи шахси сазовори ин ҳақ мисли Зайд ибни Алӣ сурат бигирад. Ӯ бисёр мехост силоҳ бигирад ва ҳамроҳи муҷоҳидон дар он қиём иштирок кунад. Вале ба натиҷаи он бовар надошт, хуб медонист, онҳое, ки зоҳиран худро сарсупурда ва тарафдори фарзанди Алӣ нишон медоданд, оқибат кумак намекунанд. Бо вуҷуди маълум будани натиҷаи манфии ин қиём Абӯҳанифа бо амри виҷдону қалбаш кумаки молии худро аз онҳо дареғ надошт.

 

Давом дорад

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter