ХАБАРИ ДОҒ

ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА: Абуҳанифа ва радди мансаб

  • Чоршанбе, Окт 05 2022

 

Шӯриши Зайд ибни Алӣ бо кушташуданаш дар соли 122-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 740-и мелодӣ ба охир расид.

Охирин волии Уммавӣ Ибни Ҳубайра ӯро барои овардани Абӯҳанифа мефиристад, то ки вазифаи роҳбарии Байтумолро ба уҳда бигирад. Абӯҳанифа ин вазифаро ба ӯҳда намегирад ва Ибни Ҳубайра ӯро барои радди қавлаш чанд тозиёна мезанад. Вақте ки дар Ироқ бар зидди Уммавиён шуру ошӯб бархост, волии Ироқ Ибни Ҳубайра ҳамаи фақеҳонро даъват намуда, ба ҳар яке мансаберо пешниҳод менамояд. Ва аз Абӯҳанифа дархост мекунад, ки дар доруламорат мансаби муҳрдориро ба уҳда бигирад, дар акси ҳол ҷазо хоҳад дод.

 Фақеҳони ироқӣ аз имом хоҳишу дархост менамоянд, ки ба хотири зинда мондан аз ин вазифа даст накашад. Абӯҳанифа хоҳиши онҳоро рад карда мегӯяд, ки:

-Ибни Хубайра масалан фармоне содир мекунад дар бораи қатли мусалмоне ба ноҳақ, маро лозим меояд, ки дар зери имзои ӯ муҳр бимонам. Қатли ноҳақ баъд аз ширк ба Худо гуноҳи кабира аст. Савганд ба Худо, ки ман ин мансабро ҳаргиз қабул надорам.

 

Ҳабс ва ҳиҷрати Абуҳанифа

Аз хабари рад кардан Ибни Ҳубайра ба ғазаб омада, фармон медиҳад, ки Абӯҳанифаро ҳабс кунанд. 2 ҷумъа ӯ дар ҳабс буд ва ходимони зиндон такрори ба такрор қабули мӯҳрдориро аз ӯ дархост менамуданд, ҳамоно рад мекард. Билохира, Абӯҳанифа ба воситаи посбони зиндон аз вай хоҳиш намуд, ки ӯро аз зиндон озод намоянд, зеро лозим аст, ки ӯ дар ин бора бо фақеҳони Ироқ машварат кунад. Ва вақте ки ӯро аз маҳбас озод намуданд, вай ба шаҳри Макка роҳи ҳиҷратро пеш гирифт, ки дар он аём Абӯҳанифа (р) 48-49 сола буд. Дар айёми ҳиҷрати худ ӯ дар доираи олимони шаҳри Макка машғули омӯзиш шуда, илми ҳадисро ба ҳадди аъло фаро гирифт ва дар ин ҷода ангуштнамои замони худ шуд.

 

Бозгашт, зиндон ва фавти Абуҳанифа

 Соли 750 пас аз кашмакашиҳои зиёде халифаҳои Аббосӣ ба сари қудрат омаданд ва аз ин хабар Абӯҳанифа хушҳол шуда, ба шаҳри Куфа бозгашт намуд. Халифаи Аббосӣ Мансур, ки нисбати Абӯҳанифа ихлосу эҳтироми зиёдеро қоил буд, чун нишони ҳадя 70 000 дирҳам ва 1 канизеро ба ӯ пешкаш кард, аммо Абӯҳанифа аз қабули ҳадяи Мансур даст кашид.

Мусибате, ки дар замони Умавиён рух дода буд, бори дигар дар низоми хулафои бани Аббос нисбати Абӯҳанифа такрор шуд. Баъд аз он ки қозии шаҳри Куфа Абулайло аз олам гузашт, Халифаи Аббосӣ Мансур фармон дод, ки Абӯҳанифа, Шарик, Мусъар ва Савриро ба дарбораш ҳозир кунанд. Пеш аз омадани ин 4 тан дар 1 ҷо ҷамъ шуданд. Он чӣ ки Абӯҳанифа ба фаросат дар ҳақи эшон дарёфта буд, баён кард:

“Ман худамро дар назди халифа ҳалок месозам, Суфиён, ту дар роҳ аз чанги маъмурони халифа мегурезӣ ва ту эй Мусъар, худро назди Халифа ба девонагӣ мезанӣ ва аммо ту, эй Шарик, дар дар доми Халифа меафтӣ”

Он пешгӯӣ айнан ба амал омад. Суфиён Саврӣ дар роҳ ба сарбоз гуфт: “Мехоҳам дар гӯшае ба қазои ҳоҷат бишинам”

Суфиён ғоиб аз чашми сарбозон паси деворе, ки аз канори он даре равон буд, нишаст. Дар ин ҳангом киштие аз онҷо мегузашт ва киштибонон ӯро шинохта, бо худ ҳамроҳ гирифта бурданд.

Вақте ки 3 нафари боқӣ ба назди Мансур ҳозир карда шуданд, Мусъар худро ба девонагӣ зад ва ӯро аз маҷлис берун карданд. Навбат ба Абӯҳанифа расиду гуфт:

“Ман Нуъмон фарзанди Собит, ғуломи абрешимфурӯш ҳастам. Мардуми Кӯфа рози нестанд, ки ғуломи абрешимфурӯше қозии эшон бошад”.

Мансур гуфт: “Ту ба ин кор сазовор ҳастӣ”. Абӯҳанифа савганд ёд кард, ки ман ин мансабро ҳаргиз қабул намекунам. Мансур аз сари ғазаб ӯро ҳукм бар зиндон карда, Шарикро қозии шаҳри Кӯфа таъин намуд.

       Дар аёме, ки Абӯҳанифа дар ҳабс буд, халифа ходимони худро назди ӯ мефиристад ва ба исрор талаб мекард, ки вазифаи қозиюлқуззоти хилофатро қабул кунад, аммо ӯ инкор мекард. Мансур амр кард, ки ӯро ҳар рӯз аз зиндон бароварда, 10 шаллоқ (чӯб) зананд ва кас дар кӯчаву бозорҳо саркашии ӯро аз фармони халифа эълон намояд. Ходимони зиндон мувофиқи фармони халифа ӯро дар кӯчаву бозорҳо чарх занонида, шаллоқҳои дарднок мезаданд. Бадани ӯро маҷруҳ мекарданд, то ҷое ки аз он хуни зиёд ҷорӣ мешуд. Абӯҳанифа занҷирбанд лаб зери дандон тоқат мекард. Дар зиндон ба ӯ обу нон намедоданд. 15 рӯз ин амали носавоб идомаёфт.

Абӯҳанифа бо тани фарсуда, бемор аз зиндон озод шуда, баъди чанде вафот кард.

Хулоса, ба вазъияти мушкилу пурталотуми даврони худ нигоҳ накарда Абӯҳанифа дар роҳи пешрафти илму маърифат кушишҳои зиёд карда, тавонистааст таълимоти худро дар бисёр кишарҳои исломӣ ва ғайриисломӣ интишор диҳад.

(Давом дорад)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter